ОВОЗХОНИИ БАХШИЁНА – АРЗИШИ ТАЪРИХӢ

Эҷодиёти шифоҳии халқ бо ғановатмандӣ ва бардавомии худ мавқеи алоҳидаро дорад.

Эҷодиёти шифоҳии халқ бо ғановатмандӣ ва бардавомии худ мавқеи алоҳидаро дорад. Он хазинаи бузург буда, ҷавононро дар рӯҳи муҳаббат ба Ватан, ҳурмату эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва пос доштани арзишҳо даъват мекунад. 
Таърихи достонсароӣ бо таърихи этникии халқ алоқаманд буда, дар тӯли асрҳо ба ташаккули эҷодиёти халқ ва тафаккури иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Достонҳои «Кунтуғмиш», «Алпомиш», «Маликаи айёр», «Рӯзҳоям», «Ошиқ Ғариб ва Шоҳсанам» ва ғайра, ки силсилаи достонҳои «Гӯрӯғлӣ»-ро ташкил медиҳанд, манбаи офариниши ҳазорҳо ҷавоҳири сухан – осори шифоҳии халқ гардидаанд. Дар байни достонҳо «Алпомиш» шоҳасар ба шумор рафта, соли 1999 бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифтани ҳазорсолагӣ ва чуқур омӯхтани таърихи пайдоиши он ҳодисаи фаромӯшнопазир гардид. 
Достонҳои халқӣ, ки аз ҷониби шоирони бахшӣ аз авлод ба авлод гузашта, то ҳол сароида мешаванд, хазинаи маънавии халқ ба шумор мераванд.
Дар ҷашнвораи ҳазорсолагии «Алпомиш» ба бахшиён ин баҳо беҳуда дода нашудааст: «Шоирони бахшӣ забони буррои халқи худ ҳастанд». То ҳол номҳои достонсароён Ёдгорбахшӣ, Аминбахшӣ, Эргаш Ҷуманбулбул, Фозил Йӯлдош, Пӯлканшоир, Бекмурод Ҷӯрабойӯғлӣ, Бердибахшӣ, Қо-дирбахшӣ, Очил Махсум ва Рӯзимуродро бо эҳтиром ба забон мегиранд.
Шоир Шавкат Бобомурод баробари омӯхтани мактаби бахшиён, аз падару писар Саидмурод ва Дилмурод – бахшиёни сирдарёӣ, ки дар деҳаи Ғаллакори ноҳияи Навободи вилояти Самарқанд истиқомат доранд, сабақ гирифт ва имрӯз ба рушди санъати бахшигарӣ ҳиссаи худро мегузорад. Китобҳои шоир бо номи «Биё, думбураам», «Васфи диёр», «Модарҷонакам», «Боз баҳор омад» рӯйи чопро диданд. Дар қатори онҳо достони «Соҳибқирон Темурбек» ҷойгоҳи худро дорад. Достон ба Амир Темур бахшида шуда, чун эҷодиёти даҳонакии халқ, бо услуби бахшӣ-оқинҳо  офарида шудааст.
Баъди вохӯрӣ бо роҳбари давлат дар ҷашнвораи овозхонии бахшиёна, ки 5-10 апрели соли 2019 дар шаҳри Тирмиз баргузор шуд, дар дили шоир муҳаббат ба Ватан бештар гардид. Ба равнақи санъати бахшигарӣ, ки сарчашмаи ҳаётбахши маданияти халқ ба шумор меравад, мавқеъ ва аҳамияти он дар ташаккули маданияти мил-лӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳи ватанпарварӣ, омӯхтани мероси таърихӣ ҳиссаи чунин бахшӣ-шоирон калон аст.

Малика НАҶМИДДИНОВА,
роҳбари экскурсияи ансамбли Регистон.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: