«ОҲАНГҲОИ БУХОРО» ТАНИН АНДОХТ

Дар қасри «Туркистон»-и пойтахт консерти ҳисоботии шуъбаи вилояти бухороии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон таҳти номи «Оҳангҳои Бухоро» баргузор шуд.

Тавре ки аз номи барномаи консертӣ аён буд, дар он асосан оҳангҳои Бухорои куҳан ва ҳамешаҷавон танин андохтанд. 
Ба ҷуз ин, баромади ҳазломези Насриддин Афандӣ, рақсҳои хоразмӣ ва дигар манотиқ, ки аз тарафи балетмейстер, Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон Саломат Раҳмонова ва барандаи медали «Шуҳрат» Ботир Рустамов ба саҳна гузошта шудааст, арғуштравии духтарони дастаҳои рақсии «Мавҷҳои Бухоро» ва «Зебоёни Бухоро» писанди тамошобинон гардид.
Дар шоми савту суруд таъкид гардид, ки дастаҳои мусиқии Бухоро ба мамлакатҳои зиёди дунё сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Сайёҳоне, ки ба ин шаҳри куҳан меоянд, дар иҷрои дастаҳои ҳунарии мазкур бо санъати қадимаи ин халқ шинос мешаванд.
Сурудҳои қадимии мавригӣ ва рақси  гулдухтарони дастаҳои ҳунарӣ ба шукӯҳу шаҳомати барномаи консертӣ афзуданд.  

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: