Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев 7-9 август аз ин мамлакат бо ташрифи давлатӣ боздид намуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 9 август дар Остона ба вуқӯъ пайваст, иштирок кард.
Дар чорабинӣ, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердор Бердимуҳамедов, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе ба сифати меҳмонони ифтихорӣ иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои минбаъд тезондани ҳамкории бисёрҷанба дар минтақа, аз ҷумла рушди мулоқоти сиёсӣ, пешбурди барнома ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои савдо, сармояҳо, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва экология, фаъолкунии табодули фарҳангиву инсонпарварӣ, ҳамчунин аксуламал ба хурӯҷ ва таҳдидҳои замонавӣ баррасӣ шуданд.
Роҳбари Ӯзбекистон дар суханронии худ ба саъю кӯшишҳои умумӣ бобати таҳкими ягонагӣ ва ваҳдат, вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷанба дар минтақа баҳои баланд дод.
– Мулоқоти ошкоро ва пурмаҳсули мо, пеш гузоштани ташаббусҳои муҳим, ба роҳ мондани лоиҳа ва барномаҳои серҷанба, миқдори зиёди чорабиниҳои муштарак ва ғайра симо ва нуфузи минтақаро куллан тағйир доданд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Зикр шуд, ки кишварҳои минтақа барои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра ҳамкории пурсамартар доранд. Ҳаҷми савдои тарафайн, сармояҳо, боркашонӣ, мусофиркашонӣ чандин карат зиёд шуд. Аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ рағбат ба минтақа хеле афзуд, аз ин хусус мулоқотҳои мухталиф дар шакли «Осиёи Марказӣ плюс» шаҳодат медиҳанд.
– Алҳол мо аллакай метавонем бо эътимод дар бораи оғози ташаккулёбии махсусияти умумиминтақавӣ сухан гӯем, – изҳор дошт Президенти Ӯзбекистон.
Роҳбари давлат пешниҳоди ҳамкорони худро бобати ба роҳ мондани механизм ва идораҳои ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти ҳамоҳангсозони миллӣ, вазорати идораҳои соҳавиро дастгирӣ намуд. Ӯ дар давраи мазкур муҳимияти воситаҳои муассири татбиқсозии қарорҳои қабулшуда ва пешбурди идораҳои муштаракро қайд кард.
– Фурсати якҷо баррасӣ кардани масъалаҳои минбаъд такмил додани шакли Вохӯрии машваратии мо барои амиқсозии қаробати минтақавӣ ва сарпурсозии рӯзномаи шарикии дарозмуҳлат расидааст, – изҳор дошт роҳбари Ӯзбекистон.
Бо ин мақсадҳо дар кишвари мо гузаронидани ҷамъомади навбатии Анҷумани коршиносони Осиёи Марказӣ барои коркарди тавсия ва таклифҳои асосӣ бинобар масъалаҳои мазкур пешниҳод карда шуд.
Ба вазъияти кунунии ҷаҳон дахл намуда, Президенти Ӯзбекистон зикр сохт, ки Осиёи Марказӣ бинобар мавқеи сиёсиаш оқибатҳои нохуши буҳрони ҷаҳонии эътимод ва шиддати зиддиятҳоро дар худ комилан эҳсос менамояд.
Ҳалқаи анъанавии тиҷоративу нақлиётӣ хароб шуд, кишварҳои минтақа пойбанди сиёсати санксионӣ гардиданд, бозистии логистикӣ ба дараҷаи назаррас афзуд, шиддати муфлисӣ зиёд мегардад, имкониятҳо дар бозори ҷаҳонии сармоя коҳиш меёбанд, протектсионизм пурзӯр мешавад ва монеаҳои нав ба нав ба миён меоянд.
Ғайр аз ин масъалаҳои вобаста ба рушди вазъият дар Афғонистон ба нақшаи дуюми рӯзномаҳои байналхалқӣ гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки беҳбуди кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба саъю кӯшишҳо ва тайёрӣ ба ҳамкории қарин, қабул кардани чораҳои қатъӣ ва якҷо пеш бурдани манфиатҳои минтақа вобаста мебошанд.
Бо дарназардошти таҳлили таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ба рушди устувори Осиёи Марказӣ Президенти Ӯзбекистон як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалии тарафайни минтақавиро мушаххас намуд.
Дар навбати аввал зарурияти муҳаррикҳо ва усулҳои нави рушди шарикии иқтисодӣ барои пешомади дарозмуҳлат қайд карда шуд.
– Кишварҳои мо шарикони табиии савдо ба шумор мераванд, иқтисодиёти миллӣ якдигарро пурра мекунанд, – зикр кард Шавкат Мирзиёев.
Ҳамзамон дар савдои дохилиминтақавӣ алҳол саҳми мубодилаи умумии молҳои кишварҳои мо ночиз аст.
То ҳанӯз бобати ташаккул додани минтақаи комили савдои озод дар минтақа монеаҳо мавҷуданд.
Таъкид шуд, ки мувофиқи таҳлилҳо қабул кардани чораҳои аввалиндараҷа имкон медиҳанд ҳаҷми савдои тарафайн дар панҷ соли наздиктарин ду баробар таъмин карда шавад.
Дар байни онҳо аз байн бардоштани монеаҳои тарифӣ ва ғайритарифӣ, аз ҷониби тарафайн эътироф гардидани сертификатҳои мувофиқсозӣ ва ҳудудикунонии регламентҳо, рақамикунонии амалиёти гумрукӣ ва тартиботи фитосанитарӣ, баррасии имкониятҳои тарафайни сабуксозии дастёбӣ ба харидҳои давлатӣ мавҷуданд.
Дар ин маврид дар пешомади дарозмуҳлат ташаккул додани Бозори ягонаи минтақавӣ бояд мақсади стратегӣ бошад.
Барои баррасии тамоми масъалаҳои мазкур роҳбари давлати мо пешниҳод намуд, ки Шӯрои иқтисодӣ – мулоқоти мунтазам дар сатҳи муовинони Сарвазирҳо ташкил карда шавад.
Ӯзбекистон омода аст чунин мулоқотро соли оянда баргузор кунад ва дар доираи он Ҳафтаи шарикони тиҷоратии Осиёи Марказиро бо ташкил додани Анҷумани минтақаҳо ва конфронси соҳавӣ, бозор – намоишгоҳи иқтидори саноатӣ, муаррифии имкониятҳои содиротӣ гузаронад.
Ба масъалаҳои рағбатноккунии кооператсияи саноатӣ эътибори алоҳида дода шуд. Дар соҳаи мазкур аллакай мисолҳои бомуваффақият, аз ҷумла минтақаҳои махсуси ҳамкории наздисарҳадӣ, лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли автомобилҳои замонавӣ, электроникаи маишӣ, воситаҳои доруворӣ, кластерҳои аграрӣ ва бофандагӣ, марказҳои логистикӣ ва иншооти инфрасохторӣ мавҷуданд.
– Мо саъю кӯшишҳоро муттаҳид карда, метавонем Харитаи ягонаи саноатикунонии минтақаро бо созмон додани силсилаҳои ками арзиши иловагӣ ташаккул диҳем, сармоя ва технологияи ширкатҳои пешқадами байналхалқиро ҷалб намоем, шаклҳои нави кооператсияро ҷорӣ кунем, – таъкид сохт роҳбари давлати мо.
Дар самти мазкур таъсис додани Шӯро дар сатҳи вазирон ва тайёр намудани ҳуҷҷати барномавӣ пешниҳод гардид.
Масъалаҳои таъсис додани Шӯрои сармоявии Осиёи Марказӣ, бонки рушди инноватсионӣ, ҳамчунин мунтазам баргузор кардани анҷуманҳои муштараки сармоявӣ низ пешомаднок дониста шуданд.
Рушди шабакаҳои дохилиминтақавии нақлиётиву коммуникатсионӣ ба сифати боз як самти афзалиятноки ҳамкорӣ қайд карда шуд. Ба он чиз эътибор дода шуд, ки бинобар хусусияти ҷуғрофии минтақа саҳми харҷ барои кашондани борҳои савдои хориҷӣ аз арзиши ниҳоии молҳо то ба 50 фоиз меафзояд, ки нисбати нишондиҳандаи миёна чаҳор-панҷ баробар бештар аст.
Вобаста ба ин муносибати мунтазам ба масъалаҳои ташаккул додан ва ҷорӣ намудани сиёсати муваффақонаи тарифӣ, истифодаи имтиёз ва сабукиҳо барои дастгирӣ намудани боркашонҳои миллӣ, бозсозии шабакаҳои нақлиётӣ ва инфрасохторӣ, зиёд кардани иқтидори гузаргоҳии бунгоҳҳо дар сарҳад, рақамикунонии сектори нақлиёт тақозо мегардад.
Ба зарурияти ҳамоҳангсозии соҳаи таъмин кардани амнияти озуқаворӣ эътибор дода шуд. Мувофиқи баҳои коршиносони Бахшҳои хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд нафақат талаботи худро бинобар хелҳои асосии маҳсулоти озуқаворӣ таъмин кунанд, балки боз дар бозори байналхалқӣ мавқеи мустаҳкамро ишғол намоянд.
Барои ин сарвари Ӯзбекистон муҳимияти ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолоти аграрӣ, технологияҳои обмасрафкунӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, инкишоф додани коркарди амиқ, пурзӯр кардани корҳои илмии соҳаи тухмипарварӣ, созмон додани кластерҳо ва фермаҳои «соҳибидрок»-ро қайд кард.
Ба мақсади коркарди Стратегияи минтақавӣ дар соҳаи мазкур баргузор намудани мулоқоти вазирони хоҷагии қишлоқи минтақа ба сифати Анҷумани байналхалқӣ оид ба таъмин сохтани амнияти озуқавории кишварҳое, ки роҳи ба баҳр баромадан надоранд, ки моҳи сентябри соли равон дар Тошканд баргузор мегардад, пешниҳод шуд.
Роҳбари давлати мо ба мушкилоти тағйирёбии иқлим эътибори махсус дод. Бинобар суханони ӯ ҳарорати ҳаво боло меравад, обшавии яхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо, тӯфони чангу ғубор ва бисёри дигар хурӯҷҳо ба кишварҳои минтақа то ҳол зарари ҷиддӣ мерасонанд.
– Дар ҷараёни Ҳамоиши пешистодаи оид ба иқлим, ки моҳи ноябри ҳамин сол дар Озарбойҷон ба вуқӯъ мепайвандад, кишварҳои мо метавонанд бо мавқеи ягона баромад кунанд. Сухан дар бораи баргузор кардани муаррифии муштараки вазъиятҳои экологӣ дар минтақа барои ҷалби эътибори ҷомеаи байналхалқӣ, фондҳо ва ташкилотҳои ҳомӣ ба ҳаллу фасли ин мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла фоҷиаи Арал меравад, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки Барномаи рушди устувори Осиёи Марказӣ ва Стратегияи минтақавии истифодаи сарфакоронаи захираҳои оби дарёҳои назди сарҳадӣ коркард ва қабул карда шаванд.
Шарикӣ дар соҳаи энергетика самти асосии ҳамкории тарафайни кишварҳои минтақа зикр гардид. Алҳол як қатор лоиҳаҳои стратегӣ бобати тезондани генератсияи энергияи электр ва содироти он ба кишварҳои сеюм дар миқёси минтақавӣ коркард мешаванд.
Ғайр аз ин бинобар рушди энергетикаи атомӣ, зиёд намудани расондадиҳии карбогидридҳо нақшаҳо мавҷуданд.
Президенти Ӯзбекистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи рушди мубодилаи сермаҳсули байни парлумони кишвароҳи минтақа баҳои баланд дод. Вобаста ба ин вай таклиф намуд, ки моҳи оянда дар шаҳри Хива Анҷумани навбатии байнипарлумонӣ гузаронида шавад. Роҳбари давлати мо ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи инсондӯстӣ дахл намуда, қайд кард, ки «бо дарназардошти умумияти мероси фарҳангиву таърихӣ бояд барои дар аҳолӣ инкишоф додани эҳсоси дахлдорӣ, ҳамҷиҳатӣ бо дарки масъулияти умумӣ барои ояндаи минтақа эътибор дода шавад».
Дар самти мазкур ҳарчи зудтар ба истифода супурдани Платформаи байналхалқии матбуотии «Таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ: гузаштаи ягона ва ояндаи умумӣ» қадами муҳими амалӣ мегардад.
Ба мақсади таҳкими минбаъдаи ҳусни тафоҳум ва ҳамҷиҳатии халқҳои минтақа гузаронидани Анҷумани илмӣ бахшида ба ҷиҳатҳои амалии ташаккул додани хусусияти минтақавӣ пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки мунтазам гузаронидани Озмуни ғоя ва лоиҳаҳои сармоявии ҷавонони минтақа ба пешбурди «Рӯзномаи ҷавонони Осиёи Марказӣ – 2030» ва ҷалби насли ҷавон ба барномаҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Президенти Ӯзбекистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таълим бо як қатор ташаббусҳо баромад кард. Муҳимияти қабул кардани Барномаи мубодилаи таълимӣ ва академии Осиёи Марказӣ, коркарди Шартнома дар бораи эътирофи тарафайни дипломи мактабҳои машҳури олӣ, дар асоси тарафайн ҷудо кардани стипендияҳо барои таълими донишҷӯёни соҳибистеъдод таъкид шуд.
Барои ҳамаҷониба баррасӣ намудани масъалаҳои мазкур моҳи октябр дар Тошканд ташкил кардани Анҷумани аввалини таълимии Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.
Соҳаи сайёҳӣ ба сифати муҳаррики нави шарикии минтақавӣ муайян гардид. Ба мақсади вусъат додани табодули сайёҳӣ омӯхтани масъалаҳои эътирофи тарафайни кортҳои ID-и миллӣ ва коркарди маҳсулоти умумии сайёҳӣ бинобар раванди «як саёҳат – тамоми минтақа» пешниҳод карда шуд.
Дар анҷоми суханронии худ Президенти мамлакати мо қабул шудани Консепсияи рушди ҳамкории тарафайни минтақавиро дар давраи то соли 2040-ум дастгирӣ намуд, ҳамчунин таклиф кард, ки Муоҳидаи бисёрҷанба дар бораи шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ дар Осиёи Марказӣ тайёр карда шавад.
Сарвари Ӯзбекистон изҳори бовар намуд, ки натиҷаҳои пурмаҳсули вохӯрии кунунӣ ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкории нек дар Осиёи Марказӣ, вусъатёбии ҳамкориҳои амалии тарафайн ба манфиати халқҳои минтақа хидмат хоҳад кард.
Президент ҳамчунин ҳамкорони худро ба Ӯзбекистон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соли оянда таклиф кард.
Дар доираи Вохӯрии машварати навбатӣ маросими тантанавии ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурдани Нишони ифтихории сарони давлатҳои мамолики Осиёи Марказӣ барои хидматҳои бузург дар рушди дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва ҳусни тафоҳуми байни давлатҳои минтақа доир гардид.
Роҳбари давлати мо ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ миннатдорӣ баён карда, таъкид намуд, ки ин мукофоти олӣ эътирофи комёбиҳои умумӣ дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва шарикии стратегии кишварҳои мо ба шумор меравад.
– Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва саъю кӯшишҳои муштарак алҳол Осиёи Марказӣ ба соҳати ҳамсоягии нек, ҳамкории муфиди тарафайн ва пешрафти устувор мубаддал мегардад, – зикр кард дар суханронии худ Шавкат Мирзиёев.
Дар натиҷаи корҳои ҳамоҳанг ҳаҷми мубодилаи мол ва сармояҳо чандин баробар зиёд шуданд, лоиҳаҳои васеъмиқёси кооператсионӣ татбиқ мегарданд, минтақаҳои савдои назди сарҳадӣ, силсилаи арзиши иловагӣ, инфрасохтори замонавии нақлиётӣ ва энергетикӣ созмон дода мешаванд.
Эҳсоси ягонагӣ ва хусусияти минтақавӣ торафт мустаҳкам мегардад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ин тағйироти мусбатро шаҳрвандони кишварҳои минтақа дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ эҳсос менамоянд.
Қайд гардид, ки ба шарофати мустаҳкам шудани ин субъекти байналхалқӣ ва ҷолибияти олии минтақа вай ба маркази иқтисодиёти фаъол, пули нақлиётиву коммуникатсионие, ки Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷанубро мепайвандад, табдил меёбад.
Роҳбари давлати мо махсус таъкид сохт, ки бинобар мунтазам татбиқ намудани ташаббусҳои муҳим ва қарорҳо ҷараёни қаробати кишварҳои минтақа ҷиҳати устувор, мустақим ва бебозгашт пайдо кард.
Дар анҷоми суханрониаш барои мукофоти олӣ ба ҳамкорони худ бори дигар миннатдорӣ баён намуда, Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, ки ба минтақаи сулҳпарвар ва шукуфон табдил додани Осиёи Марказӣ ҳамеша мақсади афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон боқӣ мемонад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии ӯзбекистониву туркманистонӣ баррасӣ шуданд.
Натиҷаҳои пурмаҳсули ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои корӣ, ҳамчунин намоишгоҳи маҳсулоти Туркманистон, ки моҳи июли соли равон дар Тошканд баргузор шуд, бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Ба масъалаҳои зиёд кардани ҳаҷми савдои тарафайн ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсионӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла дар саноат, энергетика, сектори аграрӣ, соҳаи нақлиёт эътибори махсус дода шуд.
Муҳимияти вусъат додани робитаҳои байниминтақавӣ ва фаъолтар кардани барномаҳои мубодилаи фарҳангиву инсонпарварӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин бинобар масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.
Бо ҳамин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба поён расид.
ӮзА.