ОТАШАФРӮЗИ ОТАШКАДАИ ИЛМУ ИРФОН

Аз кӯдакӣ дар оилае тарбият гирифтаам, ки бо маърифату китоб алоқамандӣ дошт.

Бобою модаркалони тарафи падариям қариб ҳама кормандони ҳукуматӣ ва аҳли илму ирфон буданд. Модари модарам бошанд, гӯяндаи халқӣ, ки намунаҳои эҷодашон дар “Таронаҳои Самарқанд” (Тошканд, “Муҳаррир”, 2013) ҷой дорад. Модарам китобдӯст мебошад, ки то имрӯз дар 82-солагӣ пайваста китобу матбуоти давриро мутолиа мекунад. Падарам замоне чанд муддат дар анбори бахши самарқандии “Ӯзкитоб” фаъолият мекард. Ва ҳар китоби наву нодирро хона меоварду аз он ҳисоб ҳам ҷевони китоб ва ҳам дунёи маънавии мо – фарзандонро бой мегардонид.
Аз кӯдакӣ ба китобхонӣ шавқи баланд доштам ва чун устоди дӯстдоштаи забони русӣ китобҳои зиёди русиро бароям меоварду баъди хонда шудани он бо дигараш иваз мекард. Сари ҳар корам: ҳангоми ғизопазию ғизохӯрӣ, ҷомашӯию дӯзандагӣ дар дасту пешорӯям китоб ҳузур дошт. 
Донишҷӯ шудам.  Аз будани мағозаи “Тоҷиккитоб” хабар ёфтам. Дар дасти ҳамсабақҳоям китобҳоеро медидам диққатҷалбкунанда ва дарёфтам, ки аз мағозае воқеъ дар паси мадрасаи Бибихонум мехаранд. Ва роҳ сӯйи ин мағоза гирифтам, ки дар оянда  маро чун оҳанрабо сӯяш мекашиду оқибат бо он унс гирифтам. Мо, ба гуфти самарқандиҳо, баҳсмабаҳс китоб мехаридем. Байни мо донишҷӯён дар бобати ба даст овардани китобҳои наврасида гӯё як мусобиқае пайдо шуда буд. Бо ҳамин ба олами китоб бештар фурӯ рафтам.  «Тоҷиккитоб» ҷойи дӯст-доштаи мардуми зиёде ва банда низ гашта буд. 
Хеле хотираҳои некам бо ин мағоза вобаста аст.
Оҳ, чӣ гаште дошт он дамҳо: тоқаву ҷуфту гурӯҳ шуда рафтан ба “Тоҷиккитоб”, суратҳои рангаву банури дар деворҳои мағоза овезони адибони форсу тоҷикро дидан (он замонҳо ин хел асбобҳои аёниву маводҳои таълим кам дастрасамон буд), китобҳои рафу ҷевонҳоро ба даст гирифта варақгардон кардан, китобҳои нодиру арзонро соҳиб шудан, бо мардуми зиёди алоқаманди китобу бузургони илму адаб вохӯрдану бо эшон мулоқотҳо оростан! 
Дар мағоза баъзан харидоронро марди солхӯрдаи нуронӣ ва хушгуфторе, бори дигар бошад, марду зани ҷавонтаре хизматрасонӣ мекарданд. Инҳо мудири он Абдураҳмонхон Вализода ва писарашон Алишеру духтарашон Моҳирахон буданд. Ба гӯшаи хаёлам наомадааст, ки рӯзе мерасаду барои табрик гуфтани зодрӯзи ин пирамарди маърифатдӯст меҳмони хонаашон мешавам ва ё бо он ҷавонмард дар Маркази фарҳанги тоҷикони вилоят дар ҳамбастагӣ фаъолият мебарем ё бо ин зани оқила ва домоди хонадон Ато Аҳророви муҳтарам то ба имрӯз робитаҳои мустаҳкаме пайдо мекунем.  
Дар ҳамин мағоза бо нафароне аз вилоятҳои ҷумҳурӣ ошно шудаму риштаҳои дӯстиву пайвандӣ бо эшон бастаам, ки то ин дам давом дорад. 
Ошноиям бо ному осори гаронбаҳои инсонҳои шарифу маъруф чун Муҳаммадҷони Шакурӣ, Раҳим Масов, Саиди Саъдӣ, Абдурофеъ Рабиев, Марям Эшонҷонова ва адибону олимони зиёде маҳз ба туфайли ҳамин боргоҳи маънавияту ирфон ба вуқӯъ пайвастааст, ки бароям таконбахш ва нишондиҳандаи роҳи ояндаи фаъолияту зиндагиям шуданд. 
“Фарҳанги забони адабии тоҷик” иборат аз ду ҷилдро бар ивази 4 сӯму 4 тин харида будам. Дере нагузашта қиматаш ба 2 сӯму 2 тин фароварда шуд, ки аз ин ҳолат дилам ба беқадршавии китоб ва меҳнати нашркунандагону то ба мо расонандагон месӯхт. Ёру ошно ва дӯстони зиёди хешро ташвиқ мекардам, ки ин китобро харанд ва агар дошта бошанд, ақаллан боз як нусхагӣ аз он харид кунанд. Худам, агарчи ҳар ду ҷилди онро доштам, боз  ду нусхаи дигар харида будам. Замоне расид, ки он китобро акнун мардум аспакӣ мекофтагӣ шуданд ва ҳамон вақт онро ба шогирдону дӯстонам ҳадя кардаам.
“Тоҷиккитоб” маскане буд манбаи дониш, ки метавонист китобҳои дарсӣ, материалҳои илмию ихтисосӣ ва бадеиро бе душворӣ пайдо кард. Мавқеи он дар ҳаёти маънавию камолёбии мардум хеле бузург буд. То аввали солҳои 90-уми асри гузашта таълим дар тамоми мактабҳои тоҷикии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Ӯзбекистон пурра дар асоси барномаҳои таълиму китобҳои дарсии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд ва метавон гуфт, ки ин мағоза робитаи қавие буд байни ду кишвар – Ӯзбекистону Тоҷикистон. 
Маврид ба қайд аст, ки он солҳо хидмати почта ва ҳам киоскҳои рӯзномаву маҷаллафурӯшӣ хуб ба роҳ монда шуда буд. Бо қатъ гардидани фаъолияти “Тоҷиккитоб” ва рӯ ба табоҳӣ овардани ин навъҳои хидматрасонӣ мардуми тоҷикзабони ҷумҳурии мо зарари маънавии бузурге дид, ки натиҷаи дардноку харобоварашро имрӯзҳо мечашем.
Кош, шахсе пайдо мешуд, ки аз робита ва имкониятҳои мавҷуда, шартномаҳо бобати ҳамкориҳои маданӣ, илмию фарҳангӣ басташудаи ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар истифода бурда,  иқдоми Абдураҳмонхон Вализодаро давом дода мағозаеро  бунёд кунад ва ё мутасаддиёни мағозаи “Китоб олами”-и Самарқанд инро бар ӯҳда гирифта, рафҳои мағозаро аз ҳисоби китобҳои гаронқадри Тоҷикистон пур гардонанд. Бо ин роҳ ба кори хайру савобе даст зада шуда, бар рушди илми тоҷик, зиёд шудани синфҳои тоҷикӣ ва боло рафтани савияи дониши омӯзгорон хидмати назаррасе мекард. Ва руҳи нахустин мудири “Тоҷиккитоб” – пири кор ва оташафрӯзи оташкадаи илму ирфон Абдураҳмон Вализода, ки 44 сол онро дар Самарқанд гарму рахшон нигаҳ дошт, шод хоҳад гашт.

Амина 
ШАРОФИДДИНОВА, 
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: