ОСОРИ САНЪАТ ВА ҲУНАРМАНДИИ ӮЗБЕКИСТОН ДУРДОНАИ НАМОИШГОҲИ ПОЙТАХТИ МАДАНИИ АВРУПО ГАРДИДАНД

Дар Осорхонаи умумиҷаҳонии пойтахти Австрия намоишгоҳи «Steppe and Silk Roads» («Саҳро ва Роҳи абрешим») кушода шуд, ки осори бемисли осорхонаҳои Аврупоро дар бораи таърихи Роҳи абрешим ҷамъулҷамъ кард.

Дар Осорхонаи умумиҷаҳонии пойтахти Австрия намоишгоҳи «Steppe and Silk Roads» («Саҳро ва Роҳи абрешим») кушода шуд, ки осори бемисли осорхонаҳои Аврупоро дар бораи таърихи Роҳи абрешим ҷамъулҷамъ кард.
Дар намоишгоҳ экспонатҳо ба тартибе гузошта шудаанд, ки тамошобинон метавонанд бо осоре, ки таърих, фарҳанг, эҷодиёт, ҳамчунин махсусиятҳои кунунии халқҳои Шоҳроҳи абрешимро инъикос мекунанд, ошно шаванд.
Дурдонаи намоишгоҳ, ки дар маркази павилон қарор дорад, матои шоҳист, ки дар водии Фарғона тайёр карда шудааст. Ҳамчунин ҷузвҳои Мақбараи Буёнқулихон дар Бухоро, намунаҳои тоқӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар доираи намоишгоҳ вохӯрии директори иҷрогари Бунёди рушди фарҳанг ва санъати назди Вазорати маданият Гаянэ Умерова ва Сафири Ӯзбекистон дар Австрия Абат Файзуллоев бо директори Осорхонаи умумиҷаҳонии Вена Ҷонатан Файн баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои маданиву инсондӯстӣ, аз ҷумла дар фаъолияти осорхонаҳо, ҳамчунин  нақшаҳо бинобар муштаракона ба роҳ мондани намоишгоҳи осори осорхонаҳои Ӯзбекистон дар Австрия баррасӣ шуданд.
Ҷониби Австрия дар бораи эътибори махсуси роҳбарияти кишвари мо, ки ба таҳкими нақш ва моҳияти фаъолияти осорхонаҳо бобати маҳфуз доштани таърих ва пешбурди маданияти Ӯзбекистон, ҳамчунин дастурҳои асосии қонун «Дар бораи дохил кардани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи осорхонаҳо», ки 26 ноябри соли 2021 аз ҷониби роҳбари давлат ба имзо расида буд, муфассал шинос карда шуд.
Ҷонатан Файн рағбати баланди тамошобинон ба санъатро, ки намоишгоҳи «Steppe and Silk Roads» ҷалб менамояд, таъкид намуд. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Австрия саъй менамояд, ки осори осорхонаро бо асарҳои арбобони санъати Ӯзбекистон пурратар кунад.
«Шаҳрҳое, ки Роҳи абрешим аз онҳо гузаштааст, дар собиқа маркази ҷаҳон буданд. Онҳо бо сарвати худ чунон машҳур буданд, ки то ҳол моро ба ҳайрат меоваранд. Агар мо ба таърихи Роҳи абрешим бо диққат нигоҳ кунем, онро нафақат ба сифати роҳи мубодилаи мол, балки ҳамчун маркази дониш, дин, тиб ва санъат идрок менамоем», – гуфт Ҷонатан Файн.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки минбаъд низ барои истиқрори ҳамкорӣ дар доираи мубодилаи таҷриба ва рафтуои одамон саъй менамояд. Самтҳои омӯхтани намунаҳои маснуоти нодир ва антиквар аз матои водии Фарғона махсус таъкид гардид.
Ҷонибҳо дар бораи коркарди муштараки масъалаҳои кооператсия бинобар самти фаъолияти осорхонаҳо ва ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба аз тариқи табодули мутахассисон ба муоҳида расиданд.
Намоишгоҳи «Steppe and Silk Roads» то 3 майи соли 2022-юм идома меёбад.
Хотиррасон менамоем, ки Осорхонаи умумиҷаҳонии Вена бузургтарин осорхонаи антропологӣ ва этнографии Австрия ба шумор меравад. Осорхона аз соли 1876 амал мекунад, он дар маҷмӯи собиқ қасри императории «Хофбург» ҷойгир шудааст. Осорхона ба кашфи гуногунрангии фарҳангии инсоният тахассус дорад.
Ҳоли ҳозир он14 толори намоишӣ дошта, зиёда аз 460 осори этнографӣ ва ҳафриётии Осиё, Африқо, Океания ва Амрикоро маҳфуз медорад.

АИ «Дунё»,
ВЕНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: