ОШТӢ КОРИ САВОБ, АММО МАСЪУЛИЯТНОК

Вақте тӯйи арӯсӣ барпо мегардад, иштирокдорон ба арӯсу домод тамоми хушбахтиҳои ҳаёт ва мустаҳкамии оиларо таманно менамоянд.

Таъмини фаровонии ҳаёти инсон ба осудагии оила вобаста аст. Ҷудоӣ бошад, на фақат ба зану шавҳар, инчунин ба камолёбии фарзандон, таълиму тарбия, ҳатто ба руҳияти онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Имрӯзҳо аъзои Комиссияи оштии маҳаллаҳо ба пешгирии ҷудошавиҳо саъю ҳаракат мекунанд.
– Барои пешгирии ин ҳолатҳо ҳарчанд нерӯ сарф менамоем, афсуски сафи онҳо кам намешавад. Дар маҳаллаи «Ҷурҷонӣ»-и пойтахт дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷудошавии 4 оила муайян карда шуд. Аз ин бармеояд, ки комиссия хуб кор накардааст, фаъолон фаъолнокӣ нишон надодаанд. Оилаҳо бо сабабҳои гуногун пароканда мешаванд, – мегӯяд фаъоли маҳалла Мунира Қудратова. – Яке аз бефарзандӣ, дигаре бо моҷарои арӯсу хушдоман, сеюмӣ аз бекорӣ ё муҳоҷират ба кишварҳои дигар ҷудо мешавад. Маҳаллаамон сермиллат. Ба онҳо дар фаҳмондани кору фаъолияти Комиссияи оштӣ ва мақсади он душворӣ мекашем. Масалан, оилае, ки ба миллати рус мансуб аст, пароканда шуд. Бо онҳо якчанд маротиба суҳбат оростем. «Ҳуқуқ надоред, ки ба ҳаёти шахсии мо дахолат кунед» мегӯянд онҳо. Саъю ҳаракати мо бенатиҷа монд. Сарварони оилаи дигаре, ки синну солашон аз 50 гузаштааст, фарзандонашон ба балоғат расидаанд, барои ҷудоӣ ариза супурдаанд. Сабабашро пурсем, нуқтаи назари диниашон мувофиқат накардааст – яке яҳудӣ, дигаре масеҳӣ. Бо зану шавҳар суҳбат оростем, шукр, ки оила аз ҷудошавӣ нигоҳ дошта шуд. 
Дар маҳаллаи номбурда бо роҳбарии Раиса Ниёзова чорабиниҳои «Мактаби модарарӯсон» мунтазам баргузор мегардад. Ба қарибӣ бо кӯмаки ин гурӯҳ оилаи ҷавон ба муросо омада, кӯдаконе, ки дар миёни онҳо сарсон буданд, ба оғӯши падару модари худ баргаштанд.
Фаъолияти Комиссияи оштиро беҳуда «кори савоб» намегӯянд. Ба зану шавҳар, арӯсу хушдоман, қудою анда, ки ба аспи ҷаҳл савор шудаанд, роҳ нишон додану ба муросою мадоро даъват кардан кори осон нест. Ҳар як аъзои оила феълу атвори ба худ хос, маданияти муомилаи худро дорад. 
– Ба корҳои оштиамон руҳшинос ва шифокоронро низ ҷалб мекунем,– суханашро идома дод Мунира. – Мо бояд бо мутахассисон ва руҳшиносони Маркази илмиву амалии «Оила» ҳамкорӣ намоем. Онҳо бояд дар чорабиниҳои комиссияи оштии ҳар як маҳалла иштирок кунанд. Боиси хурсандист, ки ҳамкории мо бо ходимони идораи ақди никоҳ хуб ба роҳ монда шудааст. Пеш аз никоҳ масъулони ин идора бо никоҳшавандагон ва падару модари онҳо суҳбат ороста, ба онҳо маълумотномаро доир ба суҳбат месупоранд.
Гуфтан бамаврид аст, ки оштӣ кунонидани оилаҳо натанҳо вазифаи Комиссияи оштист, балки дар ин кори савоб падару модарон, куҳансолон, пурдидаҳо, ҳаққу ҳамсоя бояд ҳиссагузор бошанд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: