Барои ҳар як сайёҳ ошноӣ бо таърих, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои ин ё он мардум ҳамеша завқу шавқи тоза хоҳад бахшид.
Ин маълумотҳоро ӯ дар осорхонаҳо пайдо хоҳад кард. Мо дар чаҳорчӯби сафари матбуотӣ ба яке аз гӯшаҳои дурдасти кишвари паҳноварамон – Қароқалпоқистон аз экспонатҳои нодири Осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанг боздид намудем.
Дар сафари матбуотӣ як гурӯҳ журналистон ширкат карданд. Ҳадафи асосии ташриф ба ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, шиносоӣ бо тарзи ҳаёту рӯзгори мардуми қароқалпоқ, боздид аз минтақаҳои гуногуни он ҷиҳати тарғибу ташвиқи он барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон хеле мусоидат хоҳад кард.
Мардуми қароқалпоқ дар радифи мардуми соири шаҳру вилоятҳои кишварамон то касби истиқлол дар масири таърих зиндагии талху ширин, роҳи ҳамвору пурпечутобро паси сар намудааст ва барои беҳбуди ҳаёту рӯзгор ва озодиҳо талошҳои зиёд низ ба харҷ додааст.
Маълум шуд, ки ин осорхона дар фазои Осиёи Марказӣ яке аз собиқадортарин маҳсуб меёбад. Таърихи ифтитоҳи он ба соли 1929-и қарни гузашта рост меояд. Ҳамон сол ҷамъияти таърихнигорони Қароқалпоқистон дар Тӯрткӯл намоишгоҳе таъсис додаанд, ки ба бунёди ин осорхона асос гузоштааст. Чунин иқдоми таърихнигорон ҳамчун қадаме ба пеш дар соҳаи фарҳанг арзёбӣ мегардад.
Солҳои дароз онро осорхонаи кишваршиносӣ ном бурдаанд. Баъд номи он ба “Осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанги Қароқалпоқистон” табдил ёфтааст. Ин осорхона 93 сол боз ба ҷомеаи мухталиф экспонатҳоеро намоиш медиҳад, ки таърихи ғанӣ ва фарҳанги волои мардуми қароқалпоқ, ёдгориҳои таърихиву меъмории онро бозтоб медиҳад ва дар бораи он маълумотҳо равшану возеҳ тақдим мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар оғоз ин осорхона 20 намуди экспонатҳоро ба маърази тамошо гузоштааст, ки аз либосҳои гуногун, дастхатҳо, китобҳо, суратҳои ёдгориҳои таърихӣ, маҳсулоти қадимии гилӣ ва филузии мардуми қароқалпоқ иборат буд. Баъзеи ин экспонатҳо аз ҷойҳои хушкшудаи кӯли Истамас пайдо шудаанд.
– Аммо ҳоло теъдоди экспонатҳои он ба ҳазорҳо карат боло рафтааст. Дар осорхона бештар аз 80 ҳазор намунаи ашёи намоишӣ ба маъраз гузошта шудааст. Ин ашё се бахшро дар бар мегирад: табиат, меъморӣ ва этнография, инчунин таърихи навини Қароқалпоқистон. Ҳар як бахш тавассути ашёи намоишӣ, вобаста ба давру замони худ, муштариёнро бо ҳаводиси таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва амсоли он ошно месозад, – гуфт директори ин осорхона Ойҷамол Юсупова.
Тавре ки вай тазаккур дод, дар осорхона ҳамзамон як қатор ҳайвоноту паррандаҳо ва набототи нодир низ ба намоиш гузошта шудаанд, ки бо хушкшавии баҳри Арал дар минтақа оҳиста аз байн рафтаанд. Бархе аз он ба “Китоби сурх” ворид гардида, дигар аз худ насле боқӣ намондаанд.
Аз нақли директори осорхона бармеояд, яке аз ҳайвоноти нодире, ки ба арсаи нестӣ расидааст, “паланги охирини тӯронӣ” мебошад. Ин намуди паланг ба теъдоди зиёд муқаддам аз Олтой то баҳри Сиёҳ зиндагӣ кардааст, аммо ба далели он ки пӯсташон хеле зебост, рӯ ба маҳвшавӣ овардаанд.
– Охирин паланги зебо дар соҳили Амударё соли 1949 кушта шудааст. Директори ҳамонвақтаи осорхона тамоми чораҳоро пиёда кардааст, ки ҷасади паланг ба ин осорхона оварда шавад ва одамон донанд, ки чунин насли паланг дар ин минтақа вуҷуд дошт, аммо бо дасти одамизот ва ҳаводиси дигар нест карда шуд. Тавре маълум, ҳоло аз паланги тӯронӣ ғайр аз як экспонати намоишӣ дигар асаре боқӣ намондааст, – иброз намуд О. Юсупова.
Дар осорхона экспонатҳои бостоншиносии бемислу монанд ва макетҳои минтақаҳои аҳолинишини Хоразми қадимро низ дидан мумкин аст. Сари сутунҳо ба шохи гӯсфанд монанд буда, аммо чеҳраи инсонро аккосӣ менамояд. Таърихи як қатор экспонатҳо то ба дуним ҳазор сол мерасад. Деги биринҷии асрҳои VI-V низ басо диққатҷалбкунанда мебошад. Он болои се поя истодааст ва ин пояҳо ба пойҳои ҳайвонҳои гуногун монанданд ва дастаи он шакли аспро гирифтааст.
Бахши этнографӣ аз намоиши либосҳои қадимаи мардумӣ, ҷавоҳирот ва зебу зиннат иборат аст. Ин ҷо намоиш дода шудааст, ки мардум дар қадим чӣ гуна хаймаҳоро оро медоданд, кадом намуди қолинбофиҳо мавҷуд буданд, мардум дар маросимҳои шодиёнаи худ аз чӣ гуна навъҳои асбобҳои мусиқӣ истифода мекарданд.
Дар ин ҷо кас метавонад бо аслиҳа ва ҷавшанҳое низ ошно шавад, ки ҷанговарони давраҳои мухталифро аз зарби шамшер ва тири камон ҳифз менамуданд.
Дар бахши дастхатҳо бошад, катибаҳои гуногунро гузоштаанд, ки ҳар кадоми он аз ягон давраи таърихӣ нақл мекунад. Ин ҷо ҳатто солномаи хеле дурударозро низ дидан мумкин аст, ки рӯйи коғази калон нигоштаанд ва ба солҳои гуногуни таърихи мардуми қароқалпоқ тааллуқ дорад. Китобҳои гуногуни бо хати арабиасос таълифшуда аз зумраи экспонатҳои осорхонаанд. Дар як гӯшаи он метавон бо тарзи чопи рисолаву китобҳо ошно шуд.
Тангаҳои гуногуни сикказада, портретҳои қаҳрамонони эпикӣ ва шахсиятҳои таърихӣ, аксу суратҳои мухталиф аз рушди минтақаи мазкур дар давраҳои гуногун шаҳодат медиҳанд. Як бахши калони осорхонаи таърих ва фарҳангро корномаҳои мардуми қароқалпоқ дар ибтидои асри бистум ташкил медиҳад.
Рушди Қароқалпоқистон дар давраи истиқлол баёнгари он мебошад, ки ин ҷумҳурӣ дар муддати сӣ соли охир ба кадом дастовардҳои муҳим ноил шудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.
НУҚУС – ТОШКАНД.