ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ЧОДАК

Дар асоси қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангон дар солҳои 2021-2022» барои ба амал татбиқ намудани 257 лойиҳа дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, хидматгузорӣ ва саноат ба миқдори 279, 1 млрд. сӯм маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар асоси қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рушди маҷмӯии  иҷтимоиву иқтисодии деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангон дар солҳои 2021-2022» барои ба амал татбиқ намудани 257 лойиҳа дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, хидматгузорӣ ва саноат ба миқдори 279, 1 млрд. сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Ҳоло дар ин мавзеъ корҳои васеъмиқёс оғоз ёфтаанд. 
Ба мақсади аз наздик шинос шудан бо чунин корҳои васеъмиқёс ва тарзи зиндагонии чодакиён бо ҳамроҳии сардори шуъбаи варзиш ва сайёҳии ҳокимияти ноҳия Музаффар Дадабоев ва сармутахассиси соҳаи сайёҳӣ Шерзод Рустамов роҳи деҳаи Чодакро пеш гирифтем.
Чодак деҳаест, ки дар баландии 2000-2100 метр аз сатҳи баҳр, дар минтақаи кӯҳии ноҳия ҷой гирифта, бо ҳавои тоза ва манзараҳои зебои табиати худ дар миқёси мамлакат ҷойгоҳи алоҳида дорад.
Шароити хуби табиии Чодакро сайёҳон ҳамеша баланд арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти  манбаъҳо деҳа таърихи зиёда аз чорунимҳазорсола дорад. 
Дар асоси қарори Девони Вазирон аз 11 июни соли 2018 «Минтақаи сайёҳии хурди Чодак» ташкил карда шуд ва дар ин асос дар он ҷо меҳмонхонаҳои замонавӣ, хонаҳои кемпинг, умуман, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар 9 маҳаллаи деҳа 37 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки қисми асосии он тоҷикон мебошанд.
Онҳо бо чорводорӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ машғуланд. Дар ин ҷо беш аз 200 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад. Агар биноҳои ба истифода супурдаи бинокорон ба зебоии деҳа афзояд, нуктаҳои фурӯш ва хидматрасонӣ, ки шумораи онҳо торафт зиёд мегардад, ба ҳаллу фасли мушкилоти бекорӣ кӯмак мерасонад.
Дар деҳа чанд қадамҷойи муқаддас, аз ҷумла, зиёратгоҳҳои «Чир-чир момо», Исмоил Атоӣ, Бобои Самосӣ, Бӯсматота, Шоҳ Сулаймон, Оқмазор, Шодмонбобо, Лангарбобо, Бобо Юсуфи Ҳамадонӣ, мақбараҳои Пошшохоҷа, Муғхона ва Сулаймони Маҳҷур низ мавҷуданд, ки диққату эътибори сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.
Дар ағбаи Қамчиқ ва Чодак, ки воқеъ дар минтақаи кӯҳист, зиёда аз 500 истироҳатгоҳ мавҷуд мебошад. Биноан, аз ин ҷо гузаштани роҳи оҳан, бахусус, истгоҳи он дар худи Чодак, мувофиқи мақсад мебошад.
Тибқи лоиҳа дар тӯли солҳои 2020-2030 зина ба зина сохтани меҳмонхонаҳои замонавӣ, биноҳои истиқоматӣ, оромгоҳу маҷмӯи варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ дар 50 гектар майдон пешбинӣ шудааст.
Бинокорони ҶММ «Сифат кафолат» бо сарварии Руслан Мамадалиев сохтмони ду бинои истиқоматии шашқабатаи 40 ҳуҷрадорро оғоз намудаанд. Ҳамчунин дар ин ҳаҷм таҳти сарварии Рустамҷон Эргашев низ биноҳои истиқоматие сохта мешаванд, ки дар он ҷо сад нафар бо шуғл фаро гирифта шуданд. 
– Корҳои сохтмонро 22 апрели соли ҷорӣ оғоз намудем, – мегӯяд саркор Файзуллохон Болтаев. – Барои лоиҳаи мо 27 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст, ки то ҳол 6 миллиард сӯмина корҳо анҷом дода шудаанд. Қабати якуми ин биноҳо барои нуқтаҳои фурӯш ва хидматрасонӣ пешбинӣ шудаанд, ки ин барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ хеле зарур мебошад.
Шартномае, ки соли 2018 бо роҳбари ҶММ «Apart Hotel Kosmos» Дилшодхон Тӯрахӯҷаев барои сохтмони экомаҷмӯи «Меҳмонхона ва оромгоҳ» ба тасвиб расидааст, 400 ҳазор доллар арзиш дорад.  Барои он 2 гектар замин ҷудо карда шудааст. Ба экомаҷмӯи мазкур, ки дар 2850 метр баландӣ аз сатҳи баҳр дар болои кӯҳ сохта мешавад, 3 сол қабл 60 ҳазор доллар инвеститсияи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Ман бо шариконам роҳи маркази сайёҳиро пеш гирифтам. Ҳоло сохтмони бинои маъмурии маҷмӯъ, меҳмонхонае, ки ҳуҷраҳояш бо услуби аврупоӣ ва миллӣ ороиш дода шудааст, 7 ӯтов, 36 айвони тобистонаю зимистонаи муҷаҳҳаз бо ашёҳои миллӣ ва ҳавзи гунҷоишаш 800 тонна об ба охир расидааст.
Кори пурмашаққати бинокорон ва дизайнерон лоиқи таҳсин аст. Онҳо барои инъикос намудани  хусусиятҳои экологии Чодак дар ҷараёни кор аз масолеҳи табиие мисли санг, лой ва коҳ бештар истифода бурдаанд, ки ин намуди ба худ хос пайдо кардани экомаҷмӯъ хидмат мекунад.  
Дар болои боми меҳмонхонаи якқабата барои 800 ҷой тарабхонае бунёд шудааст, ки аз он ҷо манзараи зебои Чодак пурра ба назар мерасад.
Сайёҳон метавонанд бо мотопараплан сартосари Чодакро сайр кунанд ё барои баромадан ба маркази сайёҳӣ аз вагонҳои махсус – фуникулёр истифода баранд.
– Вақте аз тариқи телевизион манзараҳои зебои мамлакатҳои дунёро медидем, ҳавасамон меомад. Дар мамлакати мо чунин мавзеъҳо зиёд будаанд. Умед дорем, экомарказе, ки ба тарзи ноанъанавӣ бунёд менамоем, ба сайёҳон таассуроти зиёд мебахшад, – мегӯяд Дилшодхон Тӯрахӯҷаев. – Мо дар ин ҷо нияти ташкил кардани зоопарки хурдро низ дорем. Ҳоло шер, гург, кенгуру барин ҳайвонҳоро оварда, ба иқлими худамон одат мекунонем. Ба ҷуз ин, ғори сунъиеро, ки намуди ҳудудиро дорад, барпо кардем.   
Ин деҳаи биҳиштосо дар ягон ҷойи дунё ёфт намешавад. Дар мамлакатамон мавзеъҳои зебо зиёданд. Ин имконияти нав барои касонест, ки мехоҳанд соҳибкор шаванд. Дар ин раванд ҳокимонро лозим меояд, соҳибкоронро дастгирӣ кунанд.
Сайргоҳи дигаре, ки «Шаршараи мӯъҷиза» ном дорад, соҳибкор Раҳимхоҷа Ҳасанов бо се нафар писарон дар қуллаи кӯҳ бунёд кардааст. Вақте 173 зинаро тай намуда, боло мебароед, шуморо майдони мусиқӣ пешвоз мегирад. Дар ин ҷо сайёҳон метавонанд бо воситаи роҳи ресмонӣ, ки аҳолии маҳаллӣ онро «сатилча» низ мегӯянд, аз як кӯҳ ба кӯҳи дигар гузаранд. Аттраксионҳои хурду калони он ба хурсандии бачаҳо меафзояд.
Дар Чодак барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ низ корҳои васеъмиқёс бурда мешаванд. Обанбори Гулистон, ки дар ин ҷо сохта мешавад, 7 миллиард сӯм арзиш дорад. Обанбор 800 ҳазор метр мукааб обро гунҷонда, баъди ба кор даромадани он 40 ҳазор нафар аҳолӣ бо оби тоза таъмин мегардад.
Баъди мулоқот бо соҳибкорон ва сайру гашт дар Чодак ба хулосае омадем, ки ҳоло дар ин ҷо барои рушди сайёҳӣ шароит ва имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки ин ба нерӯ ва шуҷоати чодакиён вобаста мебошад.

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: