Имсол ба нахустин парвози инсон ба кайҳон 61 сол пур шуд.
Ба ин муносибат дар муассисаҳои таълимӣ баҳри абадӣ гардонидани аввалин кайҳоннавард чорабиниҳо баргузор менамоянд, гӯшаву осорхонаҳо таъсис медиҳанд.
Аз ҷумла, ба қарибӣ дар мактаби рақами якуми шаҳри Гагарин осорхонае созмон дода шуд. Дар он экспонатҳое ҷой дода шудааст, ки таърихи кайҳоннавардиро инъикос менамоянд. Фотосуратҳо, китобҳо, ашёҳо ва ғайра бозгӯи олами кайҳоннавардӣ мебошанд.
Порсол ба шарафи шастсолагии аввалин парвози инсон ба кайҳон ба шаҳри Гагарин меҳмонон аз Русия – қаҳрамонон Владимир Ҷонибеков ва Солиҷон Шарифов ташриф оварда буданд. Маълум аст, ки муҷассамаи аввалин кайҳоннаварди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин дар ин шаҳр қад афрохта ва шаҳр ҳам номи ӯро дорад. Ҳамчун рамзи эҳтиром ҳар сол дар ҳамин гуна рӯзҳо ба пояи муҷассамаи ӯ дастагулҳо мегузоранд ва номи қаҳрамононро бо некӣ ёд мекунанд.
Раҳимшоҳи
ШАРИФЗОДА.
Вилояти ҶИЗЗАХ.