«ОВОЗИ ТОҶИК» – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Обуна ба нашрияҳои даврӣ ихтиёрист ё маҷбурӣ?

Ҳоло муассисон ва сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳо сари ин муаммои дерина меандешанд. Боре сармуҳаррирамон изҳор дошт:  «Акои Абдулло, баъзан шабҳо хобам намебарад, намедонам имсол минбари ягонаи розу ниёзи тоҷикон ва тоҷикзабонони ҷумҳурӣ – «Овози тоҷик»-ро чӣ қисмате интизор аст». Аз ин сухани дардомези ӯ дилам таҳ кашид. Ӯ имсол, дар доираи имкон, ба ҳамаи ҳокимони вилояту ноҳияҳое, ки тоҷикон истиқомат мекунанд, роҳбарони  ташкилоту идораҳо, фермерону соҳибкорон, фидоиёни фарҳанги миллӣ, фаъолон ва хабарнигорони ҷамъиятии рӯзнома номаҳои расмӣ ирсол дошта, дархост намуд, ки дар ташкили обуна аз наздик кӯмак расонанд. Дар маҷлиси корие, ки чанде қабл дар идораи рӯзнома бо иштироки хабарнигорони вилоятӣ ва ходимони эҷодии рӯзнома баргузор гардид, бисёр масъалаҳо ошкоро ба миён гузошта шуданд. Вохӯриву мулоқоти  ходимони рӯзнома дар маҳалҳо, аз ҷумла, ба ин масъалаи мубрами рӯз нигаронида шуда буд...          
 Пӯшида нест, ки  ҳукумат аз солҳои таъсисашон ҳамеша дастгири рӯзномаи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла, рӯзномаи расмии «Овози тоҷик» буд... Бале, «Овози тоҷик», ки моҳи августи соли 1924 бо саъю талошҳои устод Садриддин Айнӣ, зиёиёни тоҷик ва дастгирии ҳукумати Ӯзбекистон дар Самарқанд таъсис ёфта буд, рӯзномаи расмист. Яъне, бо мақсади бедории сиёсии тоҷикон ва тоҷикзабонони ҷумҳурӣ, он  асосан маводи расмиро ба дасти чоп медиҳад. Аммо саҳифаҳои сеюму чорумаш як андак озодтаранд, ки сари чанд вақт «Саҳифаи истироҳат», «Адабиёт ва санъат» , «Ҷаҳони зан» ва дигар маводи хонданӣ онҳоро оро медиҳанд. Вале мешавад, ки гоҳо саҳифаҳои сеюму чорумро низ маводи расмӣ «забт» намоянд.    
Мо ходимони рӯзномаҳои расмӣ баъзан ба кормандони нашрияҳои ғайридавлатӣ, ки имрӯз мисли занбӯруғи баъди борон зиёд шудаанд, бо чашми ҳавас менигарем. Зеро нисбатан дар чопи маводи ҷолибу ҳангоматалаб озод буда, теъдоди рӯзномаҳояшон нисбат ба нашрияҳои расмӣ бамаротиб зиёд, маошу  ҳаққи қаламашон  кирои гуфтан аст.  Ба фикрам, барои онҳо фарқ надорад, ки обуна маҷбурист ё ихтиёрӣ. Чунки  кайҳост, ки хонандагони худро ёфтаанд. 
Агар барои рӯзномаҳои расмӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Овози тоҷик», ташкили обуна дар сатҳи ҳукумату  ҳокимиятҳо ба роҳ монда нашавад, хавфи пӯшида шудани онҳо аз эҳтимол дур нест. Сабабҳои кам будани муштариёни «Овози тоҷик» зиёданд. Яке аз сабабҳо паст будани сатҳи худшиносии миллии тоҷикон, даромади аҳолӣ бошад, сабаби дигар беэътибории баъзе ташкилоту идора ва ҳокимиятҳои маҳаллист. Сатҳи донишу фаҳмиши сиёсии кормандони баъзе ташкилоту идораҳои давлатӣ намедонем то куҷост, вале вақте пайи коре ба дафтарашон ворид шуда, худро муаррифӣ мекунед, ки ходими рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳастед, суол мекунанд: « Ҳмм, «Овози Тоҷикистон» рӯзномаи Тоҷикистон аст-а?». Ҳарчанд мефаҳмонед, ки  он рӯзномаи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад ва номаш «Овози тоҷик» аст, на «Овози Тоҷикистон», боз бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд... 
Солҳои зиёд, ба сабаби сардии муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон  тоҷикони ҷумҳурӣ сина аз ҳавои ифтихор пур карда, ошкоро гуфта наметавонистанд, ки «Ман тоҷикам!», сармоядорони тоҷик, ҳарчанд мехостанд,  аз кӯмаки моддӣ расондан ба рӯзнома ҳарос доштанд... Ин ва дигар сабабҳои объективию субъективӣ ба кам шудани теъдоди муштариёни «Овози тоҷик» замина фароҳам меоварданд. 
Худоро шукр, ки муносибатҳои ду халқи ба ҳам дӯсту бародар — ӯзбекону тоҷикон, бо саъю эҳтимоми сарварони хайрхоҳи ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Имрӯз робитаҳои фарҳангию иқтисодӣ рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мешаванд. Дар мулоқот бо ходимони РАО  кишвари ҳамсоя мо донистем, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумат чунин як рӯзномаи расмӣ (ба забони ӯзбекӣ) бо номи «Ҳалқ овози» ҳафтае се маротиба  чоп мешудааст. Обунааш ҳам кам не.
Дар ҳамин давраи соли сипаригардида теъдоди обуначиёни «Овози тоҷик» аз 2000 нафар убур карда буд. Дирӯз бино ба хабари телефонии ҶС «Матбуот тарқатувчи» маълум гардид, ки дар сартосари ҷумҳурӣ ба рӯзнома ҳамагӣ 180 нафар обуна шудаанд. Ин нишондиҳанда касро ба кӯчаи яъсу ноумедӣ меандозад. Зеро то ба охир расидани маъракаи обуна ҳамагӣ як моҳ монд.
Конститутсияи кишварамон ба рушди фарҳанг, забон ва мактабу маорифи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикон, кафолат додааст. Бино ба маълумоти оморӣ (статистика) дар ҷумҳурӣ имрӯз расман беш аз 1,5 миллион тоҷикон буду бош доранд, ки баробар аст ба теъдоди аҳолии баъзе мамлакатҳои хурди ҷаҳон. Агар корҳои ташкилӣ доир ба рушди фарҳанг, забон ва мактабу маорифи онҳо, дар чаҳорчӯбаи қонун, ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад, теъдоди обуначиёни «Овози тоҷик», бешубҳа, даҳҳо ҳазор мегардад. Дар ҷумҳурӣ беш аз 200 нафар адибони шинохта, варзида ва ҷавони тоҷик бо кору эҷод машғуланд. Вале дар ҷумҳурӣ маҷаллаи адабӣ-бадеӣ ва иҷтимоию сиёсие вуҷуд надорад, ки талаботи маънавии  рӯзафзуни онҳоро қонеъ гардонад... Майдони «Овози тоҷик» ба нумӯъи истеъдоди ҷавонони эҷодкор тангӣ мекунад...
Ҳамватанони азизу арҷманд, ҳамзабонон: зиёиён, олимон, шоирон, нависандагон, соҳибкорон, омӯзгорон, донишҷӯён, мактабиён, роҳбарон ва кулли ҳаводорони рӯзномаи қариб 100-солаи  «Овози тоҷик», аз минбари ягонаи худ дифоъ кунед. Ходимони рӯзнома дар шароити нав тасмим гирифтаанд, ки нашрияро ба минбари  воқеии розу ниёзи шумо табдил диҳанд. Агар шумо бо пешниҳодоту маводи хондании худ ба сермазмун ва хонданӣ шуданаш саҳм нагузоред, дастгирӣ накунед, ба минбари ҳақиқии шумо табдил ёфта наметавонад...  
Сарлавҳаи ин навишта «Овози тоҷик» – шиносномаи миллат» номгузорӣ шуд, ки он ишора ба як гуфтаи ҳикматомези устод Садриддин Айнист, ки фармуда: «Қавме, ки рӯзнома надорад, забон надорад». Воқеан, мо худро бе рӯзнома – бе забон ба оламиён чӣ хел мешиносонем? Пас, биёед, шиносномаи  ҳамешагие дошта бошем!

Абдулло СУБҲОН,
шоир, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: