Имрӯзҳо дар наҳри Ню-Деҳлии Ҳиндустон 44-умин Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё (ШОА) ҷараён дорад.
Мувофики рӯзномаи ассамблея ба вазифахои роҳбарикунандаи ташкилот интихобот барпо гардид. Ража Рандхир Сингх, ки сардори муваққатии ин ташкилот буд, президенти ШОО интихоб шуд. Инчунин, ба 5 минтақа ноиби президентҳо бо раъйдиҳӣ муайян шуданд.
Бояд гуфт, ки Отабек Умаров ноиби президенти ин созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон интихоб шуд.
Дар чорабинӣ Отабек Муҳаммадалиевич ба сухан баромада, таъкид кард, ки варзиши қитъаи мо дар ҷаҳон эътирофи бештар пайдо мекунад, ки далели инро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин мусобиқаи бонуфуз 4 кишвари Осиё дар қатори ТОП-15-ум қарор гирифта, Ӯзбекистон ба беҳтарин дастовардҳои таърихӣ ноил гардид ва ин ҳама натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии Президент ба соҳаи варзиш мебошад. Вай инчунин ваъда дод, ки ба ин боварӣ муносиб мешавад, ғояҳои поку наҷиби Олимпизмро дар минтақа минбаъд ҳам тарғиб мекунад.