«ОВОЗИ ТОҶИК» МОЯИ ФАХРИ МОСТ!

Мақолаҳои бо унвонҳои «Хонанда бояд ниёзманди рӯзнома бошад» («Овози тоҷик», Султон Набиев, №88, 31 октябр) ва «Рӯзнома забони миллат аст» («Овози тоҷик», Пардабой Эшонқулов, №88, 31 октябр) ва «Дарди ман аз бедардиҳост» («Овози тоҷик», Ҳикмат Султонзода, №91, 10 ноябри соли ҷорӣ)-ро хонда, дилам ба ҷӯш омад ва беихтиёр қалам ба даст гирифтам.

Дуруст аст, ки забони миллат ин ҳастии  миллат аст. Миллати мо ба дунё ин қадар бузургону донишмандонро додааст, ки мо метавонем ва месазад бо онҳо ифтихор кунем. 
Аммо танҳо бо фахр кардан мушкил осон намешавад, бояд амал кард. Барои ин бояд ягона рӯзномаи ҷумҳуриявии мамлакат «Овози тоҷик»-ро, ки бо забони модарии мо чоп мешаваду аз аввалин рӯзномаҳои мамлакат аст, дастгирӣ кунем.
Ман, агар касе бигӯяд, ки барои обуна пул надорам, бовар намекунам. Барои харҷи тӯю маъракаҳои серодаму серхараҷот ҳама пул доранд-ку? Ин исботи он аст, ки мардуми мо бештар роҳи худнишондиҳиро пеш гирифтаасту аз маънавияти хеш дур мешавад. Беҳуда нест, ки Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев бештар ба китобхониву рӯзномахонӣ таваҷҷӯҳ додааст. Бо мақсади дастгирӣ намудани рӯзнома чор-панҷ сол пеш чанд нафарро аз ҳисоби худам обуна карда будам. Аммо, баъдан фаҳмидам, ки онҳо рӯзномаро умуман намехондаанд.
Мо – тоҷикони Ӯзбекистон бояд ифтихор кунем, ки чунин рӯзнома дорем. Ҳоло таҳти роҳбарии Президент на фақат сиёсати хориҷӣ, балки сиёсати дохилӣ ҳам дигар мешавад. Дар вохӯриҳои ду Президенти давлатҳои ҳамсояву бародар Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон қарор шуд, ки барои инкишоф додани забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ дар ҳар ду кишвар ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шаванд.
Боиси ифтихор аст, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳам вобаста бо замон дигар мешавад ва шавқовартар мегардад. Доираи хонандагон ва муаллифони мақолаҳои рӯзнома рӯз ба рӯз васеътар мешавад.
Мо – тоҷикон бояд аз имкониятҳо дуруст истифода бурда, барои рушди забону маданияти миллиамон кӯшиш кунем. Дар ин роҳ дастгирӣ аз рӯзномаи «Овози тоҷик» хеле муҳим аст, зеро фақат аз тариқи рӯзнома мо аз зиндагиву муаммоҳои ҳамзабонони кишварамон хабардор мешавем. Рӯзнома пули равобити байни тоҷикони мамлакат аст. 
Бояд таъкид намуд, ки дар натиҷаи беэътибории мо нисбат ба забони модарӣ баъзан забони якдигарро намефаҳмем. Боре дидам, ки як тоҷики ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд бо як тоҷики ноҳияи Чусти вилояти Намангон ба забони худ гап намезананд. Сабаб пурсидам. Онҳо ҷавоб доданд, ки ҳамдигарро хуб намефаҳманд. Ман дар ҳайрат мондам, зеро ақидае ҳаст, ки тоҷикони Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқ аслан аз ноҳияи Чусти Намангон омадаанд. Чунин мисолҳоро аз ҳамзабонони ҳудудҳои дигар ҳам овардан мумкин аст. Зеро мо нисбат ба забони модарӣ беэътибор ҳастему рӯзномаву китобҳоро бо забони худ мутолиа намекунем.
Магар айб нест, ки шумораи обуна ба рӯзномаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ ду ҳазор адад бошад?
Ба фикри ман, мо бояд дар ин масъала ба мактабҳои тоҷикӣ бештар эътибор диҳем. Зеро эҳтиром ба забони модарӣ дар мактаб ташаккул меёбад. Ман  ба хонандагони доимии рӯзнома аҳамият медиҳам ва хулоса мекунам, ки онҳо асосан нафароне ҳастанд, ки мактабҳои тоҷикиро хондаанд. Мактабҳои тоҷикӣ  на фақат ояндаи рӯзномаи «Овози тоҷик», балки ояндаи забони мо дар мамлакат  мебошанд. Дар рӯзнома бояд ба тарзи доимӣ саҳифае бахшида ба ҳаёти мактаб чоп шавад, ки дар он комёбиву муаммои маърифатгоҳҳои тоҷикӣ ошкоро инъикос ёбанд. 
Солҳои охир танҳо дар ноҳияи Бӯстонлиқ чандин синфи тоҷикӣ фаъолиятро бас карда буд, аммо сабаби онҳоро ҳеҷ кас муҳокима накард. Аз ин рӯ ман ҷонибдори фикри Ҳикмат Султонзода ҳастам. Оре, хабарнигорони рӯзнома дар ҳалли муаммоҳои миллати хеш бояд боҷуръаттар бошанд. Зеро «Овози тоҷик» рӯзномаи маҳаллӣ нест, балки рӯзномаи  парламент ва ҳукумати мамлакат аст.

Содирҷон ТОЛИБЗОДА, 
ҳуқуқшинос. 

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: