OUEST FRANCE ДАР БОРАИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ БО ӮЗБЕКИСТОН

Рӯзномаи ҳаррӯзаи Ouest France-и Фаронса таҳти унвони «Ҳамкории иқтисодии департаменти Орн бо Ӯзбекистон», ки ба ҳамкориҳои тарафайни доираҳои корчаллони ду кишвар бахшида шудааст, мақола чоп кард.

Дар он гуфта мешавад, ки тӯли ду соли охир муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Фаронса хеле фаъол гардиданд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фаронса, ки моҳи октябри соли 2018-ум ба вуқӯъ пайваст, шаҳодати равшани ин гуфтаҳост. 
Ғайр аз ин хабар дода мешавад, ки дар охири моҳи январи соли равон ҳайати иқтисодии Ӯзбекистон аз департаменти Орн боздид ба амал овард ва бо аъзои Палатаи савдову саноати Нормандияи Шарқӣ дар шаҳри Флер мулоқот ва гуфтушунид баргузор кард.
Дар мақола фикру ақидаи раиси гурӯҳи дӯстии «Фаронса — Осиёи Марказӣ» дар Сенати Фаронса, сенатор аз департаменти Орн хонум Наталья Гул оварда мешавад, вай таъкид намудааст, ки муносибатҳои байни ду давлат таърихи дуру дароз доранд, дигаргуниҳо, аз ҷумла ислоҳоте, ки дар ҷумҳурии мо татбиқ мешаванд, аз ҷониби Фаронса ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон баланд арзёбӣ мегарданд.
Дар мақола ба сафари пешбинишудаи намояндагони тақрибан 20 ширкати фаронсавӣ ба Ӯзбекистон, ки дар байни онҳо фабрикаи бисквитбарории Abbaye, истеҳсолгари панир Gillot, ширкати бофандагии Kiplay, муҷовири техникаҳои роҳсозӣ Tertu ҳастанд, эътибор дода шудааст. Пешбинӣ мегардад, ки дар ҷараёни сафар онҳо ният доранд барои расонда додани маҳсулоти Ӯзбекистон, ҳамчунин оид ба масъалаҳои созмон додани корхонаҳои муштарак дар Ӯзбекистон муоҳидаҳоро ба имзо расонанд.

ОИ «Дунё», 
ПАРИЖ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: