ОСОРХОНАИ ҚУРБОНИЁНИ ҚАТЛИ ОМ ИФТИТОҲ ЁФТ

Ин осорхона бар асоси қарори ҳукумат «Дар бораи чораҳо оид ба таъсис додани осорхонаи давлатии Хотираи қурбониёни назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 22 ноябри соли 2017, дар назди Донишгоҳи давлатии Фарғона ифтитоҳ ёфт.

 Маросими кушодашавии осорхона дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди истиқлолияти кишвар баргузор гардид.
Дар маросими мазкур вакилони ҳокимияти вилоят ва шаҳр, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамчунин наздикони қурбониёни солҳои сиюми асри гузашта ширкат карданд.
Тавре ки дар маросим қайд гардид, наздики даҳ ҳазор нафар сокинони вилояти Фарғона низ дар он солҳои мудҳиш қурбон шудаанд. Аммо дар осорхонаҳои вилоят танҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дусад нафар аз ин қурбониён маҳфузаанду бас. 
– Ҳадафи асосӣ аз ифтитоҳи ин осорхона ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба ин масъала мебошад. Пайвандони қурбониён дар мавриди ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, чизҳои шахсӣ, аксҳо ва амсоли он ба мо дасти кӯмак дароз карда метавонанд. Мо аз ҷониби худ талош мекунем, ки мардум дар бораи қурбониёни солҳои даҳшатбори замони шӯравии собиқ маълумоти дақиқ пайдо кунанд, – мегӯяд мудири осорхонаи назди Донишгоҳи давлатии Фарғона Собирҷон Сиддиқов.
Гуфта шуд, ки дар айни замон осорхона дорои шасту панҷ китоби илмиву бадеӣ мебошад, ки ба қурбониёни солҳои қатли ом бахшида шудаанд. Ин китобҳо ғайр аз нусхаҳои аслӣ боз нусхаҳои электронии худро низ доранд, ки барои истифода созгор мебошанд.
Осорхона аз панҷ толори калони ашёи намоишӣ иборат аст. Ин ашё аз он нақл мекунанд, ки олимон, адибон, журналистон, маърифатпарварон ва ашхоси дигари оддӣ дар кадом вазъияту ҳолат мавриди қатли ом қарор гирифтаанд. Қобили қайд аст, ки баъзе ашёи намоишии осорхона дар бораи муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми мо ҳикоят мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: