ОҲАНГҲОИ МАҚОМ, РӮҲ ВА ФАЛСАФАИ ОН ДАР ҚАЛБҲО МАҚОМИ МУСТАҲКАМ ПАЙДО КАРДАНД

Дар Шаҳрисабз Анҷумани байналхалқии санъати мақом анҷом ёфт.

Тақрибан як ҳафта дар Шаҳрисабз оҳангу сурудҳои иҷрогарон ва ҳофизони беҳтарини мақом аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон садо доданд. Ба ин ҷо мусиқорону сарояндагони машҳур, арбобони маданият ва санъат, олимони мусиқашинос гирд омаданд. 
Ин ҷашни байналхалқии санъат ба мақсади инкишоф додан ва ба насли оянда муаррифӣ намудани санъати миллии мақом, ки қисми ҷудонопазири мероси мадании инсоният ба шумор рафта, бо таърихи куҳан, решаҳои амиқи фалсафӣ, тарзи нотакрори иҷро ва анъанаҳои ғановатманди эҷодияш дар ҳаёти маънавӣ мақоми махсус дорад, ташкил гардид.
Дар доираи тайёрӣ ба чорабинӣ дар майдони Оқсарой амфитеатри бузург бунёд ёфт. Дар шафати он шаҳракҳои этнографие бино гардиданд, ки тарзи ҳаёт, урфу одат ва анъанаи минтақаҳои кишвари моро инъикос менамуданд, ба эътибори иштирокдорон ва сайёҳон барномаҳои фарҳангиву истироҳатӣ пешниҳод гардиданд. Вобаста ба санъати мақом намоишгоҳҳои мухталиф ташкил карда шуданд, намоиш ва фурӯши асбобҳои миллии мусиқӣ ва сару либосҳои миллӣ, маснуоти ҳунармандӣ, асарҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ, филмҳои бадеӣ ва мустанад, китобу мусаввадаҳо ба роҳ монда шуданд. 
Дар рӯзҳои анҷуман ба иштирокдорони хориҷӣ шаш меҳмонхона ва чандин хонаҳои меҳмонқабулкунии шаҳр хидмат карданд. Барои истиқбол ва хидмат ба меҳмонон роҳбаладони ихтиёрӣ аз муассисаҳои таълими олӣ интихоб карда шуданд. 
Дар чаҳорчӯбаи Анҷумани байналхалқии санъати мақом аз 7 сентябр ҳаракати мунтазами қатораи баландсуръати электронии «Afrosiyob» бинобар хатсайри Тошканд – Шаҳрисабз – Тошканд оғоз ёфт.
Дар анҷуман тақрибан 300 нафар иҷрогарон ва ҷамоаҳои мусиқии 73 мамлакат иштирок карданд, дар конфронсҳои байналхалқии илмиву амалие, ки дар доираи он баргузор шуданд, 30 нафар олимони мусиқишиноси 19 давлат ширкат ҷустанд.
– Ҳар як рӯзи ҷашнвора шавқовар ва хотирмон буд. Муносибати хуби халқи ӯзбек ба маданият, анъана ва урфу одатҳояш дар қалби ман таассуроти бузург гузошт, – мегӯяд мусиқишинос, асосгузори Донишкадаи олии мусиқии Тунис Маҳмуд Гуэттат. – Дар анҷумани мақом анъанаҳои тамоми минтақаҳои кишвари шумо намоиш дода шуданд, ки боз як шаҳодати ғановатмандии  маданияти халқатон гардид. Он чиз боиси ҳайрат аст, ки дар як мамлакат метавон урфу одатҳои гуногунро мушоҳида кард. Бояд таъкид намуд, Президент Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш дар маросими кушоиш изҳор дошт, ки ҳифзи ин мероси нодири маънавӣ, ба он ҷалб сохтани ҷомеаи васеи хориҷӣ, дар шакли ибтидоӣ ба насли нав расондани он мақсади асосии анҷуман, мақсади намояндагони халқҳо, кишварҳо ва қитъаҳои мухталиф ба шумор меравад.
– Мақом на фақат жанри мусиқист, балки як фалсафаи бузург аст, – мегӯяд Фарида Ризоӣ аз Эрон. – Ман на фақат аз мақом, аз таҳияи устодонаи он низ қаноатмандии азим ҳосил кардам. Умуман, дар ин ҷо тамоми чорабиниҳо дар сатҳи олӣ ташкил шуда буданд. Манзараҳое, ки дар саҳнаи пешорӯи ҳайкали Амир Темур ва Оқсаройи муҳташам офарида шудаанд, барои ман рамзи ҳамоҳангии беназири таърихи ҳазорсола ва имрӯз гардиданд. Метавонам бо эътимод бигӯям, ки анҷуман ба ман барои аз нав кашф кардани маданияти халқи Ӯзбекистон ва дарки олами рангини он кӯмак расонд.
Дар маросими кушоиши анҷуман намояндагони ЮНЕСКО, Созмони байналхалқии эҷодиёти фолклории Осиё, мушовирони президентҳои Русия ва Қирғизистон, вазирони фарҳанги Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия ва дигар меҳмонони воломақом, намояндагони ҳайатҳои дипломатии дар кишвари мо номнависшуда иштирок карданд. 
– Ин гуна чорабиниҳо бобати омӯхтан ва тарғибу ташвиқ кардани мероси таърихӣ ва моддиву фарҳангии халқҳои ҷаҳон нақши муҳим мебозанд, – мегӯяд роҳбари департаменти ЮНЕСКО хонум Ҷоти Хосаграхар Висвервария. – Ин қабил ҷашнвораҳо ба созмони мо имкон медиҳанд намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангӣ ба қайд гирифта шаванд. «Шашмақом» аз ҷумлаи дурдонаҳои бостонӣ ва дилпазир ба шумор меояд. Ин санъат бо таърихи дуҳазорсола на фақат дар Ӯзбекистон, балки дар бисёр кишварҳои дигар низ васеъ паҳн шудааст. Анҷумани байналхалқии мақом ба барқарор шудани чунин намунаҳои маданияти бостонӣ мусоидат намуд. 
– Ҷашнвораи мазкур дар ҳаёти фарҳангии на фақат Ӯзбекистон, балки тамоми халқҳои Шарқ ҳодисаи муҳим ба шумор меравад, – мегӯяд мутахассиси соҳаи мусиқӣ Фахраддин Бахшалиев аз Озарбойҷон. – Мо ба шарофати анҷуман имкон пайдо кардем санъати муғоми худро ба тамоми ҷаҳон намоиш диҳем.
10 сентябр дар майдони Оқсарой, ки дар ин рӯзҳо саҳнаи асосии мусиқии ҷаҳон гардид, маросими мукофотонидани ғолибон ва ҷоизадорони мақом ба вуқӯъ пайваст. Он бо мукофотонидани иҷрогарон бинобар як қатор номгӯйҳо оғоз шуд. 
Ҳакамоти байналхалқӣ ба баромади иштирокдорон бинобар се номгӯй – «Беҳтарин дастаи мақом», «Беҳтарин иҷрои созӣ» ва «Беҳтарин иҷрои вокалӣ» баҳо дод.
Ҷойи саввум ба ҷамоаҳои «Al Gharbi Twins» – Тунис,  «SPCP Japan» – Ҷопон ва Сухонбердӣ Оразбердиев аз Туркманистон насиб гардид. Дастаи «Настар»-и Эрон ва Устод Иқбол Аҳмад Ҳаниз аз Ҳиндустон ҷойи дуввумро ишғол карданд. 
Овозхони ҷамоаи «Ҳайратӣ»-и Озарбойҷон Нигор Шаъбанова ва дастаи «Сақил»-и Ӯзбекистон сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. 
Ва охирон лаҳзаҳои ҳаяҷоновартарин фаро расиданд. Мувофиқи қарори ҳакамот Гран-прии Анҷумани байналхалқии санъати мақом ба Академияи мақоми Тоҷикистон супурда шуд.
Ба ғолибон ва ҷоизадорон мукофотҳои пулӣ, дипломҳои махсуси анҷуман ва туҳфаҳои хотиравӣ, ба тамоми меҳмонони хориҷӣ, ки дар анҷуман иштирок доштанд, армуғон ва сертификатҳои махсус пешниҳод шуданд.
Дар маросим бо иштироки устодони санъат ва иҷрогарони ҷавони кишвари мо консерт намоиш дода шуд, ҳамчунин шоуи рангини мусиқии 3D ба амал омад.

У. БАРОТОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: