18 октябр дар Институти байналхалқии Осиёи Марказӣ (ИБОМ) таҳти мавзӯи «Ӯзбекистони Нав ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» анҷумани илмию амалии байналхалқӣ баргузор гардид.
18 октябр дар Институти байналхалқии Осиёи Марказӣ (ИБОМ) таҳти мавзӯи «Ӯзбекистони Нав ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» анҷумани илмию амалии байналхалқӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ таҳти ҳамкорӣ бо Бунёди ба номи Конрад Аденауэри Олмон рӯи кор омад.
Дар ҷамъомад директори ИБОМ А.Носиров, ҷонишини аввали Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Саидов (ба тарзи онлайн), ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷӣ Ф.Арзиев, директори иҷрогари «Стратегияи тараққиёт» Э.Туляков, намояндаи ваколатноки Бунёди ба номи Конрад Аденауэр оиди Осиёи Марказӣ Р.Хайне, роҳбарони ваколатхонаҳои дипломатии дар Ӯзбекистон номнависшудаи Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Ҷамъомадро директори ИБОМ А.Носиров ҳусни ифтитоҳ бахшид ва таъкид сохт дар ба амал баровардани сиёсати оқилона ва конструктивии беруна, рушди муносибатҳои дӯстона ва ба ҷонибҳо манфиатбахш байни давлатҳои минтақа натиҷаҳои эҳсосшаванда ба даст оварда шуданд.
Нотиқон алоҳида қайд карданд, дар давраи истиқлолият Ӯзбекистон дар равнақи сиёсӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои дигар, ҳамчунин сохтори давлатию ҷамъиятӣ дастовардҳои бузургро ноил гашт. Суръати дигаргунсозиҳои азим тӯли панҷ соли охир таҳти ибораи «Ӯзбекистони Нав» возеҳ инъикос ёфт.
Ҳамчунин зикр гашт, дар асоси тамоюли «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунад», ки маънову сифати асосии ислоҳот ва консепсияи онро ташкил менамояд, корҳои муҳим ба амал бароварда шуданд, ки ин бағоят аҳамиятнок аст.
Баромадкунандагон таъкид сохтанд, ки Ӯзбекистон дар баробари ноил шудан ба комёбиҳои намоён дар соҳаи сиёсати хориҷӣ муносибатҳои некҳамсоягиро бо давлатҳои минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ривоҷу равнақ бахшид. Имконият фароҳам омад, ки бисёр монеаҳои ба равобит ва муносибатҳои тарафайн халалрасонанда аз байн бардошта шаванд, муҳити сиёсии куллан нав дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул ёбад ва равуоҳо ба мустаҳкамшавии риштаи меҳру оқибати халқҳое, ки аз қадим дар як минтақа умр ба сар бурда омадаанд, замина офаранд.
Татбиқи сиёсати хориҷии оқилона боис мегардад, ки Осиёи Марказии барқарор ба яке аз марказҳои рушди иқтисодӣ табдил ёбад. Айни замон, назар ба фикри экспертҳо, дар давоми чаҳор соли охир ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилии мамлакатҳои минтақа наздик ба 25 фоиз боло рафт ва ба 300 миллиард доллар расид. Дар айни ҳол гувоҳ мегардем, ки тиҷорати байниминтақавӣ рӯ ба равнақ ниҳодааст. Дар кооператсияи саноатӣ лоиҳаҳои муҳими муштарак татбиқ меёбанд. Хусусан, дар соҳаҳои нақлиёт, транзит, энергетика ва истифода аз захираҳои об ҳамкориҳо торафт мазмуни тоза пайдо мекунанд.
Роҳбари ваколатхонаи Бунёди ба номи К.Аденауэр оиди Осиёи Марказӣ Р.Хайне дар нутқи худ мавқеи Ӯзбекистонро дар майдони байналхалқӣ алоҳида қайд кард. Ҳамчунин гуфт обрӯ ва нуфузи ин кишвар торафт боло рафта, созмонҳои байналхалқии пешбар ба он эътибор менигаронанд. Хусусан дар майдони Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бинобар татбиқи ислоҳот дар соҳоти гуногун ба пешравиҳо ноил шуда, бо ҳамсоядавлатҳо оиди ҳамаи соҳаҳое, ки устуворӣ касб кардаанд, аз наздик ҳамкорӣ менамояд. Бунёди ба номи К.Аденауэр бошад, дар навбати худ баҳри васеъсозӣ ва амиқгардонии муносибатҳои ба ҷонибҳо манфиатбахш ҳарҷониба кӯмаки молиявӣ мерасонад.
Ба амал бароварда шудани нақшаҳои муҳими инноватсионӣ ва ҳамгароӣ ба торафт фаровон зиндагӣ кардани халқҳои Ӯзбекистон, таҳкими робитаҳои дӯстона байни халқҳои гуногунмиллати Осиёи Марказӣ замина фароҳам меоварад. Чи тавре ки директори Институти тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Шаукенова қайд кард, минтақаи Осиёи Марказӣ баҳри ҳамроҳӣ ба ҷараёнҳои ҷаҳон заминаи хуби истиқболиро молик аст. Байни ду давлат – Қазоқистон ва Ӯзбекистонро риштаҳои мустаҳкам мепайванданд. Айни вақт ин ду кишвар дар равнақи робитаҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ нақши муҳим мебозанд. Ҷуз ин Қазоқистон ба ташаббусҳои Тошканд ва ислоҳоти васеъмиқёси он баҳои баланд медиҳад.
Назар ба таъкиди ректори Институти робитаҳои байналхалқии назди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Ҷ.Гурбангелдиев, (ба тарзи онлайн) муносибатҳо байни Туркманистон ва Ӯзбекистон торафт мустаҳкамӣ касб менамоянд. Хусусан, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, маданию гуманитарӣ равнақ ёфта, дӯстии адабӣ ба дӯстии абадӣ табдил меёбад.
Президенти Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия Е.Пивовар ба тарзи онлайн изҳор кард, ки Ӯзбекистон дар ҳудуди иттиҳоди собиқ иқтидори хоси интегратсиониро молик аст. Ин кишвар дар сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мавқееро ишғол менамояд, ки аз он тамоми минтақа манфиат бардошта, ба ҳамдигарфаҳмӣ ва некҳамсоягӣ бештар майл менамояд. Айни ҳол ӯ қайд намуд, барои ба дараҷаи боз ҳам баландтар бардоштани интегратсияи иқтисодӣ пурзӯртар сохтани амнияти минтақавӣ ва ҳамкории гуманитарӣ хеле муҳим. Ин бошад, дар навбати аввал тараққӣ додани илму фанро тақозо менамояд, гуфт дар фуроварди сухан эксперт.
Ҷонишини директори Институти миллии тадқиқотҳои стратегии Қирғизистон Ё.Чечейбоев қайд кард, имрӯзҳо баҳри равнақ бахшидан ба Осиёи Марказӣ, ҷавоби муносиб додан ба таҳдидҳо ва ҳалли якҷояи муаммоҳои умумӣ кор карда баровардани барномаҳои муштарак, ҳамҷиҳатию ҳамфикрӣ байни халқҳо хеле муҳим аст.
Раиси Институти Осиёи Марказӣ ва Кавказ (ИМА) Ф.Старр дар нутқи худ «Ӯзбекистон дар муносибат ба давлатҳои минтақа ҷонибдори шарикии баробарҳуқуқист» гӯён таъкид кард ва инро баланд арзёбӣ намуд.
Мутахассиси пешбари Институти байналхалқии тадқиқотҳои Осиёи Марказӣ А.Фейзуллаев ба сиёсати Ӯзбекистон ҷиҳати омӯзиши мероси таърихию мадании мамлакат ва минтақа, нигоҳдошт, истифода ва оммависозии арзишҳои фарҳангӣ баҳои баланд дод ва гуфт, анҷумани байналхалқии археологӣ таҳти мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддун», ки дар доираи форуми мадании байналхалқӣ 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Нуқус рӯи кор омад, ба рушди археология дар минтақа, муттаҳидсозии афкори муҳаққиқу олимон ҳамчун майдон хидмат намуд.
Баромади Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода доири самараи дилхоҳ бахшидани ҳамкориҳои ҳарҷониба байни ду ҷумҳурӣ эътибори иштирокдоронро ба худ кашид. Вай гуфт маънои тоза пайдо кардани муносибатҳоямон дар самтҳои илмию тадқиқотӣ дар сарзамине, ки алломаҳояш дар рушди тамаддуни ҷаҳон саҳми арзанда гузоштанд, аҳамияти таърихӣ касб менамояд.
Ҷонишини мудири шуъбаи таҳлил ва пешгӯии сиёсати берунии Маркази сиёсати хориҷии Тоҷикистон М.Абдуҷабборов қайд кард, ки дӯстӣ байни Тошканд ва Душанбе таърихи бештар аз ҳазорсола дорад. Дар панҷ соли охир ҳамкориҳои ба ду ҷониб манфиатбахш ба давраи нави тараққиёти худ ворид гашт. Ӯ гуфт: «Ҳамкории имрӯзаи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро метавон модели намунавии шарикӣ номид».
Иштирокдорони анҷуман баҳри ба амал баровардани лоиҳаҳое, ки ба рушди иқтисодии минтақа, мустаҳкамсозии робитаҳо дар соҳаҳои гуногун, муборизаи якҷо алайҳи таҳдидҳо ва ҳамроҳ ҳал кардани муаммоҳои мавҷуда нигаронида шудаанд, таклифҳои аниқ пешниҳод намуданд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири
«Овози тоҷик».