«Оҳанги хатҳо»

Чунин ном дошт намоиши асарҳои Арбоби шоистаи санъати ҷумҳурӣ, рассоми маъруф Дамир Рӯзибоев, ки дар Хонаи фотографияи пойтахт ба вуқӯъ пайваст.

Асарҳои наққошӣ ва ҳайкалтарошие, ки дар нигористон гузошта шудаанд, ҷанбаҳои нодири рангӣ ва композитсионӣ доранд. Аҷиб аст, ки ин ҳунарманди самарқандиасл хати эҷодиёти худро аз рӯзгор ва сабақи зиндагии худ интихоб намудааст, ки бинобар гуфтаи санъатшиносон ба эҷодиёти ӯ таъсири зиёд гузоштааст.
Дар охирин рӯзи намоишгоҳ албоми рассом бо номи «Гиреҳе, ки қасди бозаш кардам» рӯнамоӣ шуд, ки дигар ҳунаршиносон ва ҳаводорони ҳунарманд ақидаҳои худро дар бораи асарҳои Рӯзибоев нақл карданд.
Сабаби чунин номгузорӣ шудани албомашро наққош чунин шарҳ медиҳад: «Дар фонди Музейи давлатии санъат дафтарчаҳоеро дидам, ки диққатамро ҷалб намуданд. Онҳо мисле ки дастурҳои таълимии нигоранависии асрҳои XIV-XVI буданд, ки сабақи онро аз аввал то охир инъикос карда буданд. Маҳз кушодани ҳамин гиреҳҳо барои ман аҷиб намуданд».

Т.ХОВАРӢ.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: