Ҳар як шумораи «Овози тоҷик»-ро мехонам, то аз вазъи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву навгониҳои ҳаёти тоҷикони ҷумҳурӣ огоҳӣ ёбаму ташнагии маънавиам бишканад.
Ҳамчунин аз комёбиҳои ҳамдиёрони ҳамзабон шоду масрур гардам, аз ҳикоёту шеърҳои адибон таассуроти маънавӣ бардорам.
Мақолаи «Халқ овози» овози худро дорад»-ро, ки аз ҷониби АМИТ Ховар таҳия ва дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (18 январи соли 2023, № 5) чоп шудааст, мехондаму ба чашмони худ бовариам намеомад. Худ ба худ мегуфтам: «Овози тоҷик»-чӣ? Ба соҳибзабонони ҷумҳурии ҳамсоя ҳавасам омад. Офарин ба онҳо, мардуми баору баномус, хештаншиносу боғурур будаанд.
«Аз моҳи январи соли 2023 нашрияи ӯзбекии Ҳукумати Тоҷикистон «Халқ овози» бори аввал дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха нашр мешавад». Ин ҷумларо аз он мақола хонда, ба адади нашрияи тоҷикии Ҳукумати Ӯзбекистон «Овози тоҷик» ва рӯзномаи тоҷикии Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд «Овози Самарқанд» назар афкандам. Мутобиқан адади нашри газетаҳо чунин буд: 353 ва 3450 нусха. Тафовут касро ба андеша водор мекунад. Оё нуфуси мо – тоҷикон дар Ӯзбекистон кам аст? Оё мо анъанаҳои ниёгонро ба фаромӯшӣ додаему китобу рӯзнома намехонем? Ё барои мо дар Ӯзбекистон имконоти омӯзишу таҳсил маҳдуд аст?
Магар дар арафаи 100-солагии нашри рӯзнома чунин муносибат ба ҷашни якасринаи он равост?
Чун сухан аз боби нуфуси тоҷикон дар Ӯзбекистон меравад, як таъкиди муаррих, филолог, мусташриқ ва исломшиноси машҳур В. Бартолд ба ёдам мерасад, ки: «...Аз се ду ҳиссаи аҳолии шаҳри Бухороро тоҷикон ташкил медиҳанд». Ба ин гуфтаи олими муҳтарам қаноат накарда, ба ҷустуҷӯи нуфуси ӯзбекон дар Тоҷикистон ва нуфуси тоҷикон дар Ӯзбекистон машғул шудам. Ошкор гардид, ки тибқи барӯихатгирии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2010, ӯзбекон дар ин ҷо 926 344 нафар нуфус доштаанд. Мувофиқи ҳисоботи омори соли 2017 дар Ӯзбекистон 1544700 нафар тоҷикон буду бош доштаанд. Аз рақамҳо мебинем, ки нуфуси тоҷикони Ӯзбекистон бештар аст. Пас айб дар ош аст ё мош?
Бешубҳа, мо – тоҷикон беҳиммату беғурур шудаем.
Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва марказҳои миллию мадании тоҷикони вилоятҳо, ба хусус раисони онҳо, бояд дар ин раванд, яъне тарғибу ташвиқи обуна ба рӯзномаҳои тоҷикии мамлакат, аз ҷумла «Овози тоҷик» саҳмгиру ҳиссагузор бошанд.
Китобу рӯзнома намехонем. Ба вижа ҷавонон аз гузаштагони худ огоҳӣ надоранд. Дур намеравем, ман сокини кӯҳпояи Нурато ҳастам. Дар деҳоти тоҷикнишини ҳудуди вилоятҳои Навоӣ ва Ҷиззах дар даҳ мактаб таълим ба забони тоҷикист. Мардуми ин деҳот сад дар сад тоҷиконанд. Тибқи ахбори сарвари шуъбаи алоқаи Каттаэҷ Тоҷиддин Амонов, ки ба мардуми панҷ деҳаву панҷ мактаб хизмат мерасонад, танҳо омӯзгорон ба се нусха рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шудаанд. Аз омӯзгорони мактабҳои рақами 21, 38 ва 49 нафаре ба рӯзномаи тоҷикӣ обуна нашудааст. Вақте ки табақаи зиёиёни кишвар ба забони модарии худ чунин муносибат доранд, аз қишри дигари ҷомеа чӣ ҷои гила.
Мухбири «Овози тоҷик» дар вилояи Ҷиззах Анорбой Назаров гуфт, ки омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах дар соли 2023 якдонагӣ – ба панҷ дона рӯзномаи ҷумҳуриявии тоҷикӣ обуна шудаанд. Ноҳия панҷ мактаби тоҷикӣ дорад.
Чанде пеш бо Фармон Азимови қашқадарёӣ суҳбат доштам. Ӯ аз деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоб аст. Омӯзгор буд, дар айни ҳол нафақагир аст. Сухан аз боби обуна рафт. Суол додам:
– Оё ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шудаед?
– Не, – гуфт дар ҷавоб. – Вазъи иқтисодии оилавиам имкон надод.
Ӯ ҳатто намедонад, ки нархи обуна ба рӯзнома чанд сӯм аст. Дар деҳаи Варганза чор мактаби тоҷикӣ будааст. Омӯзгори бознишаста аз вазъи обуна огоҳӣ надорад.
Боре бо марди худшинос Сулаймон Содиқови бӯкагӣ (вилояти Тошканд) тамоси телефонӣ доштам. Доир ба обуна суҳбат кардем. Дард дорад Сулаймон, дарди маънавӣ. Дар мактаби рақами 9-уми Бӯка, ки ӯ кор мекунад, бист нафар ба «Овози тоҷик» обуна шудаанд. Офарин, боракаллоҳ!
– Ин кам аст, – мегӯяд Сулаймон. – Ин миқдорро зиёд мекунем.
Вай иброз дошт, ки муаллим бояд китобу рӯзнома хонад. Оне, ки аз китобу рӯзнома дур аст, забони адабии тоҷикиро аз куҷо омӯзад. Имрӯз аксар омӯзгорон ба забони ноби тоҷикӣ озод гап зада наметавонанд.
– Рост,– суханашро идома дод Сулаймон, – обуна дар ҷумҳурӣ ихтиёрӣ. Вале ин маъное надорад, ки мо – омӯзгорон наомӯзем, маҳорати касбӣ ва маърифатии худро ташаккул надиҳем. Падару модар ҳам омӯзгор мебошанд. Аз ин рӯ набояд аз ин раванд дар канор бошанд. Дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти бештар доранд онҳо.
Чун сухан аз гаронии нархи обунаи рӯзнома пеш овардам, Сулаймон суханамро бурид.
– Не, ин баҳона шуда наметавонад. Мардум ба гузарондани тӯйҳои бодабдаба, харидани чандин адад сабукрави қимматбаҳо, ба пардохти суперконтрактҳо ва ғайра пул пайдо мекунанд. Агар зиёда аз сад яки ин маблағро барои таълиму тарбияи фарзандон, яъне ба хариди китобу обуна ба рӯзномаҳо сарф намоянд, нур ало нур мешавад. Роҳбарони мактабҳо, аъзоёни кумитаҳои падару модарон, ба хусус раисон бетарафиро ихтиёр намуда, ба тарғибу ташвиқи ин ҷараён беэътиборанд...
Оре, чун як марди худшиносу худогоҳ дард дорад Сулаймон, дард аз бехудиву бепарвоии мардум.
Мегӯянд, ки офтоб аз баромадаш аён аст. Ин рақамҳоро ҳоҷати шарҳу эзоҳ нест. Равшан аст, омӯзгороне, ки рӯзнома намехонанд аз навгониҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бахусус фарҳангии ҳамзабонон огоҳӣ надоранд. Дар саҳифаҳои рӯзнома маводи зиёд доир ба таълиму тарбия чоп мешаванд. Аксари онҳоро омӯзгорони ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ менависанд, ки ин худ як намунаи таҷрибаивазкунӣ, худомӯзиву такмили маҳорат аст. Рӯзнома саҳифае дорад бо унвони «Омӯзгор». Маводи ин саҳифа дархӯрди омӯзгорон мебошад.
Китобро манбаи дониш мегӯянд. Пас рӯзнома ҳам манбаи донишу маънавият аст. Баъзан менолем, ки китобҳои тоҷикӣ каманд. Шукр, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» нашр мешаванду маводи зиёди таълимию тарбиявӣ, услубӣ, адабию бадеиро чоп мекунанд ва метавонанд талаботи маънавии хонандаро қонеъ созанд.
Магар имрӯз донишҷӯёни мо китобу рӯзнома мехонанд? Оё олами маънавии худро ташаккул медиҳанд? Барои толибилмони тоҷик дар ҷумҳурӣ, ҳарчанд кам аст, имкониятҳо ҳастанд. Дар донишгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз, Чирчиқ, Фарғона ва Бухоро бахшҳое ба забони тоҷикӣ амал мекунанд. Бисёр шунидаему хондаем, ки донишҷӯён аз набудани китобу дастурҳо ба забони тоҷикӣ меноланду менависанд. Гӯё дастрас намудани китобҳо ба забони тоҷикӣ мушкил аст. Оё кулли донишҷӯёни ин бахшҳо медонанд, ки ба забони модарии онҳо маҷаллаю рӯзномаҳо ба табъ мерасанд? Обуна нестанд, пас аз куҷо донанд? Нахонанд, гузаштагони худро надонанд, бо чӣ ифтихор кунанд?
Таърих гувоҳ аст, ки мо тоҷикон дунёро на бо зарби шамшер, балки бо маънавияти волоямон гирифтаем. Шоири халқии Қирғизистон Қубаничбек Маликов эътироф мекунад, ки «Дар байни халқҳои Осиёи Миёна тоҷикон маданияту фарҳанги қадима ва баландпоя доранд. Ин халқи сулҳдӯсту боистеъдод ба қирғизҳои кӯчӣ ҳамеша таъсири муфид расонидааст».
Дил мехоҳад, гузориши мазкур дар ҳар як мактаби тоҷикӣ ва бахшҳои тоҷикии донишгоҳҳо, дар ҷамоаҳо мавриди баррасӣ қарор бигираду ба эҳтироми шири сафеди модарон ҳамзабонони мо тарки хоб кунанд ва барои дастгирии забони модарӣ – рӯзномаи худ камари ҳиммат банданд. Собит кунанд, ки тоҷикон аз ҳеҷ кас кам нестанд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».