Осиёи қадимаи «Чойхӯрбобо»-и деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё яке аз мавзеъҳои таърихие ба шумор меравад, ки дар ин вақтҳо бештар таваҷҷуҳи чаҳонгардони хориҷиро ба худ мекашад.
Сайёҳони ватаниро, ки шуморашон солҳои охир хеле афзудаанд, бештар зиёратгоҳҳои Турки Туғон, хокҷою қадамҷойҳои фақеҳони муътабари дини ислом чун Муҳаммад ва Маҳмуди Ғайлонӣ, ҳазрати Султон ба ин самт меоранд. Барои мардуми кишварҳои пешрафта дидани осори атиқа, имороти дастисохти чӯбиву похсадевори деҳот, ҷувозу осиёҳои обии қадима, зисти хеле сода ва дар ҳадди самимияти мардуми русто завқи бештаре мебахшанд. Осиёи обии «Чойхӯрбобо»-и Ғелон ҳам мавриди таваҷҷуҳи онҳо қарор ёфта, аз Чин, Амрико, Фаронса, Олмон, Русия ба тамошояш меоянд. Осиёи «Чойхӯрбобо» бинои чӯбкории қадимае дорад ва дар соҳили рӯди хурӯшони Сафеддарё ҷой гирифтааст. Чун фасли сармо расида, оби ин рӯдхона ях мебандад, осиё ҳам ногузир кори худро қатъ месозад. Он қариб якуним аср боз пойбарҷо буда, ба ин шева мудом дар хидмати бошандагони сарбаланди деҳа қарор дорад.
Ғелон як деҳаи сернуфуси кӯҳистони ин минтақа аст. Мардумонаш (қариб 6000 нафар) саросар тоҷиканд, лаҳни ширину шевое доранд ва аз лаҳҷаи сокинони чанд деҳаи атроф (Сарчашма, Кӯл, Яккахона, Ҳисорак, Тамшуш...) комилан фарқ мекунад. Забони аҳли Ғелон ғолибан ба гӯиши мардуми Эрони имрӯз шабоҳат дошта, мунтазири тадқиқи фарогире аст. Ин деҳаи аз ҳад сабзу хуррам дар иҳотаи кӯҳҳои сарбафалаки Сиём, Умохона ва Аваз мавқеъ дошта, аз маркази маъмурии ноҳияи Шаҳрисабз 87 км дур аст. Вай аз сатҳи баҳр 2000-2500 метр баланд ва иқлими ба худ хосе дорад. Ҳоло кӯҳистони Ғелон ба дастури ҳукуматӣ ворид гардида ва интизор меравад, ки дар солҳои наздик инфрасохтораш комилан тағйир ёбанд. Тибқи дастури нав тарҳҳои ҷолибе рӯи даст қарор доранд ва як идда иншооти тафреҳӣ ҳам сохта хоҳанд шуд, ки минбаъд мавзӯи мақолае дигар хоҳад гашт.
Аммо осиёи обии «Чойхӯрбобо» дар ин қаламрав назир надорад. Қадимсохт аст. Аз баракоти кори муназзами он тӯли 150 сол дасторхони мардум обод аст. Орди ин осиёро қаблан мардуми маҳаллӣ хеле дӯст медоштанд ва то солҳои охир теъдоди корбарони он хеле зиёд буданд. Мардум барои орд кардани гандуми худ навбат мепоиданд. Зеро дар мағозаҳо орди давлатӣ камёб буд ва онҳо ногузир гандумро аз ҳосили деҳқонии худ ба осиёи «Чойхӯрбобо» бурдаву орд мекарданд. Ин усул то замоне роиҷ буд, ки аҳолӣ дар пайдо кардани орди мағозавӣ дармемонданд.
– Ҳоло дар мағозаҳо фаровон гаштани ордҳои навъи гуногун кори осиёи «Чойхӯрбобо»-ро ба мушкил рӯбарӯ кардааст. Яъне шумори мизоҷонаш шадидан коста, аслан дари худро ба рӯи сайёҳони хориҷӣ боз нигаҳ медорад, – мегӯяд осиёбон Қурбонназар Ҳақназаров, марди шастсолаи рӯзгордида ва дар таассуфи ошкор меафзояд: – Акнун бештар барои одамон не, балки ҳайвоноти хонагии онҳо хидмат мекунем. Барои чорводорон ҷаву гандуми ярма истеҳсол мекунем ва онҳо ин маҳсулотро ба чорпоёни худ медиҳанд.
Ба таъкиди осиёбон, одамон дар Ғелон барин деҳоти дурдасти кӯҳистон низ танбал шудаанд ва бештар орди тайёрро аз мағозаҳо харида, нон мепазанд ва усули қадима ва хеле судманди омода сохтани ордро канор гузоштаанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки замоне инсоният қариб чӣ будани маризии қандро намедонист ва ҳамин бемории номаш «ширин» - у фарҷомаш талх дар даврони тараққиёти илмию технологии мо хеле рушд карда, ба сиҳатии инсоният таҳдиди ошкор дорад ва ба яке аз мушкилоти соҳаи тандурустии ҷаҳон мубаддал гаштааст. Ҳоло шумори маризони қанд дар деҳаҳои баландкӯҳ низ кам нестанд. Мутахассисони соҳа дар он назаранд, ки истеъмоли орди осиёҳои қадима ба саломатии мардум хеле муфид буда, маҳз дар эътидол нигаҳ доштани меъёри қанд дар хуни инсон мусоидат мекунад. Ҳоло заводҳои ордбарорӣ маҳсулоти худро чунон меполанд, ки заррае аз пӯсти гандум вориди халта намегарданд. Аммо ҳамин пӯсти гандум, ки ба сифати сабӯс берун афканда мешавад ва минбаъд чун ғизои ҳайвонот ба фурӯш меравад, ба эътидол овардани меъёри қанд дар шарёнҳои одам муфид будааст. Дар осиёи бобоӣ гандум якҷо бо пӯсташ орд мешавад ва нони он хеле хушмазза буда, судманд ҳам ҳаст. Чунин ба назар мерасад, ки инсоният ҳар қадар ба пешрафтҳо ноил мегардад, он қадар ба доми мушкилоти нав мепечад. Кунун осиёҳои обӣ ягон-ягон дар деҳоти дурдасти кӯҳистон фаъол ҳастанд ва таассуф, ки нафъи онҳо кунун ба одам – ин махлуқи бошараф не, балки танҳо ба олами ҳайвонот мерасанд.
– Ҳарчанд дар Ғелон орди осиёгӣ аз корбурд мондааст, баъзе шаҳрнишинон ба нони гандумӣ аз орди осиё таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Сайёҳон аз Тошканду Самарқанд, Бухорову Хӯқанд омада, орди осиёи моро бо худ мебаранд. Ягон неъмати Худо мисли нон аз орди осиё бомазза нест! – бо фахр мегӯяд акои Қурбонназар.
Осиёи «Чойхӯрбобо» дар як рӯз иқтидори ба орд мубаддал сохтани 200 кг гандумро дорад. Агар онро ба ярма мубаддал созад, ҳаҷми истеҳсолаш меафзояд ва ба 250 кг мерасад. Ба шакли ярма баровардани гандум ҷараёни нисбатан содаест ва вақти зиёд масраф намегардад.
Осиёҳои обӣ аз як санг об ба гардиш меоянд. Оби нова паракро гардон мекунад ва тири гардуна табаракро, ки ба ду санги рӯиҳамафтода насб гаштааст. Гандум аз дӯл ба ғалладон мефарояд, аз нӯли шайтонак, ки мудом ларзида меистад, кам-кам ба гулӯи ду санг мерезад ва дар байни ҳамон сангҳои бузург оҳиста суфтаву ба орд мубаддал мегарданд. Як асбоби дигар низ дар поёнтари дастгоҳ вуҷуд дорад ва тавассути он ҳамон ду санги рӯиҳамафтода болову поин мешаванд, яъне андозагир ном дошта, сангҳоро барои орд ва ярма омода месозад.
– Агар гандум ба орд мубаддал нагардад, зуд мефаҳмем, ки дандонҳои сангҳои осиё кунд шудаанд. Дар чунин ҳолат сангҳоро зуд фароварда, дандон мечинем ва онҳо мисли пеш кор мекунанд. Як санги осиё 15-20 сол кор медиҳад. Сангҳоро худамон аз кӯҳҳои наздик интихоб кардаву тарошида меорем, – тарзи кори осиёро шарҳ медиҳад осиёбон.
Қурбонназар ҳафтумин ҳалқаи занҷира аз силсилаи осиёбонҳои «Чойхӯрбобо» мебошад. Вай соли 1964 дар Ғелон ба дунё омадааст. Вазифаи осиёбониро аз падари худ Қурбоналии Ҳақназар қабул карда, инак чор сол аст, ки ин вазифаро сарбаландона иҷро мекунад. Бобои Қурбоналӣ ҳоло мӯйсафеди нуронии 89-сола мебошад. Вай аз соли 1988 то 2020 дар «Чойхӯрбобо» осиёбон буд ва ин вазифаро пас аз реҳлати падари осиёбонаш Ҳақназар Абдурауфи мулаққаб ба Чойхӯрбобо қабул кардааст. Ба нақлҳо, бобои Ҳақназар дар синни 84 аз олам гузашта ва як шахси дар истеъмоли чой беҳамтое будааст. Аз ин рӯ мардум Чойхӯрбобо лақаб гузоштаанд.
– Осиёро ба шарафи аввалин меъмораш не, балки ба номи Ҳақназари Чойхӯр гузоштем, ки шодравон як шахси биҳиштие буд ва коргоҳи худро ба сони фарзандонаш дӯст медошт. Ин шахси бебаҳоро мардуми Ғелон низ зиёда эҳтиром мекарданд. Вай аҷаб меҳрубон ва инсондӯст буд, ба ҳаққи касе бо чашми тамаъ наменигарист. Ҳамин хислати ҳамида ба тамоми аҳли хонадони мо мерос мондааст, – аз рӯзгори он осиёбони пир – ҷадди бошарафи худ ёд меорад Қурбонназар.
Назар ба нақлҳо, осиёи обии Ғелонро Савриддин ном шахс аз ҳисоби маблағи худ солҳои 70-уми асри ХIХ сохтааст. Пас дар замони нобасомониҳои ибтидои асри ХХ сарватманди сахӣ аз Ғелон кӯчида ба деҳаи Миракии ноҳияи Шаҳрисабз рафтааст ва он ҷо як муддат мақому нону ном пайдо карда, баъдан манзили абад ёфтааст. Осиёи обии деҳаи Ғелон минбаъд се осиёбонро аз сар гузаронидааст, ки онҳо Иззатуллоҳ, Шарифи Боён ва Чӯлоқи Нигорак ном доштаанд ва ҳар кадом алоқадри ҳол дар пешбурди корҳо ҳисса гузоштаанд. Се насли охири осиёбонҳо узви як хонадони мӯҳташам буда, Ҳақназари Чойхӯр, Қурбоналии Ҳақназар ва Қурбонназари Қурбоналӣ (Ҳақназаров) ном доранд.
Қурбоналӣ Ҳақназаров ба ҷуз аз осиёбонӣ бо деҳқониву чорводорӣ низ шуғл меварзад. Дар ҳамин дамҳо ба корҳои хоҷагии ӯ ҳамсари меҳрубонаш Қумрӣ Шарифова кумак мерасонад ва дар дуриҳо қарор доштани писари ягонааш Абдуҷамолро (вай дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия аст) номаълум месозад. Ин модари муштипар алоқадри ҳол ба корҳои шавҳари меҳнатдӯсташ дасти ёрӣ дароз мекунад. Онҳо дар назди осиёи деҳа 30 сотих замини кораме дорад, ки ҳосили фаровонаш ниёзи оиларо таъмин мекунад.
Инак «Осиёбони ҳафтум» умедвор аст, ки ба туфайли таваҷҷӯҳи ҳукумат ба соҳаи ҷаҳонгардию сайёҳӣ шумори меҳмонони деҳаи Ғелон беш аз пеш хоҳад афзуд ва ба ин тартиб, осиёи обии «Чойхӯрбобо» низ аз қадами онҳо дубора «ҷон» хоҳад гирифт.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.