Меҳмонони хориҷӣ дар бораи Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ»
Дар майдони муҳташами Регистон, дар мавзее, ки мадрасаҳои Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ ба осмон қад кашидаанд, Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид.
Майдоне, ки бо рангҳои гуногун оғуштааст, ба манзараи зиндае шабоҳат дорад, ки ҳар кадом ҳошия то хурдтарин ҷузъи он мулоҳиза шудааст.
Ҷашнвораи санъат бо суханони табрикии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ ёфт.
«Анҷумане, ки бори сенздаҳум дар кишвари мо баргузор мегардад, «Шарқ тароналари» – «Таронаҳои Шарқ» номида мешавад, вале ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки алҳол бинобар мазмуну моҳияти худ вай ба ҷашнвораи «Оҳангҳои ҷаҳон» табдил ёфтааст, – гуфт роҳбари давлати мо. – Дар ин давраи сипаришуда бисёр суруду оҳангҳои пурҷозибаву зебо дар партави ситораҳои Самарқанд садо доданд! Бо шарофати анҷумани мо ҳувияти мусиқии дар Шарқи куҳан ташаккул ёфта, боиси эътирофи васеи байналхалқӣ гардид. Ҷашнвора даҳҳо номҳои сарояндагону мусиқорони боистеъдод, ҷавонони бомаҳоратро кашф намуд, ба онҳо болу пар, ба эҷодиёташон неруву илҳом бахшид».
Аз қадимулайём Самарқанд, ин шаҳри дорои таърихи ҳазорсола соҳибистеъдодҳоро аз тамоми ҷаҳон ба худ ҷазб менамояд, онҳоро барои офаридани асарҳои бузурги санъат илҳом мебахшад. Соли 2024 ин маркази маданият бори дигар таҳти садоҳои мусиқии Шарқ рӯҳ гирифт, барои даҳҳо нафар иҷрогарон, оҳангсозон ва тамошобинони ҷашнвораи «Таронаҳои Шарқ» дари худро боз намуд.
Ҷашнвораи байналхалқӣ чун анъана иштирокдоронро аз кишварҳои гуногун ҷамъ меоварад, соли 2024-ум низ аз ин мустасно нест. Дар саҳна оҳангҳои анъанавии Ӯзбекистон, ки бо савту навоҳои мусиқии Туркия, Ҳиндустон, Эрон, Озарбойҷон, Чин ва кишварҳои дигар ҳамоҳанганд, садо доданд. Ҳар як ҳунарпеша ба ҷашнвора як пораи фарҳанги худро бо ҳамҷӯрии навоҳои нодире, ки аз савту садо, сурудҳои гуногун ва созҳои вокалӣ саршор шудаанд, тақдим намуд.
«Таронаҳои Шарқ» – ин нафақат ҷашнвораи одии мусиқист, балки ҳодисаи мадании дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад. Вай нафақат ба ҳифз ва оммавӣ намудани мусиқаи анъанавии Шарқ мусоидат менамояд, балки ба сифати соҳати мулоқоти байни фарҳангҳо хидмат мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ин қабил ҳодисаҳо ба хусус муҳим мегарданд, ба ҳифз кардани гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳо кумак мерасонанд. Таҳти оҳангҳое, ки дар гӯшаву канорҳои мухталифи сайёра тавлид ёфтаанд, иштирокдорон ва тамошобинони ҷашнвора аз муҳити илҳомбахш, ки танҳо шаҳри бузурги Самарқанд метавонад тақдим созад, баҳраманд гардиданд.
Хабарнигори АИ «Дунё» бо чанде аз меҳмонони ҷашнвора ҳамсуҳбат шуд.
Мушовири вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Бақит АСАНГУЛ:
– Пеш аз ҳама мехоҳам барои даъват шудан ба Ҷашнвораи мусиқии «Таронаҳои Шарқ» миннатдорӣ изҳор намоям. Муътақидам, ки ҷашнвора воқеан оммавӣ мегардад ва бренди навбатии робитаҳои фарҳангӣ ва дипломатӣ мешавад.
Ҳамчунин мехоҳам мардуми Ӯзбекистонро бо Рӯзи истиқлолият, ки наздик мерасад, муборакбод намоям, ба онҳо шукуфоӣ, сулҳу салоҳ ва фаровонҳолӣ таманно созам.
Директори Пажӯҳишгоҳи байналхалқии тадқиқоти Осиёи Марказӣ Эврен РУТБИЛ (Туркия):
– Ҷашнвораи «Таронаҳои Шарқ» ин воқеаи нодирест, ки қадру қиммати бебаҳо дорад. Он нафақат рамзи гуногунрангии фарҳанги Осиёи Марказӣ, балки соҳати бузурге барои мулоқоти байналхалқӣ ҳам ҳаст. Тавре ки медонем, мусиқӣ забони ҳамагонӣ ба шумор меравад ва дар шароити ҷаҳони зудбадали мо чунин ҷашнвораҳо бобати ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими ҳусни тафоҳуми байни халқҳо нақши бузург мебозанд. Он чиз ба хусус муҳим аст, ки «Таронаҳои Шарқ» барои ба саҳнаи ҷаҳон баровардани сарват ва ғановати анъанаҳои мусиқии Шарқ, ки онҳо баъзан дар партави ҷаҳонишавӣ фаромӯш мешаванд, кумак мерасонад.
Самарқанд мавзеи нодирест, ки таърих, маданият ва санъат баҳам меоянд. Шаҳре, ки асрҳо яке аз марказҳои асосии Шоҳроҳи абрешим буд, миқдори бузурги асорати фарҳангҳо ва халқҳои мухталифро дар худ муҷассам намудааст. Танҳо иштирок дар ин ҷо, ҳузур доштан дар майдони Регистон, ба кас илҳом мебахшад ва имкон медиҳад, ки худро як ҷузви таърихи бузург эҳсос намояд. Соли равон «Таронаҳои Шарқ» анъанаи қаробати усулҳои мухталифи мусиқиро, ки имкон медиҳанд сарҳади жанрҳои анъанавӣ вусъат пайдо кунад, идома медиҳад.
Оҳангҳои туркӣ ва ӯзбекӣ, бо вуҷуди он, ки ба минтақаҳои гуногун мутаалиқанд, бисёр ҷиҳатҳои умумӣ доранд. Ин монандӣ нафақат бо қаробати ҷуғрофӣ маънидод мегардад, балки аз робитаҳои таърихии байни халқҳо маншаъ мегирад.
Ҳар ду маданият соҳиби созҳои зиёди мусиқӣ мебошанд, ки дар онҳо метавон бисёр ҷиҳатҳои умумӣ пайдо кард. Вале, ба фикри ман, мусиқии ӯзбекӣ пурҷӯштар аст ва ҳар кадом шунавандаро ба рақсу бозӣ даъват месозад.
Сафири Бангладеш Муҳаммад Мунирул ИСЛОМ:
– Дар навбати аввал мехоҳам таъкид намоям, ки Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ба пули мероси фарҳангии кишварҳои тамоми ҷаҳон табдил ёфт.
Шаҳри Самарқанд бо мероси ғановатманди таърихӣ ва меъмории нодири худ барои баргузории ҷашнвора мавзеи идеалӣ гардид.
Дар даврони мураккабиҳои ҷаҳонӣ ҷашнвораи мазкур роҳатбахш буда, мардумро ба некиву дӯстӣ ҳидоят мекунад.
Ҳамчунин мехоҳам мардуми Ӯзбекистон, роҳбарияти онро бо Рӯзи пешистодаи истиқлолият муборакбод гӯям ва комёбиҳои минбаъдаву дастовардҳои азим орзу намоям.
Бангладеш ва Ӯзбекистон дӯстони қарин ба шумор рафта, дар бисёр соҳаҳо монандиҳои зиёд доранд. Мо ба ҳамкории минбаъда ва мустаҳкамшавии робитаҳо умед мебандем.
Ҷашни фарорасидаистода муборак бод, Ӯзбекистони бародари мо!
АИ «Дунё»,
шаҳри САМАРҚАНД.