ОСОРИ ХУДОГОҲИВУ ХЕШТАНШИНОСӢ

Адибон посдор ва ривоҷбахшандаи забони модарӣ буданду мебошанд.

Адибон посдор ва ривоҷбахшандаи забони модарӣ буданду мебошанд. Забонро аз ҳар гуна гарду олоишҳои бегона ҳифз, бо калима ва ибораҳои нав ғанӣ месозанд. Дард доранд, дарди фарҳангу забон. Аз комёбиҳои ҳамзабонон меболанд, аз лоқайдӣ ва бетарафии соҳибзабон нисбати забони модарӣ азият мекашанд ва ҳамеша саъй пайи ислоҳи он ношоистагиҳо доранд, то дар қалби хонанда шарораҳои бедориву худшиносӣ падид ояд. Аз ин рӯ, адибонро чун муҳандиси рӯҳии хонанда мешиносанд.
Абдулло Субҳон яке аз шоирони шинохта ва пуштибони адибони ҷавони форсигӯйи Ӯзбекистон аст. Шоирест ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва омӯзиш. Мехоҳад доираи донишҳояшро доир ба таърихи пайдоиши одаму олам, забон, қавм (миллат) ва давлатҳои кӯчаку бузург ва фарҳанг ва илму адаб вусъат бахшад. Шоир мақолаҳои дардноки молики аҳамияти хештаншиносии худро пешкаши хонанда  менамояд. 
Худогоҳиву хештаншиносӣ муҳимтарин ҳадафи ниҳоии ӯст. Албатта, инъикос ва баррасии ин масоил дар адабиёт нав нест. Устод Айнӣ дар адабиёти навини тоҷик ба ин мактаб асос гузошт, Сотим Улуғзода онро тақвият бахшид. Устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон дар ташаккул ва таҳаввули ин мактаб саҳми назаррас гузоштанд. Ба андешаи камина, инъикоси масоили забону забондорӣ, мавқеъ ва нуфузи он дар кишвар, даъват ба бедориву худшиносӣ бештару беҳтар дар осори Абдулло Субҳон рӯйи кор омада.
Шоир хонандаи худро ба бедориву худогоҳӣ ва худшиносӣ даъват мекунад. Лоқайдӣ ва носипосиро нисбати забони модарӣ, ки имрӯз доираи истифодааш дар кишвари мо торафт танг мегардад, иштибоҳ пиндоштааст. Аз нигоҳи ӯ носипосӣ нисбати “инъоми Аллоҳи бузург” “хоинӣ ба модари ҷон” аст. 
Ай даригӯён, дариро дар ба дар 
кардан хатост,
Хештанро гумраҳу оқи падар 
кардан хатост.
Гавҳаре бошад забон инъоми 
Аллоҳи бузург,
Носипосӣ ҳар қадам бо ин гуҳар 
кардан хатост.
Аз забон рӯ тофтан, рӯ тофтан аз 
модар аст,
Хоинӣ бо модари ҷон ин қадар 
кардан хатост.
Бо вуҷуди он, ки дасти давр 
тангаш мекунад,
Танг бар фардои он оне назар 
кардан хатост.
Ин шакарро рӯзгоре ними дунё 
хӯрдааст,
Комҳоро ин замон бе ин шакар 
кардан хатост.
Мояи фарҳанги дунё – дурри 
ашъори дарӣ,
Аз чунин ганҷи равон моро 
ҳазар кардан хатост...
Шояд шоирро инъикоси масоили забону таърихи ташаккулёбии он дар шеър ба пуррагӣ даст надода, андеша ва роҳҳои ҳаллу фасли ин масоилро тайи солҳои зиёд аст, ки зимни мақолаҳояш дар “Овози тоҷик” баррасӣ намудааст. Ба номгӯйи чанд мақолаи охирини шоир қаноат менамоем, ки хонандаи закиро беманфиат нест. “Дарӣ  – сифати забони форсӣ (тоҷикӣ)» (”Овози тоҷик”, 6 октябри соли 2021), “Тоҷикон ва тоҷикзабонон”, (“Овози тоҷик”, 9 октябри соли 2021), “Мо ҳама шаҳрвандони як давлати демократӣ”, (“Овози тоҷик”, 30 октябри соли 2021). Ин мақолаҳо давоми ҳамдигар буда, якеро дигарӣ пур мекунад ва тақвият мебахшад. Мақолаҳоро мехонаму талошҳои шодравон Муҳсин Умарзода доири забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ ёдам мерасад. 
Дарвоқеъ, баъзеҳо фикр мекунанд, ки забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ се забон мебошанд, иштибоҳи кулл аст ин андеша. Ин гуна ашхос моҳият ва мазмуни истилоҳоти забон ва қавм (миллат)-ро дарк намекунанд. Истилоҳи “миллат” ба маънои имрӯзааш байни мардуми мо ибтидои асри ХХ пайдо гардида, то ин дам миллати моро мусалмон, қавмро тоҷик ва забони моро форсӣ (порсӣ) ва дарӣ гуфтаанд. А. Субҳон ин масъаларо хуб дарк намуда, забони дариро чун “сифати забони форсӣ (тоҷикӣ)” возеҳу равшан шарҳ додааст. Аз муҳокимарониҳои А. Субҳон чунин хулосабардорӣ намудем:
Забони дарӣ – забони аҳли дарбор, забони коргузорӣ буд, ба таъбири имрӯз забони давлатӣ. Ин забон то ибтидои асри ХХ на танҳо дар аморати Бухоро, балки дар саросари Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон (дар аҳди Бобуриён) чун забони коргузорӣ мавриди истифода буд;  
Забони дарӣ забони мактабу мадорис буд. Нобиғагони зиёди илму адаб бо ин забон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Забони форсӣ-дарӣ-тоҷикиро забони “аҳли Бухоро” хонда, омӯзиш ва донистани онро шаъну шараф пиндоштаанд;
Забони дарӣ забони шеъру суруд буд. Ин забонро Абуабдуллоҳи Рудакӣ равнақи тоза дод. Ба таъбири А. Субҳон:
Каломи дарӣ з-ӯ ба анҷум расид,
Ба гӯшу дилу ҷони мардум расид.
Рӯдакӣ ба шеъри дарӣ дасторхон густурд, ки пур аз анвои маънавӣ буд. Сино рӯйи ин дасторхон “Донишнома”-ро пешниҳоди мардум кард. Фирдавсӣ гирди он дасторхони фароху пурнеъмат аз назм қасре бунёд кард, ки  аз барфу борону бод ҳеҷ гоҳ осеб набинад. Ва минбаъд маърифатпарварони мо он дасторхони паҳнову кохи баландро аз анвои маънавӣ пур карданд. Ин ғизои маънавӣ  “мояи фарҳанги дунё” гардида, онро чун “шакар ними дунё хӯрдааст”;
Забони дарӣ забони илму фарҳанг буд. Уламои Шарқ ба ин забон дар рушду нумӯи илми ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд. «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, “Донишнома”-и Ибни Сино, “Тузукоти Темур”-и Амир Темур, “Зиҷи кӯрагонӣ”-и Мирзо Улуғбек ва садҳо асарҳои дигар ба забони форсӣ офарида шудаанд, ки то ба имрӯз аҳамияти худро гум накарда, мавриди истифода мебошанд.  
Аз он ки дар гузашта забони моро форсиву қавми моро тоҷик пазируфтаанд, вазъи кунунии мардуми форсигӯйи Афғонистон шаҳодат медиҳад. Ин мардум забони худро дар ним асри охир “дарӣ” гӯянд, қавм (миллат)-и худро “тоҷик” мегӯянд. Дар ин замина Абдулло Субҳон ишорае дорад: “Вақте ба сарчашмаҳои таърихиву адабӣ муроҷиат мекунем, мебинем, ки аз замони хеле қадим дар Осиёи Марказӣ  қавме бо номи тоҷик буду бош доштааст. Вале то солҳои 20-уми қарни сипаригардида забону адабиёташро забон ва адабиёти форсӣ (порсӣ) ё дарӣ номидаанд, на тоҷикӣ...” 
Бояд иқрор кард, нахустин рӯзнома – “Бухорои шариф” низ ба забони форсӣ табъу нашр шудааст. 
Дард дорад шоир аз он, ки мо тоҷикони кишвар носипосӣ дорем нисбат ба забони модарӣ. Худро чун “тоҷикзабон” муаррифӣ менамоем. Ин истилоҳ шояд дар зоҳир мақбули ашхосе бувад, вале дар ботин ҳеҷ гоҳ ҳамагонро мақбул нест.
Худ аз худ суол пайдо мешавад: мо кистем, ба кадом қавм (миллат) нисбат дорем, ки забони тоҷикӣ омӯхта ба он гуфтугӯ ва муошират менамоем? Яҳудиҳову лӯлиҳо забони форсии тоҷикиро забони худ медонанд, бо ин забон муошират доранд, вале худро ҳеҷ гоҳ аз қавми тоҷик напиндоштаанд, худро намояндаи қавми яҳудиву лӯлӣ муаррифӣ менамоянд. Онҳо тоҷикзабонанд. Тоторҳо ва намояндагони камшумори миллатҳои дигарро, ки забони модариашонро намедонанд ва ё кам дониста ба забони русӣ кор мебаранд, «русзабон» меноманд. 
Муаллиф моҳияти вожаи “тоҷикзабон”-ро хуб дарк намудааст: “Корбурди вожаи “тоҷикзабон”нисбати тоҷикон то ҷое ба осиёби миллатгароёне, ки дар нимаи аввали садаи ХХ мегуфтанд, ки дар Осиёи Марказӣ қавме бо номи тоҷик вуҷуд надорад, онҳое, ки мегӯянд, мо тоҷикем, дар асл турк ё араб буда, ба таъсири мактабу мадрасаҳо забонашонро гум кардаанд, об мерезад. Ана ҳамин ба осиёби дигарон обрезиҳо буд, ки тоҷикон дар нимаи якуми асри сипаригардида талафоти калони маънавӣ диданд...
Худшинос бошем. Худшинос аз бандагони дӯстдоштаи Худост.”
Огоҳ менамояд шоир:
Чунин як миллати оҷиз набудем,
Ба чашми дигарон ночиз набудем.
Ба мо буд амри Ҳақ воҷиб, валекин,
Мутеи дигарон ҳаргиз набудем. 
Зиёданд дар Ӯзбекистон тоҷикзабонон: лӯлиҳо, яҳудиёни бухорӣ, арабу тотору эрониву баъзе аз ӯзбекон. Ва зиёдтаранд тоҷикзабононе, ки қавм (миллат)-и худро дар шиноснома тағир додаанд. Мардуми таҳҷоии шаҳрҳои Нуратову Ғозғон ва деҳоти сернуфуси Деҳи Баланд ва Мазор мисоли дақиқи ин гуфтаанд. Онҳо дар хонаву кӯча, коргоҳҳо ба забони форсӣ (тоҷикӣ) ҳарф мезананд. Танҳо дар ҷараёни дарс бо муаллим ба забони давлатӣ гуфтугӯ мекунанду халос. 
Албатта, дарки амиқи ин ҳама марбут аст ба ҷаҳонбинӣ, маърифати худогоҳиву хештаншиносӣ, ғурур аз гузаштаву эътимод ба ояндаи созандаву бунёдкоронаи онҳо. Надонистам, ин фармудаи шоир ифодаи яъс аст ё умед:
Ин кӯҳнаҷаҳон сарои аҷдоди ман аст,
Маъвои ману хонаи авлоди ман аст.
Ман дар пайи ободии ин хона, вале
Ин хона пайи кандани бунёди 
ман аст.
А. Субҳон дар мақолаи “Мо ҳама шаҳрвандони як давлати демократӣ” мушкилеро рӯйи кор овардааст, ки ҳеҷ як хонандаро бетараф намегузорад ва боиси андешаҳо мешавад. “... Дар солҳои бозсозӣ (аҳди шӯравӣ) теъдоди мактабҳои тоҷикӣ то 334 адад расида буд. Ҳоло ин нишондиҳанда дар атрофи 240 адад аст. Дар нимаи асри гузашта дар вилояти Бухоро беш аз 50 мактаби таълими ҳамагонии тоҷикӣ кору фаъолият дошт. Ҳоло ба дараҷаи нестӣ расидааст.” Далелест дилхарош. Зодгоҳи Ибни Синову Садриддин Айнӣ мактабе надорад ба забони модарии онҳо. Гӯё аз нарасидани кадрҳо ва “ташаббус”-и мардум он ҳама ба фаромӯшхонаи таърих фурӯ рафта. Ҳол он ки давоми ҳазор соли пешин дар ин макон таълиму тарбия дар мактабу мадрасаҳо ба забони форсии тоҷикӣ амал карда буд... Имрӯз  аксуламали ҳол ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи маълумоти Маркази миллӣ-мадании қазоқони Ӯзбекистон  теъдоди мактабҳои таълими ҳамагонии қазоқӣ ба 340 адад расидааст,  ҳол он ки онҳо ҳатто аз рӯйи омори расмӣ аз тоҷикон ду маротиба каманд. Ин аст ташаббуси мардуми бедордили қазоқ. Оё роҳбарияти Маркази миллӣ-мадании тоҷикони кишвар дақиқ медониста бошад, ки имрӯз дар Ӯзбекистон чанд мактаби тоҷикӣ фаъолият дорад?
Дар Ӯзбекистон ислоҳоти демократии бунёдкорона босуръат идома  дорад. Ошкорбаёнӣ ва шаффофияти фаъолият рӯйи кор омада. Соҳибихтиёрӣ таъмин аст ва дар муҳофизати давлат қарор дорад. Дар ин замина мардуми моро низ бедорӣ зарур аст, бояд худогоҳу хештаншинос бошем. Забони модариро, ки чун модар ва шири ӯ муқаддас аст, мероси ғании аҷдодиро ҳифз намоем, то ба наслҳои оянда ба таври шоиста вогузорем. Пайи тадбиқи ин мақсади накӯ дасти ҳам бигирем, худро шиносем, то ояндагон моро бишносанд. Ба таъбири Абдулло Субҳон:
Агар тоҷик дасти ҳам бигирад,
Зи домони хирад маҳкам бигирад.
Шукӯҳи шӯҳрату овозаи ӯ,
Як олам чист, сад олам бигирад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
тарғибгари мактаби 
рақами 30-юми 
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: