«ОВОЗИ ТОҶИК» РӮЗНОМАИ ДУВВУМДАРАҶА НЕСТ!

Ҳар сол мавсими обуна барои соли оянда ба нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар ҳамин фасли сол оғоз меёбад.

Бар асоси боздидҳо ва таҷрибаҳои солҳои охир ҳосилнамудаам ҳамин нуктаро ёдовар мешавам, ки ҳанӯз роҳбарони садоратҳо, муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳо бе ҳидояти дастандаркорони ҳокимияти вилоят ба нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ обуна намешаванд.
Дар мавсими имсоли обуна ҳокимияти вилояти Фарғона 10 сентябри соли 2018 таҳти рақами 475-02-50 бо имзои муовини ҳоким Илҳом Носиров (ҳоло ҳокими ноҳияи Фарғона) реҷа-тақсимот барои соли 2019-ро тартиб додаву ба садорату ташкилотҳо, муассисаву корхона ва ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол кардааст.
Дуруст аст, ки дар реҷа-тақсимоти нашрияҳое, ки   барои ноҳияҳо тавсия гардидааст, номи рӯзномаи «Овози тоҷик» қайд шудааст. Аммо дар рӯихати тавсияи нашрияҳое, ки  ба  садоратҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилоят ироа шудааст, аз қайди  номи рӯзномаи «Овози тоҷик» парҳез кардаанд!
Оё собиқ депутати Палатаи қонунбарории Олий Маҷлис Илҳом Носиров огоҳ нест, ки рӯзномаи «Овози тоҷик»  нашрияи муштараки   Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.
Ба назари банда, ин ғайр аз нодида гирифтани чунин нашрияи мӯътабар, ки таърихи наздик садсола дорад, мафҳуми дигар нахоҳад дошт. Аз соли 2015  ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон кор мекунам.  Нахуст корро аз равшан кардани он  шурӯъ намуда будам,  ки чаро шумораи муштариёни «Овози тоҷик» дар   вилояти Фарғона ба   ҳадди риққатовар поин рафтааст. 
Ҳамон сол миқдори умумии обуна барои рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона  ҳамагӣ 70 нусхаро ташкил мекард.  То соли 2018 бо талоши зиёд ин теъдодро  ба шашсаду панҷоҳ  боло бурдем.  Дар мавсими обуна барои соли 2018 ба рӯйхати тавсияи нашрияҳои ҳокимияти вилоят назар кардам.  Дар номаи расмӣ бо имзои Нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов гуфта мешуд, ки ба нашрияҳои марказии «Овози тоҷик», «Халқ сӯзи», «Народное слово», «Нурли жол» ва «Правда Востока» мавсими обуна шурӯъ гардид ва дар мавриди натиҷаҳои он моҳи декабр ба Девони Вазирон маълумот ирсол гардад. 
Чун солҳои гузашта имсол низ ҷамъомади Шӯрои маънавият ва маърифати вилоят  баргузор гардид  ва дар феҳрасти тавсияи обуна барои 119 садорату ташкилот, муассиса ва корхона номи рӯзномаву маҷаллаҳои зиёд оварда шудаанд, аммо аз зикри «Овози тоҷик» боз парҳез сурат гирифтааст.
Дар ин рӯзҳо бо якчанд роҳбарони садорат, муассиса, ташкилоту корхонаҳо мулоқот намудам. Онҳо бо эътимоди қавӣ иброз медоранд, ки  ҷиҳати обуна ба «Овози тоҷик»  худсарона иқдом карда наметавонанд, чунки дар рӯйхати тавсияи ҳокимияти вилоят чунин рӯзнома қайд нашудааст. 
Дар ноҳияи Риштон нуфузи аҳолии тоҷиктабор аз шаст ҳазор беш аст. Аммо тайи солҳои зиёд дар ин ноҳия идораву муассиса ва корхонаҳо ба «Овози тоҷик» обуна нашудаанд. 
Қобил ба ёдоварист, ки соли гузашта мавзӯъро  хостам бо собиқ ҳокими ноҳия Ғайраталӣ Маҳмадалиев муҳокима кунам. Аз вай пурсидам, ки оё аз реҷаи обуна ба  рӯзномаи «Овози тоҷик» барои соли 2018  хабар дорад.
– Маро ба корҳои обуна аралаш накунед, фаҳмидед? Магар ман ғайр аз обуна кори дигар надорам? – гуфт Ғайрат Маҳмадалиев бо шеваи тунд.
Барояш гуфтам, ки ин вазифаи вай аст. 
 Баъди ин ҳарфҳо Ғайрат Маҳмадалиев  ба ҳамон шеваи тунд гуфт: 
– Дар он сурат аз таҳририяти «Овози тоҷик» ба мо  номаи расмӣ биёред.
 Чунин нома дар зарфи ду рӯз ба дасти ҳокими ноҳияи Риштон  расид. Гумон кардам, ки акнун теъдоди муштариёни риштонии рӯзнома  дар соли 2018 хеле боло хоҳад рафт.  Аммо ҳайҳот, вазъият беҳтар нашуд. Соли гузашта ин манзара, ба истиснои ноҳияи Сӯх, дар тамоми  шуъбаҳои ноҳиявии садоратҳои вилояти Фарғона ба мушоҳида расид. Собиқ ҳокими ноҳияи Сӯх (ҳоло ҳокими ноҳияи Риштон) Таваккалҷон Раҳимов ва мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Амирҷон Темиров ташаббус зоҳир карданд, ки теъдоди муштариёни «Овози тоҷик» дар ин ноҳия нисбат ба солҳои пеш боло равад.
– Мо бояд қусури чанд соли пешро барорем ва шумораи муштариёни «Овози тоҷик»-ро аз ҳисоби омӯзгорон ва донишомӯзони мактабҳои ноҳия афзоиш диҳем. Ин ҳам қарзу ҳам фарз аст барои мо, – гуфт Амирҷон Темиров.
Вай аз ӯҳдаи ин ваъдаву қарор бо сарбаландӣ баромад ва интизор меравад, ки дар ин мавсими обуна низ аҳли маорифи ноҳияи Сӯх дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт. 
Имсол аз миқдори умумии барои вилояти Фарғона тавсияшуда ҳокимияти вилоят ба ноҳияи Сӯх номнавис намудани ҳафтсад нусхаро тавсия кардааст. Вақте ки бо ҳокими ноҳия Фаррух Ӯсаров дар ин бора гуфтугӯ кардам, вай ин миқдорро хеле зиёд арзёбӣ кард. Ин дар ҳолест, ки аҳолии ноҳияи Сӯх аз ҳаштод ҳазор нафар зиёд ва 99 дарсади сокинони он тоҷик ҳастанд. Агар як фоизи сокинони он обуна шаванд, он аз 800 нусха мегузарад!
Интизориҳои солҳои гузашта дар бобати афзоиш додани шумораи муштариёни  «Овози тоҷик» дар шаҳру ноҳияҳои Фарғона, Марғелон, Қувасой, Қӯқанд, Риштон, Олтиариқ, Ёзёвон, Қува низ натиҷаи мусбат надоданд.  Хусусан, тағйири забони таълим дар бархе аз мактабҳои вилояти Фарғона  ба ин раванд таъсири хуб надошт. 
Боре бо ректори улуми филологӣ, профессори ДДС Ҷумъа Ҳамроҳ ба деҳаи Бурболиқи ноҳияи Олтиариқ рафтем. Устод гуфт, ки дар мактабҳои деҳа ҳамкурсону дӯстонаш кор мекунанд. Дар аснои суҳбати ҳамкурсону дӯстон Ҷумъа Ҳамроҳ нохост аз директорони мактаб пурсид, ки ба чанд шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шудаанд. Вақте ки вай ҳеч ҷавоб нашунид, фавран аз ҷой бархест ва гуфт:
– Биёед, зудтар аз ин ҷо равем, ки дилам бухс мекунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: