«ОҲАНГ»-И САРВИНОЗ

Дар қасри фарҳанги байналхалқии Икуо Хироямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон намоишгоҳи шахсии донишҷӯйи Институти дизайн ва рассомии миллии ба номи Беҳзод Сарвиноз Мелиқӯзиева бо номи «Оҳанг» кушода шуд.

Дар он лавҳаҳо аз давраҳои нотакрори ҷавонӣ, неъматҳои ҷонбахши диёр, манзараҳои табиат акси худро ёфтааст. Худи эҷодкор таъкид менамояд, ки  лавҳаҳояшро дар зери оҳанги мусиқӣ пешкаши тамошобинон гардондааст, чунки мусиқӣ ҷозибанокии портретҳояшро боз ҳам афзун мегардонад. 
Дар экспозитсия «Нафосат», «Баҳор гуллари», «Шамол», «Натюрморт», «Имон», «Шоҳимардон тоғлари» барин намунаҳои эҷодаш ҷой гирифтаанд. 
Сарвиноз соли 2002 дар шаҳри Фарғона чашм ба дунё кушодааст. Коллеҷи санъати Фарғонаро хатм намуд. 
Ӯ дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мунтазам иштирок намуда, ҷойҳои муносибро сазовор гаштааст.  

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: