ОТАШ ДАР ҚАБР

Муҳаммад (с.а.в.) аз назди қабристон мегузашт.

Ногоҳ аз қабре овоз мебаромад: «Дар поён, дар боло ва гирду атрофи ман оташ аст!». Пайғамбар ба аҳли Макка хабар медиҳад, ки ҳама ба назди қабри ба худаш дахлдор ҳозир шавад. 
Дар назди қабре, ки аз он овоз баромада буд, пиразане дузону менишаст.
– Дар ин қабр кӣ хоб рафтааст? –  пурсид Муҳаммад (с.а.в.).
– Писарам,– ҷавоб дод пиразан. – Аммо ман аз фарзандам розӣ нестам, чунки ӯ бо корҳои ношоиста маро сахт озурдааст.
Пайғамбар ба Офаридгор муроҷиат кард: «Эй, Офаридгор, ҳиҷобро бардор, то пиразан аҳволи писарашро бинад!» Ҳиҷоб бардошта шуд ва пиразан дид, ки писараш дар оташ месӯзад. Модар ин ҳолро дида беҳуш шуд ва вақте ба худ омад, гуфт: «Худоё, ман аз писарам розӣ ҳастам, аз ӯ каромататро дареғ надор!». Ҳамон замон оташ хомӯш гардид.
«Падару модар – розӣ, Худо – розӣ».

Таҳияи Б.ТАҲМИНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: