“ОВОЗИ ТОҶИК” – ДАРГОҲИ МУҚАДДАС

Вожаи “муқаддас” чанд маънӣ дорад. Дар “Фарҳанги форсии имрӯз” дар шарҳи ин вожа омадааст: 1. Шоистаи парастиш ё эҳтироми комил ба хотири хубӣ ё камол. 2. Мутааллиқ ё вобаста ба Худо. 4. Дорои кайфияти осмонӣ ё ғайримоддӣ. 4. Бисёр боарзиш ва гиромӣ.

Вақте мо мегӯем: Ватан, модар, забони модарӣ, хонаи падарӣ... муқаддас аст, ба маънии чоруми ин калима аст, яъне бисёр баарзиш ва гиромӣ. Дар ин навишта сухан аз вожаи “муқаддас” нест. Балки аз меҳмонест, ки баъди чанд даҳсола аз Душанбе ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” омадаасту мегӯяд: “Ин даргоҳ барои ман муқаддас аст”.
Ин меҳмони азиз доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов мебошад. Ӯ 10 сентябри соли  1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Хатмкардаи шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, дар вазифаҳои декани факултети филология ва журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раиси кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Таълифоташ бо номҳои «Журналистика» (иборат аз чор ҷилд), «Таърихи журналистикаи тоҷик» (бо ҳаммуаллифии Давлат Давронов ва Наргис Усмонова), «Назарияи журналистика», «Жанрҳои публитсистика», «Назаре ба ҳаҷвиёти Убайди Зоконӣ», «Қоидаҳои одоби журналистика», «Тоҷикнома» (иборат аз се ҷилд) рӯйи чопро дидаанд.   
Овоне, ки ӯ ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») барои таҷрибаомӯзӣ омад, хеле ҷавон буд. Ҳамагӣ бист сол дошту дар шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мехонд. Он вақт ходимони кунунии рӯзнома шогирдони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ буданд ва шояд дар гӯшаи хаёлашон наомада буд, ки рӯзгоре фаро мерасаду дар ин даргоҳи муқаддас анъанаҳои пешинагонро идома медиҳанд. 
– Соли 1968 дар рӯзнома, ки бори сармуҳарририаш бар дӯши Шавкат Ниёзов буд, Муҳаммадҷон Васфӣ, Тоҳир Олимбоев, ходимони нисбатан ҷавонтар Ҷонибек Қувноқов, Юсуфалӣ Мирзоев (хонаи охираташон обод бод) ва дигарон кору фаъолият доштанд. Дареғ, ҳамаи он азизон дар дилу ёди ман зиндаанду имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, – иброз дошт донишманд. –  Маро барои коромӯзӣ ба шоир, тарҷумон, рӯзноманигор, муҳаррири бахши маориф ва маданияти рӯзнома Муҳамадҷон Васфӣ вобаста карданд, ки ходимон аз рӯйи эҳтиром эшонро “Домулло Васфӣ” мегуфтанд. Устоди сахтгир дили меҳрбон доштанд. Дар рафти кор аз он кас бисёр чиз, аз ҷумла, дар асоси факту рақамҳо навиштани хабару мақоларо омӯхтам.
Рӯзе устод гуфтанд: “Иброҳимҷон, ба рухсатӣ баромаданиям. Ба ҷойи ман як моҳ кор мекардед. Аз маъмурият хоҳиш мекунам, ки маошатонро пурра диҳанд”. Вақте ба маънои “Оё метавониста бошам?” сӯяшон нигаристам, илова карданд: “Аз шумо дилам пур”.
Боварии устод бароям нерӯ бахшид. Бино ба нишондоди пирони кор, ба чоп омода кардани матолиби мухбирони ғайриштатӣ, аз ҷойи воқеа омода кардани хабару мақола ва гузоришҳои саривақтӣ дасти мо – таҷрибаомӯзонро ба кори журналистӣ рост мекард.
Устод Васфӣ Ҷонибекро бисёр ҳурмат мекарданд, ба мо «ҷавони боақлу фаросат ва донишманд, мебинед, дар оянда шоири тавоно мешавад» гуфта аз ғайбаш таъриф мекарданд. Мо бо Ҷонибек зуд унс гирифтем. Солҳои баъдӣ дар Тошканду Душанбе аз ҳоли ҳамдигар хабар мегирифтем. Ҷонибек бо корҳои эҷодии худ ба Тоҷикистон меомаду ман ҳамроҳи шогирдони таҷрибаомӯзам ба Ӯзбекистон мерафтам. Он солҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон на танҳо дар шаҳри Тошканд, балки дар вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Бухоро, Намангон ва Фарғона низ таҷриба меомӯхтанд. Фолклоршиносонро ба Сурхондарё ва лаҳҷашиносонро ба Самарқанд мефиристодем... 
– Боре дар соли аввали таҷрибаомӯзӣ бо ҳамроҳии аксбардори рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», шодравон Сергей Заблотский ба хоҷагиҳои ҷамоавии тоҷикони «Ғалаба», ба номи Карл Маркс ва Максим Горкийи ноҳияи Ворошилов (ҳоло Сайҳунобод)-и вилояти Сирдарё барои омода кардани мавод аз ҳаёти пахтакорон рафтем, – гуфт ӯ дар идомаи суханаш. – Бо мардум зуд унс гирифтем. Шеваи тоҷикнишини ин хоҷагиҳо, ки рӯзгоре  аз куҳистони Нурато, бино ба хоҳишу иродаи ҳукумати он аҳд ба ин манзилҳо кӯч баста будаанд, бо шеваи мо – понғозиёни ноҳияи Ашт хеле наздик будааст. Онҳо низ мисли мо ҳиссачаи «оё»-ро дар шакли ихтисоршудаи «о» — «рафтедо?» («рафтед-оё?»), «омадедо?» («омадед оё»), «гуфтедо?» («гуфтед оё?») ба кор мебурдаанд. Маводро бо суратҳояш дар як рӯз омода кардем...
Рӯзномаи «Овози тоҷик» бароям аз он ҷиҳат низ азиз аст, ки ба бисёр намояндагони илму адаби тоҷик дар осмони эҷод боли парвоз бахшидааст. Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ яке аз таъсисгарони ин рӯзнома аст. Нахустин мақолаҳои таърихии ӯро ҳамин нашрия ба хонандагони тоҷик пешниҳод кардааст. Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров, олимони адабиётшинос Раҳим Ҳошим, адибон Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон бо ин нашрияи муътабар сарукор доштанд, шеъру мақолаҳояшон дар саҳифаҳои он чоп мешуд.
Инҷониб  бо ҳамсарам, яке аз журналистони собиқадори Тоҷикистон — Марям Бозорова бори нахуст дар ҳамин даргоҳ шинос шудаем.
Вақте ба устоди сухан суол кардам, Шумо чанд сол декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будед, оё аз кори дастпарварони худ қаноатманд ҳастед? Гуфт:
— Бале, имрӯзҳо дастпарварони факултет дар бахшҳои гуногуни расонаҳои хабарӣ кору фаъолият доранд. Устодони донишгоҳ комёбиҳои онҳоро дида ва хабари пешрафташонро шунида, мисли боғбоне, ки дарахтҳои парваришкардааш самар додаанд, хушҳол мегарданд. Журналистони тоҷикистониро шояд хонандагони рӯзнома камтар шиносанд, вале фикр мекунам, бо номҳои ҳамватанони худ ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» — Тоҷибой Икромов, сармуҳаррири рӯзномаи «Ховар» — Олим Панҷизода, мухбирони собиқу имрӯзаи вилоятии рӯзномаи «Овози тоҷик» — Мирасрор Аҳроров, Нуралӣ Раҷаб, Неъмат Эшқувватов, Анорбой Назаров ва журналистони касбӣ Шаҳодат Раҳимова, Файзулло Каримов, ки дар солҳои гуногун факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардаанд, ошноянд. Журналистони дигари ӯзбекистонӣ Пайванди Гулмурод ва Қироншоҳ Шарифзода, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият доштанду доранд, низ хатмкардагони шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонанд. Пайванди Гулмурод бозёфти журналистӣ мебошад. Ин бозёфт ба он маъно, ки шодравон журналисти патриот буд. Худаш дар матбуот кам фаъолият дошт, вале ҳамвора ҳамкорӣ мекард, ҳамзамон ба журналистони оянда бо нигоҳи журналистӣ дарс медод. 
Ман аз устодони соҳа Қироншоҳ Шарифзода, Ҷовид Муқим, Сангин Гулов, Мурод Муродӣ, Аъзамҷон Азимов ва чанд нафари дигар, ки ҳамаи тору пудашонро ба ин касб бахшидаанд, бо ифтихор метавонам сухан гӯям.
— Шумо чанд сол дар Тошканд набудед. Пойтахти моро чӣ гуна дарёфтед? — суол кардам аз ӯ.
— Қабл аз он, ки ба суолатон ҷавоб диҳам,  бояд бигӯям, ки бо иродаи сиёсии сарварони хирадманди ду мамлакат боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, роҳандозӣ гардидани рафтуои озод ба шодию хурсандии аҳли илму адаб, хоссатан, одамони одӣ афзуд. Бо ҳамсарам тавассути фурудгоҳи Тошканд ба Ҷопон, ки он ҷо писари калониамон ба сар мебарад, рафтанӣ будем. Ба ҳар ҷое, ки дил кашад, пой меравад. Нақша кашида будем, ки сари роҳ ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» низ медароем. Бемуболиға мегӯям, ки Тошканд ба таври шинохтанашаванда дигар шудааст. Кӯчаҳои фароху ҳамвор, рафтуои автомобилҳои гуногунтамғаи ватанӣ, биноҳои осмонбӯс ва маркету супермаркетҳои замонавӣ ба ҳусни пойтахти Ӯзбекистони Нав афзудаанд...
Сари як пиёла чой суҳбатамон тафсид. Вале меҳмонон шитоб доштанд, бояд баъди чанд дақиқа роҳи фурудгоҳи пойтахтро пеш мегирифтанд.
Онҳоро то дами дар гусел кардему дар худ гуфтам: «Профессору ҳамсараш инсонҳои хуб будаанд. Метавонистанд мисли баъзеҳо бо тамошои манзарае, боғе, хиёбоне вақтро кӯр карда, ба манзили умед раванд. Вале онҳо ин корро накарданд. Хостанд аз даргоҳи барояшон муқаддас — «Овози тоҷик» дидан кунанд...»

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: