ОЯНДА БА РУШДИ ТАЪЛИМ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

ДАР МАКТАБҲОИ ТОҶИКИИ НОҲИЯИ ФОРИШ КОРҲОИ ТАЪЛИМУ ТАДРИС ЧӢ ГУНА БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ?

Ҳамин ки дар ҳокимияти ноҳия аз матлаби мо воқиф гардиданд, сармутахассис Сардор Хӯҷаназаров ба шуъбаи таълими халқи ноҳия занг зада хоҳиш кард, ки моро истиқбол намоянд.
Мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Ойбек Эрхоновро ҳамон рӯз дар дафтари кориаш вохӯрдем. Ӯ баъди салому алейк каме дар хусуси вазъи таълиму тарбия дар мактабҳо ҳарф зад. Назар ба гуфти ӯ идораи шуъбаи таълими халқ бинои собиқ хоҷагии ширкати «Фориш» мебошад.
– Барои ба ин бино соҳиб гардидан борҳо ба роҳбарони ноҳияву вилоят рӯ овардам, – гуфт Ойбек Эрхонов. – Гуфтам, ки ходимони таълими халқ бояд соҳиби сарпаноҳи худ бошанд. Дигар ин ки биноҳои якчанд филиал аз нав сохта шуд. Ин филиалҳо ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 46, 49, 31, 32 марбутанд. Дар ҳар як филиал ба ҳисоби  миёна 10-15 нафар хонанда таҳсил мекунад. Донистам, ки саранҷомиву сариштагии ҳар як муассисаи  таълимӣ ба роҳбари он ва атрофиёнаш вобастагии қавӣ дорад. Ҷое, ки назму тартиб нест, табиист, ки ҷиҳозҳои мактаб, дороиҳои онро ба яғмо мебаранд, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намекунанд...
Нахуст дар мактаби 13-уми деҳаи Порашт қарор доштем. Аз суҳбату мулоқот бо омӯзгорони мактаб аён гашт, ки барои синфи 8 китоби дарсии физика, синфи 9 иқтисод намерасад. Бо саъю кӯшиши омӯзгорон ба китобхонаи мактаб якчанд дона китоби тозанашри тоҷикӣ дастрас гардид. Мо бо худ якчанд нусха китобҳои «Хирмани сухан»-и Юнуси Имомназар ва «Даҳ пурсишу даҳ посух»-и Паймонро бурда будем. Аз китобдори мактаб ду дона китоби «Авҷи ҳикмат»-и Ҳикмат Султонзодаро барои худ ва ҳамроҳам харидам. Аммо баъдтар аз ин кори худ афсӯс хӯрдам, ки мабодо ба хазинаи маънавии мактаб зарар расонда бошам.
Дар дил қарор кардам, ҳамин ки аз ин китобҳо пайдо кунам, ду дона китоби охирро ҳатман бармегардонам. 
Дар мактаб ҷараёни дарсҳоро мушоҳида намуда, ба хонандагони синфҳои болоӣ бо якчанд савол муроҷиат ҳам кардем. Мутаассифона, на ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои саҳеҳ дарёфтем.
– Ҳамин пагоҳӣ дар мактаб бахшида ба зодрӯзи шоир Ҷонибек Қувноқ тадбир гузаронидем, – гуфт ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият Собир Эргашев. – Хонандагон аз ашъори шоир шеъру ғазалҳо қироат намуданд.

***

Мактаби рақами 46 дар Саргоҳи деҳаи Ӯхм воқеъ аст. 
– Баъди холӣ шудани синфхонаҳои коллеҷи касбу ҳунари нақлиёт ва хидматрасонии деҳа хонандагони мактаб дар ин ҷо таҳсил мекунанд, – гуфт директор Асалбой Икромов. – Мактаб 272 нафар хонанда дорад. Дар филиали мактаб, ки дар деҳаи Арсаф воқеъ аст, 15 нафар таҳсил мекунанд.  Барои сохтани бинои нави он 671 миллион сӯм маблағ аз худ гардид. Норасоии китобҳои дарсӣ эҳсос мегардад. Ҳоло дар китобхонаи мактаб 350 нусха китоби бадеӣ мавҷуд аст. Барои синфи 9 китоби дарсии «Забони немисӣ», барои синфи 3 «Тарбияи ҷисмонӣ» камчин аст. Низоми гармидиҳии бинои  коллеҷ нағз кор намекунад.
Мактаби рақами 14 низ дар деҳаи Ӯхм воқеъ аст. Мактаб номи омӯзгори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айниро дошт. Сарвари мактаб Қандиёр Саидов моро пешвоз гирифт, сипас дар хонаи омӯзгорон бо аҳли мактаб суҳбат оростем. Онҳо мушкилу масъалаҳои зиёдеро гуфтанд. Чунончи, омӯзгор Ӯктам Элмуродов гуфт, ки дар вақти ба бозомӯзӣ рафтан аз сабаби набудани тест ба забони тоҷикӣ моро бармегардонанд, дар натиҷаи ин аз гирифтани иҷорапулӣ маҳрум мешавам. Муаллимаи забону адабиёти тоҷик Гулнора Рӯзиева аз мушкилфаҳмии забони рӯзнома ва китобҳои дарсӣ гила намуд. 
Омӯзгори фанни физика Қӯшоқ Қазоқов ба таҷрибаи чандинсолаи кори худ такя намуда, гуфт, ки зимни ҷумлабандӣ дар китобҳои дарсӣ ба вайрон шудани мантиқи сухан роҳ додаанд. Забони китобҳои тарҷумашуда басо мураккаб мебошад.
Омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Ҷ. Қӯқонов эътироз кард, ки тестҳои тоҷикӣ дастрас нест. Ҳангоми додани тарҷумаи ҳоли шоиру нависандагон солу моҳҳо ғалат аст, духӯрагӣ ба назар мерасад. Дар ин мактаб 244 нафар таҳсил мекунанд. 27 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд.
Мактаби рақами 49 дар болооби деҳаи Ӯхм воқеъ аст. Тарзи коргузорӣ ва ба роҳ мондани таълимро дар ин мактаб нисбатан хуб арзёбӣ мекунанд. Солҳои охир як идда ҷавонон донишгоҳҳои ҷумҳуриро хатм намуда омаданд. Табиист, ки кадрҳои ҷавон аз усулҳои замонавӣ ва интерфаъол дар ҷараёни дарсҳо истифода бурдан мехоҳанд. Аммо бояд гуфт, ки ин саъю ҳаракат дар ҳоле самара мебахшад, ки омӯзгор аз болои худ кор кунад, мунтазам омӯзад. Мутахассис оиди кор бо муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқии шуъбаи таълими халқи ноҳия Абдураҳмон Шоимов, ки моро ҳамроҳӣ мекард, низ ин нуктаро эътироф карда гуфт, ки ҷамоаи омӯзгорони мактаб ба навовариҳо моиланд, аз навигариҳои соҳаи таълим зуд хабардор шудан мехоҳанд, ки қобили дастгирист.
Ва ниҳоят ба мактаби рақами 32-юми деҳаи Моҷарм расидем. Азбаски рӯз аз нисф гузашта буд, синфхонаҳо холӣ, хонандагон аллакай ба хонаашон баргашта буданд. То омадани сарвари мактаб Асалбой Акабоев дар идораи муаллимон бо омӯзгорони фанни забону адабиёти тоҷик Ҳамро Раҳимов ва Обид Раҳимов суҳбат кардем. 
– Ҳамин рӯзҳо касеро мекофтам, ки дарди диламро холӣ кунам, – гуфт Ҳамро Раҳимов. – Хуб шуд, ки шумо омадед. Хонандагон дар озмунҳои фаннӣ то марҳилаи вилоятӣ мерасанд. Азбаски тест ба забони тоҷикӣ нест, душворӣ мекашанд. Компутери мактаб кӯҳна шудааст. Онро ҳанӯз соли 2007 гирифта будем. Моҷарм аз қадим макони паҳлавонон мебошад. Бобомурод Файзиев, Арслон Элов маҳз зодаи ҳамин деҳаанд ё аҷдодашон аз ҳамин ҷоянд. Афсӯс, ки имрӯз барои сайқал додани ин ҳунари бобоӣ, яъне гӯштии миллӣ дар мактаб ягон имконият нест. Бинои зимистонаи варзишӣ даркор аст.  Хуб мешуд, ки дар рӯзномаи «Овози тоҷик» омӯзгорони мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ аз таҷрибаҳои корӣ, дарсҳои намунавии хеш матолиб дарҷ намоянд.
Дар Парлумони кишвар зимни муҳокима ва тасдиқи лоиҳаи Қонун «Дар бораи буҷа барои соли 2020» депутатҳо аз норасоии компутер ва тахтаҳои синфӣ гап заданд. Ба ин соҳа маблағи буҷа равона ҳам гардид. Умед аст, ки ин мушкилоти мавҷуда дар мо низ ҳал мешаванд. 

***

Дар ҳамаи мактабҳо мо аз мушкилот ва масъалаҳои ҳалталаб, камбудиҳои таълиму тарбия хабардор шудем. Чунончи дар оинаҳои синф, шиору шоҳбайтҳои роҳравҳо ва синфхонаҳо саҳву ғалатҳо ба чашм мерасанд. Роҳбарони синф бе рухсати расмии роҳбарони мактаб дарс мегузаранд. Иҷрои панҷ ташаббуси Сарвари давлат бояду шояд риоя нагардидааст. Ҳатто хонандагони синфҳои болоӣ аз ин мафҳум ба пуррагӣ огоҳ нестанд. Дониши хонандагон оиди забон ва адабиёт ҳам ҳамин қадар аст. Бояд гуфт, ки бештари масъалаҳои бамиёнгузоштаи омӯзгорон дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳалли худро меёбанд. Мо дар ҳар як мактаб, қабл аз ҳама, бобати обунаи рӯзнома ҳарф задем. Нисбати рӯзномаи тоҷикӣ беэътиборӣ эҳсос мешавад.
– Дониши хонандагон худ аз худ муаррификунандаи кори омӯзгорон аст, – гуфт зимни суҳбат масъули мониторинг ва таҳлили шуъбаи таълими халқи ноҳияи Фориш Фаррух Шомуродов. – Ҳоло вақти он расида, ки бо омӯзгорони ҷавон бештар сарукор дошта бошем, ман хоҳиш мекардам, ки шартномаро дар соҳаи таълими халқ бекор кунанд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: