ОВОЗХОНЕ АЗ ВАРГАНЗА

Дар баробари хушқаламоне, ки дар ҷумҳурӣ бо забони модариамон эҷод мекунанд, санъаткорон низ зиёданд, ки тоҷикӣ мехонанд.

Дар баробари хушқаламоне, ки дар ҷумҳурӣ бо забони модариамон эҷод мекунанд, санъаткорон низ зиёданд, ки тоҷикӣ мехонанд. Ғазалҳои шоирони классикиамон ва шеърҳои суханварони рӯзро бо оҳангҳое, ки офаридаанд, месароянд. Айни замон анъанаи шашмақомсароиро қадри ҳол идома мебахшанд. Яке аз овозхонҳое, ки ҳарфу ҳиҷои тоҷикӣ дар сурудҳояшон диловез садо дода, назокату латофати забони модариамонро дар баромадҳои худ ба ҷилва меоранд, Фармон Азимов мебошад. Ӯ зодаи деҳаи хушманзари Варганза,  воқеъ дар ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё буда, соли 1958 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ҳанӯз овоне, ки дар синфҳои ибтидоӣ мехонд, ба фанни мусиқӣ меҳри дигар дошт. Шеърҳои зиёд азёд мекард. Ёру диёр, модар, манзараҳои нотакрори Ватанро дар сурудҳояш, ки аз қалби беолоиш рӯ мезаданд, тараннум месохт. Ба рубоб дар даст гарми хонишшавии ӯ падараш Муқимака, ки аз илм ва нозукиҳои мусиқӣ бархурдор буд, назорат месохт. Маслиҳатҳо медод, истеъдоди фарзанди ба санъат ошуфтаи худро тарбия менамуд.
Падари Фармон – Муқим Азимов солҳои тӯлонӣ дар мактаби деҳ омӯзгорӣ карда, шогирдони зиёд баровардааст. Мусиқор ва овозхони бомаҳорат буд. Хусусан, дутору танбӯр, най ва сурнайро бо маҳорат менавохт. Фармон аз хурдсолӣ навохтани ин навъ асбобҳои мусиқиро аз падари шодравони худ омӯхтааст. Овози марғуб низ дошт Муқимака. Маъракаҳоро бо таронахонӣ обод мекард.
Тавре Фармон Азимов нақл менамояд, падараш асрори санъат ва дарси навозандагию сарояндагиро дар навбати худ аз бобояш омӯхта будааст, ки дар ноҳияи Китоб вай бо тахаллуси «Раҷаби Меҳтар» маъруфият дошт. Назар ба гӯяҳо, Раҷаби Меҳтар як вақтҳо дар дарбори вопасин амири Бухоро сурнайнавоз ҳам будааст.
Аз ин мебарояд, Фармон Азимов «санъаткорест авлодӣ» ё худ давомдиҳандаи ҳунари аҷдод дар рӯзҳои мо мебошад.
Вай мегӯяд:
– Рӯзеро, ки падарам рубоб ва доира харида омаданд, асло фаромӯш намекунам. Бародарам Мардон (равонаш шод бод) дарҳол ба даст рубоб гирифт, ман – доира. Навохтем, сурудем, хурсандиамонро андоза набуд. Аз он ки мо, бародарон, ба суруд ва мусиқӣ меҳри беандоза доштем, падарамон шавқу сурур дар дил ғунҷонда натавониста, моро аҳсант мехонд, омода буд дар ҳавои хонишҳои мо ҳатто ба рақс дарояд...
Чорабиниҳои маънавию фарҳангие, ки дар дабистон ва маҳалла ба амал меомаданд, бо баромадҳои ҷолиби бародарҳои санъаткор файзи тоза меёфт. Давраороии ин ду ҳаваси ҳамаро меовард. Мактабиён ва аҳли маҳалла бовар доштанд онҳо дар оянда санъаткор мешаванд.
Фармон Азимов солҳои 1977-1979 дар сафҳои артиш хидмат намуд. Баробари хулқи хушу намунавӣ ва намунавор ба иҷро расондани супориши фармондеҳон вай давраи аскаронеро, ки аз Осиёи Марказӣ даъват шуда буданд, бо таронахонӣ гарм менамуд, ба мазмуннок гузаштани вақти холии онҳо саҳм мегузошт.
Баъди адои хидмат Фармон ба зодгоҳ баргашт. Нияти санъаткор шуданро, ки дар қалб мепарварид, бо маслиҳат ва ризояти аҳли хонадон ба шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифт. Дар риштаи овозхонии академии омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе тӯли солҳои 1980-1984 таҳсил намуд. Ҳам мехонд ва ҳам дар Хонаи радиои ҷумҳурӣ ба сифати «курер» (тақсимотгар) адои вазифа менамуд. Дар ин байн ба бисёр санъаткорони тоҷик, аз ҷумла, сарояндагони номӣ Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Карим Қосимов, Абдуҷалил Ҳошимов, Изида Гаврилова ва дигарон аз наздик шинос шуд. Тарбияи қисме аз онҳоро гирифт ва то андозае тавфиқ ёфт. Ҳамон солҳо аввалин таронаҳояш дар радиои тоҷик садо додаанд.
Баъди бомуваффақият хатм кардани омӯзишгоҳи мусиқӣ Фармон дар телевизиони Тоҷикистон ҳамчун коргардони овоз ба фаъолият шурӯъ намуд. Эътиборан аз соли 1987 сарредаксияи намоишҳо барои бачагон ӯро ба даргоҳ хонд. Он ҷо низ ҳамчун коргардон то соли 1990 фаъолият бурд.
Тавассути барномаи «Сапеда»-и оинаи нилгун якчанд сурудаш пешкаши тамошобинон гардонида ва ӯ мухлисон пайдо кард. Бинобар тақозои шароити оилавӣ қаҳрамони лавҳаи мо соли 1990 ба зодгоҳи худ баргашт. Дар мактаби рақами 53-юм, ки номи Зебуннисоро дошт, аз фанни мусиқӣ дарс дод. Қисмате аз шогирдоне, ки баровард, алҳол дар соҳаи таълими мусиқӣ ва маданият кор мекунанд. Вақте дастпарвараш аз тариқи радио ё телевизион баромад намуд, вай мисле мукофот гирифта бошад, мамнунӣ ҳис менамояд.
Фаррух Каримов, Тоҳир Муҳиддинов, Зубайдулло Шарифов барин ҷавонон, ки таълими мусиқӣ аз ӯ гирифтаанд, ҳамчун овозхонҳои хушсалиқа ба дили мардум роҳ ёфтаанд. Худи Фармон худро шогирди Ҷӯрабек Муродов мешуморад. Алиҷон Солиев ва Асадулло Атоуллоев, айни замон, дар тарбияи истеъдоди ӯ саҳм гирифтаанд. Фармон аз муаллимони фанни мусиқии дабистони деҳааш Алиҷон Муҳиддинов ва Аҳадқул Рустамов низ миннатдор, ки дар саводи мусиқӣ бароварданаш заҳмат кашидаанд.
Фармон дар саъйи он ки беҳтарин намунаҳои шеърии шоирони ҳавзаи ӯзбекистонии адабиёти форсӣ-тоҷикиро ба оҳанг дарорад. Сурудҳояш «Ай нозанин», «Модар» (шеърҳои Паймон) ва «Меҳмони ман», «Модарҷон», «Падар» (шеърҳои Абдулло Субҳон) аз тариқи барномаи «Рангинкамон»-и телевизиони ҷумҳурӣ пешкаши умум гардонда шудаанд.
Фармон сурудҳои классикиро низ ба маром расонда мехонад. Хусусан, «Ушшоқи Самарқанд», «Ушшоқи Ҳофиз», «Сегоҳ», «Қӯшчинор», «Зулфи парешон» барин таронаҳо, ки дурдонаҳои бебаҳои мусиқианд, дар иҷрои ӯ гуворо садо медиҳанд. Писараш Ӯлмас роҳи ӯро интихоб кард ва кам нашуд. Ӯ хатмкардаи Институти санъат ва маданият мебошад. Падару писар ҳамроҳ эҷод мекунанд. Ҳамкорӣ самара мебахшад. Ҳарду дар рӯзҳои неки мардуми диёр хидмат мекунанд.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: