«ОВОЗИ ТОҶИК» ДАР МЕҲМОНИИ «САДОИ МАРДУМ»

Дар мустаҳкамшавии муносибатҳои ҳарҷониба байни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нашрҳои даврӣ низ нақши равшан доранд.

Расонаҳои ахбори оммавии ду кишвар, айни замон, дар тавсиаи ҳамкорӣ миёни ҳам саҳифаҳои нав мекушоянд. Тавре хабар дода будем, «Садои Шарқ», «Шарқ юлдузи» ва «Ҷаҳон адабиёти», ки дар Душанбеву Тошканд аз чоп баромада, маҷаллаҳои адабӣ-бадеианд, саҳифот ва шумораҳои махсус ба якдигар бахшида, дӯстнавозӣ бо маънои ҳақиқиеро, ки Ҷомию Навоии соҳибқалам оғоз бахшида буданд, дар шароити нави таърихӣ идома доданд.
Ба наздикӣ «Садои мардум» – нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шумораҳои махсуси худро ба «Овози тоҷик» – рӯзномаи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшид. Мақолаи сармуҳаррири рӯзномаи мо Шерпӯлод Вакилов бахшида ба дӯстӣ ва равобити дуҷониба миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки бо ташаббуси сарони ду кишвар мазмун ва моҳияти тоза касб намуд, «Саҳифаи нав дар китоби робитаҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон» унвон гирифта, дар саҳифаи якуми рӯзномаи «Садои мардум» ҷой гирифтааст. Муаллиф, аз ҷумла, қайд карда, ки «Ҳоло вақти он расидааст, барои сабзу хуррамсозии ниҳоли дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  гомҳои тоза бардорем».
«Дар ғаму шодӣ шариканд» ном мақолаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ оиди робитаҳои илмӣ-адабӣ ва фарҳангии ду халқ аст, ки решаҳои таърихӣ дошта, дар давраи ҳозира рӯ ба шукуфоӣ доранд. «Пайванди ногусастанӣ»-и депутати Шӯрои намояндагони  халқи ноҳияи Узун Норқул Эрдонов баёни эҳсоси масарратомези аҳолиест, ки аз кушода шудани сарҳадҳо байни ду давлат мамнуният изҳор медоранд. Маводи Қодир Ҷӯраев – узви Кумитаи корҳои байналхалқӣ ва робитаҳои байнипарлумонии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Саҳифаи нави ҳамкории мутақобил» оиди маҷрои ба худ хос пайдокунии равобит байни парлумонҳои ду кишвар аст. Ҳамчунин хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро Амрулло Авезов, рӯзноманигорон Анорбой Назаров ва Саодат Бекназарова, собиқадори меҳнат аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Султоналӣ Болтаев бо мақолаҳои худ «Шодию хурсандии моро ҳадде нест», «Афсонаи дӯстӣ надорад анҷом», «Дидорбинии  деринтизор», «Дӯстии тоҷикону ӯзбекон дар таърих ҳамто надорад» саҳифаҳои «Садои мардум»-ро ҷолиб гардондаанд.
Рӯзноманигори шоистаи Ӯзбекистон, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Тошканд  – «Ориёно» Маъруф Отахонзода аз тариқи рӯзномаи мазкур изҳор дошта, ки бигузор уқоби дӯстӣ баландпарвоз бошад.
Зуд-зуд меҳмони якдигаршавии нашрҳои даврӣ, бовар ҳаст, баробари  меҳрафзоӣ ба парвозҳои нави эҷодӣ асос мегардад.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: