ОШЁН ГАР МЕГУЗОРӢ...

Назар ба гуфти модарам, соли 2000-ум, вақте падарам нобаҳангом аз олам гузашт, ман сесола будаам.

Аҳён-аҳён ба хотир меорам, ҳамон рӯзи сахт ҳавлиамон аз одам пур буд, ҳама гиря мекард. Бахусус, фиғони модари муштипарам ба фалак печида буд...
Ӯ мегуфт: «Бо ҳафт нафар кӯдаки ноболиғ чӣ кор мекунам, онҳоро чӣ тавр ба воя мерасонам?»
Ҳамин тавр таҳти ғамхории модарам ва амакҳоям калон шудем.  Модарам ҳаракат мекард, ки аз ҳамсолонамон кам нашавем, ба камию костии рӯзгор босабр бошем.
Дар девори хонаамон сурати падарам бо либоси ҳарбӣ овезон буд. Ҳамин сурат маро водор сохт, ки аз хурдӣ дар дили кӯчаки худ орзуи ҳарбӣ шуданро парварам.
Баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ҳуҷҷатҳоямро ба литсейи академии ҳарбии Самарқанд («Темурбеклар мактаби») супурдам. Соли 2016 литсейро хатм намуда, ба Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон дохил шудам.
Дар академия ба тайёр намудани афсарон, баланд бардоштани усулҳои таълим дар асоси барномаҳои таълими замонавӣ, технологияи пешқадами ахбору коммуникатсионӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ба мо маърӯзаҳои мутахассисони мактабҳои олии бонуфузи мамлакат, муассисаҳои таълими ҳарбии хориҷӣ самара мебахшанд. Дар академия тактикаи ҷанговаронаро, ки ба қалъаи мустаҳкам табдил додани Ватан ва мардонавор ҳимоя намудани он мақсади асосист, меомӯзем. Лейтенантҳо Сардорҷон Содиқов, Мақсуд Отақулов ва дигарон шабу рӯз ҳамчун падар ба мо ғамхорӣ ва ҳамчун устоди сахтгир дар иҷрои машқ ва азхудкунии дарсҳо сарварӣ менамоянд.
Ҳар боре, ки барои дидорбинии модарам ба деҳа меравам, ӯ оби дида рехта бо як соддагии ба худ хос мегӯяд:
– Писарам, хобу хӯрокат, тану барат, шароити зистат чӣ хел? Аз телевизор мебинам, ки ҳарбиён дар кӯҳу дашт, чӯлу биёбон ба хунукию гармӣ нигоҳ накарда машқҳои ҳарбиро иҷро мекунанд. Онҳоро дида «илоҳо саратон аз санг бошад!» мегӯям. Бо устодону рафиқонат хушмуомила бош, худатро эҳтиёт кун!
Медонам, модари озордидаам ҳоло ҳам маро чун кӯдаки аз ҳама хурд навозиш мекунад ва ман ӯро тасаллӣ дода мегӯям:
– Модарҷон, бо хона, либос ва хӯроки гарм ҳамеша таъминем. Дар аудиторияҳои васеъ, равшан ва тозаю озода аз устодони бомаҳорат сабақ мегирем. Китобхонаи дорои хазинаи бузург дар ихтиёри мо – ҳарбиён аст. Ман бо он ифтихор дорам, ки ба мустаҳкам намудани сулҳ ва амнияти Ватан саҳм мегузорам. Боз аз он мефахрам, ки ба чунин касби пуршараф муносиб дониста шудаам.
Дар лаҳзаҳои пазмонӣ туро модарҷон, деҳаам, хоҳару бародарамро ба ёд оварда, байтҳои шоирро, ки дар бачагӣ ҳамдами ман буданд, қироат мекунам:

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор...

Ворисҷон ХАЛИЛОВ,
курсанти бахши сеюми Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: