ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ИСТИҚБОЛИ НАВИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ

15 март дар шаҳри Тошканд анҷумани аввалини иқтисодии Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ омад.

Дар ин анҷумани нахустин, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташкил гардид, намояндагони ҳукуматҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон масъалаҳои боз ҳам ривоҷ додани ҳамкории иқтисодӣ дар байни давлатҳои минтақа, баланд бардоштани ҷозибанокии ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ ва сайёҳиро муҳокима намуданд.
Дар аввали анҷуман ҳаллу фасл намудани масъалаҳои технологӣ ва инноватсионӣ дар ҷанбаҳои муҳим, диверсификатсияи содирот, таъмини барқарории иқтисодӣ ва бехатарӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва бо ин мақсадҳо зарурияти пурзӯр намудани ҳамкории минтақавӣ таъкид гардид.
– Дар солҳои охир дар Осиёи Марказӣ боварӣ ба ҳамдигар ва муносибати некҳамсоягӣ пурзӯр гардид, – гуфт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э.Ғаниев. – Дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика робитаҳо рӯ ба инкишофанд. Хусусан соли 2018 ҳаҷми табодули мол байни ҳамдигар 35 фоиз зиёд гардид. Сарфи назар аз ин, натиҷаҳое, ки дар соҳаи тиҷорату иқтисодиёт ба даст меоянд, ба салоҳияти мамлакатҳоямон муносиб нест.
Тавре ки қайд гардид, дар назди мамлакатҳои минтақа вазифаҳои боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзудани имконоти тронзит ва бо мақсади рушди марказҳои нақлиёт боз ҳам шароити муносиб фароҳам овардан, ба вуҷуд овардани инфрасохтори ногузир қарор доранд.
Дар анҷуман ба масъалаҳои такомули низоми нақлиёт ва логистикае, ки имкони ба бандаргоҳҳои баҳрӣ ва бозорҳои ҷаҳон баромаданро медиҳад, аз ҳисоби босамар истифода намудани салоҳияти мавҷудаи сайёҳӣ афзудани саҳми ин соҳа дар иқтисодиёт эътибори алоҳида нигаронда шуд.
– Бо ташаббуси роҳбарони давлатҳои минтақа доир ба васеъ намудани даҳлезҳои нақлиётии байналхалқӣ кӯшишҳо фаъол гардиданд, – гуфт муовини вазири молия ва иқтисодиёти Туркманистон Э.Аннамуҳаммедов. – Ҳамзамон, даҳлезҳои нақлиётии байналхалқие, ки аз Осиёи Марказӣ мегузаранд, ташкил мегарданд.
Соли 2017 Афғонистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия дар бобати ба вуҷуд овардани даҳлези нақлиётии «Лоҷувард» ба аҳду паймон ноил гардиданд. Бино бар он, аз тариқи роҳҳои автомобил ва оҳан шаҳри Торкундӣ (Афғонистон) бо шаҳрҳои Ашқобод ва Туркманбошӣ пайваст мегарданд. Ҳамин тариқ, ин даҳлез бо низоми нақлиётии Аврупо пайваст мегардад.
Дар ҷамъомадҳои шуъбаҳои анҷуман дар бобати васеъ намудани ҳамкории тиҷоративу сармоягузории бисёрҷанба, ҷозибанокии сайёҳии Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани салоҳияти нақлиёт ва транзит пешниҳодҳо омӯхта шуданд. Хусусан, ҷониби Ӯзбекистон дар бобати дар Осиёи Марказӣ ҷорӣ намудани визаҳои «Шенген», «Роҳи абрешим» ташаббус зоҳир намуд. Намояндагони Қазоқистон дар бобати беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар минтақа, роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи кайҳон пешниҳодҳо иброз намуданд.
– Дар ҳоле ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ саҳми тиҷорат имрӯз авҷ мегирад, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, дар қадами аввал, бояд стратегияи беҳсозии муҳити сармоявии минтақаро таҳия намоянд, – гуфт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷ.Қосимбек. – Ин вазифа дар бобати пурзӯр намудани имконияти байналхалқии тиҷоратии минтақа барои андешидани чорабиниҳои дақиқ низ имкон медиҳад.
Дар анҷуман ташаббусҳо дар ростои дар минтақаҳои озоди мавҷудаи минтақа ба амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, дар соҳаҳои пешбари иқтисодиёт ташкил намудани корхонаҳои муштарак, васеъ намудани даҳлезҳои нақлиёти байналхалқӣ пешбарӣ гардиданд.
Дар доираи анҷумани якумини иқтисодии Осиёи Марказӣ биржаи кооператсияи доираҳои соҳибкории мамлакатҳои минтақа, дар «Ӯзэкспомарказ» намоишгоҳи истеҳсолгарони миллӣ ташкил гардид.
Аз рӯи натиҷаи анҷуман ҷонибҳо изҳороти муштаракро ба имзо расонданд.

Малоҳат ҲУСАНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: