ОТАШИ ИШҚ

Фирӯзамак дар як рӯзи баҳорон – айёме, ки инсон гоҳҳо худро ҷавон эҳсос мекунаду дилаш ба ёди айёми ҷавонӣ мезанад, бо роҳи хиёбон мерафт.

 Дар хиёбон, ки асосан аз чанорҳои нерӯманд иборат буда, пораҳои равшанӣ ба саҳнаш афтода буданд, оҳиста-оҳиста ба хонаи падарӣ мерафт. 
Сӣ сол аст, ки вай дар гӯшаи нави шаҳр, дар квартираи сеҳуҷра зиндагӣ дошт. Ва ҳар гоҳ ки ба гузар меомад, сари роҳ мактаби алъон ӯзбекишудаашро дида, бо дард айёми тифлӣ, навҷавониашро, ки дар ҳамин мактаб гузаштааст, ёдовар мегардид. Чаро дар гузар ҳама тоҷиконанду бачаҳо ба забони худ таҳсил намекунанд? Аз худ мепурсид ва ҷавобашро наёфта, ба роҳи худ идома медод. 
Имрӯз бо пойи рост хестааст, ки ҳаммактабаш Садафро дар паҳлуи мактаб дид. Дилаш сахт ба тапиш омад, зуд дар хотираш воқеае зинда гардид. Дар айёми навҷавонӣ аз дарс гурехта, дар хусуси Соҳиб суҳбат карда буданд. 
Дар он айём  Садаф  ҷавондухтаре буд, қомати мавзун дошт чашмони оташбори сиёҳаш афсунгар буданд. Фирӯз ҳусну ҷамоли духтаракро тамошокунон гуфт:
– Садаф, Шуморо дӯстам Соҳиб сахт дӯст доштааст. На шаб хоби дуруст дораду на рӯз ҳаловат. Ҳозир занги баромад зада шавад, ҳар дуятонро шинос мекунам. 
– Ин хел корҳо барои ман барвақт. Агар дадоям хабар ёбанд, маро мекушанд, – бо нозу истиғно гуфта буд Садаф. 
Ҳамон рӯз  Фирӯз Садафро бо Соҳиб, ки навҷавони зебоандом буду чашмони сиёҳ, абрувони ғафси пайваст дошту хушқаду қомат буд, шинос кард. Шинос карду дилаш сахт ба дард даромад. Худро тасаллӣ дода дар дил мегуфт:
– Ҳеч гап не. Ман ишқамро барои дӯстам, ки аз се-чорсолагӣ ҷӯрагӣ дорем, қурбон кардам. Ин асрор ҳеч гоҳ ошкор намешавад. Ҳолати вай ҳолати фардеро мемонд, ки ҳамаи сарвати худро ба ягон кас бахшида, нотавон дар чорсӯи зиндагӣ мондааст.
– Салом, Фирӯз, – овози ҷарангосӣ ва зебои Садаф ӯро ба худ овард. 
– Салом, янга. 
– Садаф гӯед ҳам мешавад. Охир дар як мактаб мо даҳ сол ҳамроҳ хондаем. 
Ба ҳусну малоҳати Садаф гузашти айём асари худро гузошта буд. Дар рӯяш ожангҳои қариб ноаён падид омада буданд,  аз зери рӯймоли гулдор мӯйҳои каме сафедгардидааш ба назар мерасиданд. 
Фирӯз ҳолпурсӣ кард:
– Соҳибҷӯраам хуб аст? Саломатиаш чӣ хел? Мӯйсафеди бардам шуда гаштааст?
– Ҳамааш хуб. 
Дар ин ҷо ногаҳон воқеае, ки ба фоҷиа табдил ёфтанаш мумкин буд, ба хотир расид. 
Дар дили Фирӯз ҳамон рӯз қасди худкушӣ пайдо гардид. Вай дар соҳили наҳри Дарғам истода буд. Чор-панҷ метр пасттар оби лойқаи Дарғам равон буд. Фирӯз пиндоре дошт, ки пас аз партоб ба Дарғам ба оби калон меафтад, қаъраш амиқ аст, бо мавҷҳои он аввал дар ситез,  охираш ғарқ мешавад. 
Вай худро аз теппае ба Дарғам партоб кард, аммо шод шавад, ё ношод, ки оби лойқа то  миёнаш ҳам намерасид, маҷрои Дарғам ҳам суст буд. Вай ба ин ҳолаш ҳам механдиду ҳам мегирист. Зарраҳои сабукболи барф аҷаб зебо ба сатҳи оби лойқа менишастанд. 
Аз он ки вай бар асари нокомӣ худкушӣ карданӣ буд, ягон кас бохабар нагардид. Сӯзи дил дар дилаш пинҳон монд.  Овози Садаф боз ба гӯшаш даромад. 
– Ҳамааш нағз. Худамон нахондем. Фарзандҳоро дар мактаби олӣ хонондем. Ёд доред, Фирӯз, дар ҳамин ҷо ҷӯраатонро хуб таърифу тавсиф карда будед. 
– Ҳа, Шуморо бо ҳам пайванд карда будам. 
– Шумо боғбон будед, ки моро бо ҳам пайванд кардед, – хандид Садаф. 
Вай ба хотир овард: ошиқӣ ва маъшуқии Садаф ва Соҳиб қариб барҳам хӯрда, дар байнашон ҷудоии якумрӣ афтоданаш мумкин буд. Пас аз хатми мактаб ба хонаи Садаф хостгорҳои бисёр меомаданд. Вай ба ҳама ҷавоби рад медод. Садаф Соҳиби ба хидмати дусолаи ҳарбӣ рафтаро интизор буд. Аммо Соҳиб ҷинояте содир карда буд, ки вайро ба баталони интизомӣ гузаронданд. Акнун хидматаш тӯл мекашид. Дар ин хусус ба Фирӯз мактуб расид. Вай велосипедсавор ба хонаи падару модари Соҳиб рафт, то бигӯяд, ки Садафро банд карда монанд. (Соҳиб бо модаркалонаш дар шаҳр ба воя расида буд) Падару модараш дар деҳа ба сар мебурданд. Ёд дорад, ҳаво сарду аёс, роҳҳо лағжонак буданд. Дар дилаш гӯиё оташ аланга мезад. Сахт дар изтиробу ҳаяҷон буд. 
Фирӯз велосипедро дар дарвозахона партофта, бо забони лакнатпайдокарда ба модари Соҳиб буду шуди гапро гуфт. 
Хостгорӣ ҳам шуд. Пас аз чанде тӯйи хуршрӯе ҳам барпо карданд. Фирӯз, ки ҳунари наттоқӣ дошт, дар шаъни волидайн, арӯсу домод  суханҳои хушрӯ гуфт. Аммо ба хонааш омада, дар гӯшае нишаста хуб гирист. Ба берун баромад. Ба осмони ситоразор нигариста гуфт:
– Худоё, дӯстонамро хушбахт кун. То дами пирӣ бо ҳам бошанд. 
– Хаёл карда мондед, Фирӯз. 
– Ҳа, ҳамон мактаб, навҷавонӣ ба ёдам омад. 
Фирӯз суханро кӯтоҳ кард. Зеро дилаш сахт зад ва ба дард даромад. Вай ба қафо, ба Садаф, ки аз паҳлӯи мактаб мегузашт,  нигоҳ мекарду дар чашмонаш ашк медамид. 
Оре, вай ба хотири дӯстӣ, ишқи ҷавонӣ – сарвати умрро бохта буд. Бо вуҷуди солхӯрдагӣ ҳанӯз дилаш ба Садаф кашол буд. Аммо умр гузашта буд. Баробари қурбон кардани ишқи хештан вай ҷавониро ҳам аз даст дод. 
Ишқи вай ба Садаф то дами вопасин боқӣ хоҳад монд. Шоире чӣ барҳақ фармудааст:
Ишқро оғоз ҳасту
 анҷом нест, 
Бомдоди ошиқонро 
шом нест.
 
Ӯктам ИБРОҲИМ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: