ОСОРИ ТОҶИКӢ – МАВРИДИ ТАҲҚИҚУ ТАДҚИҚ

Имрӯзҳо шодию хурсандии 40 миллион нафаре, ки дар ҳудуди Ӯзбекистону Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, ҳадду канор надорад. Зеро монеаҳои сунъие, ки як муддат дар роҳи дӯстию бародарии азалии тоҷикону ӯзбекон гузошта шуда буданд, аз байн бардошта шуд. Давраи батамом нави ҳамкориҳои судбахш, рафту омад ва некҳамсоягӣ оғоз ёфт.

Имрӯзҳо шодию хурсандии 40 миллион нафаре, ки дар ҳудуди Ӯзбекистону Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, ҳадду канор надорад. Зеро монеаҳои сунъие, ки як муддат дар роҳи дӯстию бародарии азалии тоҷикону ӯзбекон гузошта шуда буданд, аз байн бардошта шуд. Давраи батамом нави ҳамкориҳои судбахш, рафту омад ва некҳамсоягӣ оғоз ёфт.
Ӯзбекону тоҷикон аз замонҳои хеле қадим аз як дарё об хӯрдаву аз як ҳаво нафас кашида ба сар бурдаанд. Ба қавле як халқеанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд.
Мероси илмиву адабиашон низ муштарак аст. Сарфи назар аз он, ки ба кадом забон навишта шудаанд, ҳар як асаре, ки дар ҳудуди Ӯзбекистони кунунӣ офарида шудааст, мулки ягонаи халқи мо маҳсуб меёбад. Дар худуди Ӯзбекистони имрӯза ба забони тоҷикӣ осори маънавӣ он миқдор зиёд офарида шудааст, ки аҳли дунё кишвари моро барҳақ яке аз сарзаминҳои забони форсӣ низ меҳисобад. Ба ҷуз ин, дар хазинаи дастнависҳои мамлакатамон осори ба забони тоҷикӣ офаридашуда ба он миқдор нигоҳдорӣ мешавад, ки дар сартосари ҷаҳон қисми зиёди мероси маънавии ба забони форсӣ таълифёфтаро ташкил медиҳад.
Ин мувофиқату мутобиқатро бубинед, ки рӯзи ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев – 9 март дар Шӯрои илмии назди Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон ходими хурди илмии муассисаи мазкур Қомилҷон Раҳимов рисолаи илмиашро бомуваффақият дифоъ намуд. Рисолаи илмии ӯ – «Асари Мустамлии Бухорӣ «Шарҳ-ат-таъарруф» ва таъсири он ба осори тасаввуфии қарнҳои XI-XV Мовароуннаҳру Хуросон» барои гирифтани дараҷаи доктори фалсафа аз рӯйи илмҳои таърих (PhD) навишта шудааст.
Роҳбари илмии рисолаи ӯ доктори илмҳои таърих Баҳром Абдуҳалимов мебошад.
Ба тадқиқот «Шарҳ «Ат- таъарруф ли мазҳаб ат-тасаввуф» – («Ошноӣ бо роҳи аҳли тасаввуф»)-и Мустамлии Бухорӣ ба забони тоҷикӣ бар асари «Ат-таъарруф ли мазҳаб аҳл ал-тасаввуф»-и Калободии Бухорӣ, (ба забони арабӣ) чун асос хидмат кардааст.
Аз нигоҳи манбаъшиносӣ як ҷиҳати нозук он аст, ки шарҳи Мустамлии Бухорӣ ба забони тоҷикӣ навишта шуда, дуюмин нусхаест, ки то ба мо расидааст. «Китоб-ул анбия ан ҳақоиқ ул-адвия» («Китоб доир ба хусусияти воқеии доруҳо»), ки соли 1036 аз ҷониби шахси номаълум нусхабардорӣ шудааст, якумин дастхатест, ки (ба забони форсӣ-тоҷикӣ) дар хазинаи дастнависҳои мо нигоҳдорӣ мешавад. 
Ба ҷуз ин, ба ин асар аз он ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ нахустин таълифот оиди тассаввуф мебошад, арҷ гузошта мешавад.
Тадқиқи илмии чунин асари муътабари ба забони тоҷикӣ таълифгардида, дар баробари саҳм гузоштан ба рушди шарқшиносии ҷаҳон, ба афзудани нуфузи кишварамон хидмат мекунад.
Зеро мавриди тадқиқ қарор додани як асари арзишманд, ки дар кишвари мо офарида шудааст, вазифаи олимони ӯзбек мебошад.
Аҷиб, як олими бухорӣ рӯзгоре ба забони арабӣ асаре навишт. Аз байн чанд сол сипарӣ гардида олими дигари бухорие ба забони форсӣ-тоҷикӣ онро шарҳ дод. Баъди қариб ҳазор сол боз як олими бухорӣ доир ба шарҳи тоҷикии он рисола ҳимоя кард. 
Дар тадқиқоти ӯ оиди хусусиятҳои «Шарҳ «Ат-таъарруф...», нигоҳдории нусхаҳояш дар хазинаи дастхатҳои ҷаҳон, доир ба тасаввуф аз манбаъҳои муҳим маҳсуб ёфтани он, таъсираш ба осори баъдина, зиндагинома ва фаъолияти илмии муаллиф маълумоти васеъ дода шудааст, ки дар тасаввуфшиносии ҷаҳон саҳми арзанда мебошад.
Бояд гуфт, ки Комилҷон Раҳимов дар омӯхтани мавзӯи мавриди назар хеле омодагӣ гирифтааст. Вай, қабл аз ҳама, мадрасаи Мири Араби Бухороро хатм намуд, сипас дар бахшҳои бакалавриат ва магистратураи факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Бухоро таҳсил кард. Дар ин фосила дар Ҷумҳурии Мисри Араб муддати як сол бо таҳсил сарукор дошт. Забонҳои арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва англисиро хуб медонад.
Дар рафти омӯзиши навиштаҷоти туркӣ, форсӣ ва арабии ёдгориҳои меъмории Ӯзбекистон албоми 12 ҷилда ба чоп омода гардид. Матни албоми мазкур ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисист.
Дар баробари ин, матнҳои арабию форсӣ низ пешниҳод гардидаанд.
Бад-ин тариқ, албоми мазкур бо панҷ забон рӯйи чопро дид.
Комилҷон Раҳимов бобати бехато ба нашр омода кардани навиштаҷот хеле заҳмат кашид. Ин ҳама имкон дод, ки тадқиқоти мукаммале рӯйи кор ояд.

Султонмурод ОЛИМ,
номзади илмҳои филологӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: