«ОВОЗИ ТОҶИК» ОВОЗИ МОСТ!

Пас ба он бояд обуна шавем

Пас ба он бояд обуна шавем
Ҳанӯз аз замони мактабхонӣ ва баъдтар айёми донишҷӯиам дар бахши иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба мутолиаи рӯзномаву маҷаллот, китобҳои бадеие, ки бо забони ноби тоҷикӣ таълиф ёфтаанд, шавқу рағбат дорам. Порсол ва андак аввал баъди боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рафта омадам ва ҳини бозгашт бо худ китобҳо савғотӣ гирифтам.
Ба  онҳое, ки бо қалам сару кор доранд ҳурмату эҳтироми хосса дорам. Ба қадри сухани суханварон мерасам. Рӯзномаи ягонаи ҷумҳурӣ «Овози тоҷик» азбаски ба забони модарӣ ба табъ мерасад, чунин мепиндорам, ки он ифодагари орзуву ниятҳои мост. Матолиби зиёд дар бораи эҷодиёти шоирони маҳбубро аз он метавон мутолиа кард. Алалхусус аз ашъори  шоири дӯстдоштаи ман Лоиқи бузург бисёр намунаҳо ҷой доранд. 
Яъне, «Овози тоҷик» ин овози мост. Пас, биёед ба он обуна шавему ҳамвора мутолиа намоем. Ба фарзандону набераҳои худ ин ақидаро талқин созем...

Қ. ҚИРОНЗОДА,
иқтисодчӣ аз деҳаи Моҷарми ноҳияи Фориш.


ҲИММАТ БАЛАНД ДОР...
Марги миллат аз марги забон сар мезанад. Марги забон бошад аз беэътибориву бепарвоии соҳибзабонон. Имрӯзҳо мавсими обуна давом дорад. Мавсимест, ки аз ҳар яки мо масъулиятро талаб менамояд. Агар  мо миллати худ, забони худ, модари худро дӯст дорем, бояд обуна шавем. Хусусан, омӯзгорон бояд  бо ин рӯзнома ифтихор намоянд. Аммо афсус, ки ин хел нест. Омӯзгори тоҷик имрӯз аз обуна мегурезаду садҳо баҳона пеш меорад, ки шароит надорам. Маънавият, ки нест рӯйи рост дурӯғ мегӯянд. Набошад ҳар рӯз барои чойхона шароит ҳаст, барои сохтани хонаҳои замонавӣ шароит ҳаст, автомобилхарӣ ҳасту барои обуна нест. Агар ҳамаи омӯзгороне, ки бо ин забони шево таълим медиҳанд обуна шаванд, теъдоди рӯзнома ба 6-7 ҳазор нусха мерасад. Ба фикрам мактабҳои тоҷикӣ ба ҳоли худ овора. Мебояд, ки Вазорати таълим ва ё маркази таълими ҷумҳурӣ бо ин кор машғул шавад. Ё байни омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ озмунҳои «Донандаи забони адабӣ», «Иншои беҳтарин», «Қироати ғазал» ва ғайраро метавон ба роҳ монд. Пайвастагие байни мактабҳо ва Вазорати таълим нест. Аз тарафи дигар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ низ то ҷое бемасъулиятанду парвои обуна надоранд. Чанд сол пештар таҳти фишор баъзеҳо обуна мешуд. Имрӯз бошад баҳона – «ихтиёрӣ». Омӯзгор як рӯз нахонад симои омӯзгориашро гум мекунад. Ҳол он ки омӯзгороне ҳастанд, ки «ихтиёрӣ»-ро баҳона карда 5-6 соли охир умуман обуна нашудаанд. 
Акнун биёед аз рӯйи мардӣ баҳо диҳем. Омӯзгор рӯзнома намехонад, китоби бадеӣ намехарад ва намехонаду аз куҷо маънавият мегирад?! Забони адабиро аз куҷо медонад? Намедонад. Лекин ҳар моҳ музд мегирад. Омӯзгори тоҷики бо нангу ор агар заррае  нангу номус дошта бошад, обуна мешавад. Агар не, шумо омӯзгор нестед. Ҳиммат баланд доред, ки мардони рӯзгор аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Сулаймон  СОДИҚ,
омӯзгори мактаби
 рақами 9-уми
ноҳияи Бӯкаи 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: