«ОВОЗИ САМАРҚАНД» – ҲАМНАФАСИ ЗАМОН

Дирӯз дар толори маҷлисҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд тибқи ҷадвали чорабиниҳое, ки ҳокими вилоят Э. Турдимов ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси рӯзномаи “Овози Самарқанд” тасдиқ кардааст, анҷуман баргузор шуд.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Р. Холмуродов, ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Б. Раҳмонов, Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон, шоира Х. Бобомуродова,  мудири кафедраи забонҳои шарқи донишгоҳ А. Воҳидов, мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” дар вилоят З. Ҳасанзода ва дигарон дар бораи таърихи таъсиси рӯзнома, аҳамияти он бобати воқиф намудани мардуми Самарқанд аз навидҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят сухан карданд.
Зикр шуд, ки рӯзномаи “Овози Самарқанд” меваи шаҳдбори замони нав ва тимсоли кушодадиливу ҳамдӯстии миллатҳо буда, бобати тарғибу ташвиқи дӯстии халқҳо, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ чун минбари розу ниёзи тоҷикони вилоят корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад. 
– “Овози Самарқанд” овози мардуми тоҷикзабони Самарқанд аст, — гуфт ректори донишгоҳ Р. Холмуродов. – Имрӯз рӯзнома дар байни воситаҳои ахбори оммавии чопии вилоят мавқеи хоса дорад ва мардуми ҷаҳон метавонанд матолиби онро тавассути Интернет низ мутолиа кунанд. Ҳангоми аз назар гузаронидани саҳифаҳои рӯзнома шоҳид мешавед, ки “Овози Самарқанд” ҳамдам, ҳамқадаму ҳамнафаси замон буда, маводи ҷолибу хонданӣ чоп мекунад.
Дар доираи анҷуман як гурӯҳ фаъолон ва ҳамкорони рӯзнома барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ, саҳми шоиста дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, иштироки фаъол дар тарғибу ташвиқи нашрия бо ташаккурномаҳо сарфароз гардиданд. 
Санъаткорони хушхони Самарқанд Асадулло Атоуллоев, Иноятулло Раҳмонов, Озода Аҳмадова, Фирдавс Ҷумъаев бо сурудҳои дилкашу ҷолиб ба  анҷуман шукӯҳи идона бахшиданд.
Баромадҳои ҷолиби донишҷӯёни факултети филологияи донишгоҳ боиси кафкӯбиҳои иштирокдорон гардиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: