ОВОЗДИҲИИ ПЕШ АЗ МУДДАТ ОҒОЗ ШУД

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот рӯзҳои овоздиҳии пеш аз муддат дар раъйпурсӣ роҷеъ ба Қонуни конститутсиявӣ 19-26-уми апрели соли 2023 муайян шуда буд. Шаҳрвандон дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00, рӯзҳои истироҳатӣ ва ид аз соати 12:00 то 16:00 дар қитъаҳои раъйпурсӣ метавонанд овоз диҳанд.

Дар қитъаҳои раъйпурсии вилоят дар рӯзҳои муайяншуда овоздиҳии пеш аз муддат оғоз гардид. 
Омӯзгори литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии ветеринарияи тиббӣ, чорводорӣ ва биотехнология Гулҷаҳон Ҳотамова аз сабаби 30-юми апрел бо сафари хизматӣ дар ҳудуди дигар шуданаш 19-уми апрел дар қитъаи раъйпурсии Мингтут-89-и шаҳри Самарқанд пеш аз муддат овоз дод.
– Дар ҳақиқат дар таҳрири нави Сарқонунамон бисёр тағйироти бузурге, ки бо ояндаи халқ ва давлати мо вобаста аст, дохил карда шудаанд. Бинобар ин ман ба раъйпурсӣ беэътибор нестам, вале дар рӯзи овоздиҳӣ ба туфайли кори илмиам дар сафар шуданам маълум шуд ва ба комиссияи қитъа муроҷиат карда, пеш аз муддат овоз додам, – гуфт Г.Ҳотамова. 
Ба комиссия барои пеш аз муддат додани овоз ба миқдори 5 фоизи раъйдиҳандагон бюллетен оварда шудааст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: