ОСИЁИ МАРКАЗӢ – МИНТАҚАИ АСОСӢ ДАР ҚИТЪАИ АВРООСИЁ

10-11 ноябр дар Қасри анҷуманҳои Самарқанд Конфронси X-и Осиёии Клуби байналхалқии мубоҳисавии «Валдай» баргузор гардид.

Клуби мубоҳисавии «Валдай», ки соли 2004-ум таъсис ёфтааст, барои вохӯрии коршиносони машҳури байналхалқӣ бо олимон, сиёсатшиносон ва арбобони давлатии Русия соҳати хуб ба шумор меравад. Фаъолияти кунунии клуб асосан ба таҳқиқи ҷараёнҳои ҷаҳонии сиёсӣ ва иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Аз замони таъсис ёфтани клуб дар он беш аз ҳазор нафар коршиносони 74 мамлакат иштирок карданд. Соҳати мазкури мубоҳисавӣ аз ҷониби ҷомеаи байналхалқии коршиносӣ ба сифати яке аз клубҳои баобрӯтарин эътироф гардидааст.
Дар чорабиниҳои клуби «Валдай» коршиносон, таҳлилгарон ва мутахассисони бонуфузу беҳтарин ҷамъ меоянд. Онҳо дар ҷараёни қабул гардидани қарорҳо бинобар мушкилоти муҳим иштирок мекунанд, таклифҳоро вобаста ба масъалаҳои рӯзмарраи иқтисодиёт ва дипломатияи ҷаҳонӣ муҳокима менамоянд.
Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ба байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ, иқтисодиёт ва амният машғул мебошад, бо сохтори мазкур бобати ташкил кардан ва баргузор намудани Конфронси Х-и осиёии Клуби байналхалқии  мубоҳисавии «Валдай» ҳамкории қарин дошт.
Дар конфронс бинобар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Авроосиё: ҳамкории бисёрҷанба бар рағми хурӯҷҳои бетартиби ҷаҳонӣ» 80 нафар коршиносони обрӯманд аз 11 кишвар, аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Русия, Чин, Олмон, Ҷопон, Шведсия, Ҳиндустон, Филиппин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. 
Табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокдорони конфронс котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. Маҳмудов хонда дод. 
Тавре ки дар табрикномаи роҳбари давлат таъкид мегардад, Осиёи Марказӣ дар соҳати Авроосиё ва умуман сиёсати ҷаҳонӣ торафт нақши муҳим мебозад. Дар муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшишҳои мушатараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа фароҳам овардани муҳити куллан нави дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ имконпазир гардид. Дараҷаи эътимоди сиёсӣ хеле афзуд, ки имкон медиҳад ҳоли ҳозир мушкилоти ҳаётан муҳими дохилиминтақавӣ самарабахш ҳаллу фасл шаванд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи минтақавӣ мусоидат мекунад. 
Паёми Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро барои иштирокдорони конфронс Сафири  Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ӯзбекистон В. Тюрденев қироат кард. 
Дар паёми Президенти Федератсияи Русия аз ҷумла зикр мегардад, ки Русия ба ҳамкориҳои муфиди конструктиву баробарҳуқуқ бо тамоми кишварҳои қитъа омода мебошад. Мо сулҳу салоҳ ва некуҳолиро дар соҳати Авроосиё шартҳои муҳимтарини амният ва эътидол дар миқёси ҷаҳон меҳисобем. 
Дар ҷараёни иҷлосияҳо дар байни коршиносон бинобар нақши Осиёи Марказӣ ва Авроосиё дар ҷаҳони кунунӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, амният, тақдири Осиё ва Авроосиё, ташаккул додани минтақаҳои бузург ва бинобар мавзӯъҳои рӯзмарраи дигар табодули афкор ба амал омад. Имкониятҳои фаъолтар намудани ҳамкориҳои бисёрҷанба, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои амният дар минтақа ва муваффақ шудан ба ҳадафҳои дарозмӯҳлат кӯмак мерасонанд, баррасӣ шуданд. 
– Конфронси Самарқанд масъалаҳои барои минтақа рӯзмарра ва муҳими байналхалқиро дарбар мегирад, – гуфт директори оид ба корҳои илмии Бунёди рушд ва дастгирии Клуби байналхалқии мубоҳисавии «Валдай» Фёдор Лукянов. – Бо вуҷуди он, ки моро масофаи зиёд ҷудо мекунад, ҳоли ҳозир мушкилоти вобаста ба Шарқи Дур ва Шарқи Наздик аҳамияти рӯзмарра пайдо менамоянд.  Русия наметавонад бидуни муносибатҳои тарафайн бо давлатҳои Авроосиё инкишоф ёбад. Дар ҷараёни мазкур барои мо ба роҳ мондани муносибатҳои нек бо ҳамкорони ӯзбекистонӣ мувофиқи мақсад буд. Ҳамкориҳои васеъмиқёс бо Ӯзбекистон, ки дар қалби минтақа ҷойгир шудааст, баҳри ҳаллу фасли мусбати мушкилоти мавҷуда нақши муҳим мебозанд. Конфронси клуби «Валдай» бошад, барои ин имконияти мувофиқ ба шумор меравад.
Пеш аз  иҷлосияи махсуси конфронси ӯзбекистониву русиягӣ вохӯрии директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э. Арипов ва раиси Шӯрои Бунёди рушд ва дастгирии Клуби байналхалқии мубоҳисавии «Валдай» А. Бистритский ба амал омад. 
Дар ҷараёни мулоқот бинобар фаъолсозии ҳамкориҳои байни коршиносони ду давлат, робитаҳо дар соҳаҳои тадқиқоти байналхалқӣ ва байниминтақавӣ муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Зикр шуд, ки намояндагони доираҳои интеллектуалии Ӯзбекистон минбаъд низ дар чорабиниҳои Клуби байналхалқии мубоҳисавии «Валдай», ҳамчунин дар лоиҳаҳои муштараки мақсаднок мунтазам иштирок хоҳанд кард. 
Дар байни Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди рушди дастгирии Клуби байналхалқии мубоҳисавии «Валдай» оид ба ҳамкорӣ муоҳида ба имзо расид.
– Ӯзбекистон аз имкониятҳои пешбурди шартномаҳои сиёсӣ нафақат бо минтақа, балки бо кишварҳои хориҷӣ низ самарабахш истифода мебарад, – гуфт роҳбари лабораторияи «Маркази тадқиқоти Шарқи Наздик»-и Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии ба номи Е. Примакови Академияи улуми Федератсияи Русия Ирина Звягелская. – Вай ба нигоҳ доштан ва инкишоф додани робитаҳои муфиди тарафайн бо тамоми давлатҳо, аз ҷумла бо Русия низ саъй менамояд. Ҳоли ҳозир дар байни кишварҳои мо муоҳидаҳои дуҷониба ба маблағи 27 миллиард доллар имзо гардидаанд. Дар Ӯзбекистон беш аз 1000 корхонаи Русия амал мекунад. Дар соҳаҳои илм ва таълим натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар алоқаҳои мустақим раванди назардошти манфиатҳои тарафайн ва сатҳи баланди эътимоди дуҷониба бартарӣ доранд.
Дар анҷоми конфронс директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э. Арипов ва раиси Шӯрои Бунёди рушду дастгирии Клуби байналхалқии мубоҳисавии «Валдай» А. Бистритский дар бораи масъалаҳое, ки тӯли ду рӯз дар иҷлосияҳо муҳокима шуданд ва моҳияти онҳо ҳарф заданд.
– Дар ҷараёни конфронси дурӯза вобаста ба таъмин сохтани эътидол дар минтақа, мустаҳкам намудани робитаҳои байни давлатҳои Авроосиё фикру ақидаҳои муҳим иброз гардиданд, – гуфт Э. Арипов. – Дар бораи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар бораи он ки солҳои охир байни давлатҳои минтақа муносибатҳои некҳамсоягӣ ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳо мустаҳкам гардидаанд, бинобар масъалаҳои тақсими марз ва марзбандии ҳудудҳои давлатӣ, истифодаи об, нақлиёт ва коммуникатсияҳо натиҷаҳои оқилона ба даст омадаанд, ақидаҳои ҷолиб зикр шуданд. Сарҳадҳо боз гардиданд, тартиби сафарҳои тарафайни шаҳрвандон ба давлатҳои ҳамсоя соддатар карда шуданд, ки бешубҳа, ба вусъат ёфтани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодии байни мамлакатҳо хидмат мекунанд. Ҳоли ҳозир давлатҳои минтақа барои беш аз пеш мустаҳкам намудани ҳамкориҳои муфиди тарафайн саъй менамоянд.
– Алҳол давлатҳои Осиё дар сиёсат ва иқтисодиёти ҷаҳон нақши муҳим доранд, – гуфт А. Бистритский. – Баробари ин бобати пешгирӣ намудани хуруҷҳои бетартиби ҷаҳонӣ вазифаҳои муҳим истодаанд. Мо аз  ин хусус дар ҷараёни Конфронси Х-и осиёии Клуби байналхалқии мубоҳисавии «Валдай» васеъ ва ҳамаҷониба табодули афкор кардем. Вале дар доираи як конфронс баррасӣ намудани тамоми масъалаҳо имконнопазир аст. Бинобар ҳамин ҳам мо бинобар ҳамкориҳои минбаъда, баргузор кардани тадқиқоти муштарак дар самти мазкур ба муоҳида расидем. Тамоми асосҳо мавҷуданд, то бигӯем, ки Конфронси Самарқанд чорабинии таърихие гардид, ки дар фаъолияти клуби мо аҳамияти махсус хоҳад дошт. 
Дар доираи чорабинӣ иштирокдорони конфронси байналхалқӣ бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷойҳои дидании шаҳри Самарқанд шинос шуданд. 

Ғ. ҲАСАНОВ, 
Г. ХОННАЗАРОВ, 
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: