ОЯНДАИ КИШВАРЕ, КИ ҚАДРИ ИНСОНРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД, БУЗУРГ АСТ

Ман суханронии Президенти аз нав интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар маросими мутантани бахшида ба ҷамъомади муштараки Палатаҳои Олий Маҷлис бо диққат шунидам.

Ман суханронии Президенти аз нав интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар маросими мутантани бахшида ба ҷамъомади муштараки Палатаҳои Олий Маҷлис бо диққат шунидам.
Воқеан, ҳамаамон мебинему мушоҳида менамоем, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев дар мамлакат эътирофи бузурги сиёсатест, ки барои бунёди Ӯзбекистони Нав сафарбар шудааст.
Дар интихоботи таърихии Президент, ки дар кишварамон бори аввал дар пояи Кодекси интихобот гузашт, намояндагони 18 созмони байналхалқӣ ва ҳазорҳо нафар вакилон аз 45 давлати хориҷӣ ба сифати мушоҳид иштирок карданд. Ғайр аз ин, тақрибан 1700 нафар журналистони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷараёни интихоботро бевосита равшан намуданд. Ҳамаи онҳо таъкид карданд, ки интихобот дар пояи қонунгузории миллӣ ва тамоилҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ, дар савияи баланд гузашт, ин бешубҳа, моро хурсанд мекунад.
Президенти аз нав интихобшудаи Ӯзбекистон дар маърӯзаи худ ба номзадҳо аз Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон, Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Ҳизби экологии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», ки дар интихобот фаъол иштирок намуданд, миннатдории махсус баён кард, ки моро беш аз пеш мамнун сохт. Зеро тавре ки Шавкат Мирзиёев махсус таъкид намуд, «Агар мо дар ҷараёни интихобот бо ҳам рақобат дошта бошем, акнун тамоми орзуву омол ва саъю ҳаракатҳои худро муттаҳид карда, бо ҳизбҳои сиёсӣ аз наздик ҳамкорӣ мекунем. Ғоя ва таклифҳои муҳиму амалии онҳо, ки дар барномаҳои пешазинтихоботиашон зикр гардида буд, дар фаъолияти ояндаи мо аз эътибор берун намемонад».
Дар ҳақиқат мо беш аз пеш ҳамҷиҳат мешавем ва тамоми иқтидор, саъю кӯшиш, нерӯи худро ба мақсади ягонаи бунёди Ӯзбекистони нав сафарбар менамоем. Тавре ки Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ таъкид намуд, «Мо ислоҳоти демократиро, ки якҷо бо халқамон оғоз карда будем, қатъиян идома медиҳем ва аз ин роҳ ҳеҷ гоҳ бозпас намегардем! Ӯзбекистони Навро, бешубҳа, бо ҳам бунёд мекунем!»
Боз як ҷиҳати сазовори эътибори маърӯзаи роҳбари давлат он буд, ки сарвари кишвар минбаъд низ мизони асосии фаъолияти ӯ боқӣ мондани тамоили устувори «Барои қадри инсон»-ро таъкид сохт.
Қадри инсон... Мафҳуми бағоят бузург, сермаънову серҷанба, пурмазмуну баландмоҳият. Инсон дар ин олам танҳо пас аз соҳиби қадру қимат будан ҳаёти мукаммал мегузаронад, ҳамчун Инсон зисту зиндагӣ мекунад. Президент дар маърӯзаи худ ин мафҳумро равшантар ва пурмӯҳтавотар ифода намуд: «Мо ҳангоме ки қадри инсон мегӯем, пеш аз ҳама, ҳаёти орому осудаи ҳар як шаҳрванд, таъмин гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии ӯро пеши назар меоварем.
Ҳангоме ки қадри инсон мегӯем, мо барои ҳар як шаҳрванд фароҳам овардани шароити муносиби ҳаёт ва ташкил намудани инфрасохтори замонавӣ, хидматрасонии мукаммали тиббӣ, таълими хушсифат, низоми ҳифзи иҷтимоӣ, муҳити солими экологиро идрок менамоем».
Воқеан, барои роҳбар мақсади аз ин бузургтар, вазифаи аз ин шоистатар нест. Зеро ояндаи кишваре, ки қадри инсонро баланд бардоштааст, бузург мегардад.
Боз як навгонии бағоят муҳим он буд, ки Президенти мо ба мақсади таъмин кардани вобастагӣ ва идомати ислоҳот тамоили «Аз Стратегияи амалиёт – ба Стратегияи тараққиёт»-ро ба сифати ғоя ва мизони асосӣ пеш гузошт. Шубҳае нест, ки Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав зинаи нави пешрафти стратегияи миллиро оғоз мебахшад.
Президент дар маърӯзааш таъкид намуд, ки мо минбаъд фаъолияти худро дар пояи тамоили нави «инсон – ҷамъият – давлат» ташкил мекунем. Зеро дар ҳаллу фасли масъалаҳои асосие, ки ба тақдир ва ояндаи Ватанамон вобаста мебошанд, фикри ҷомеаи васеъ, ҳар як шаҳрванд барои мо бағоят муҳим мебошад.
Ҳамчунин ба ғояи «Ӯзбекистони Нав – давлати халқӣ ва инсонпарвар», ки барои таъмин сохтани фаровонҳолии ҳар як шаҳрванде, ки дар ин мамлакат зисту зиндагонӣ мекунад, тамоми халқамон хидмат хоҳад кард, эътибори махсус дода хоҳад шуд. Дар пояи ин нақш ва масъулияти мақомоти идораҳои маҳаллӣ бобати ҳаллу фасли мушкилоти маҳаллаҳо беш аз пеш пурқувват карда мешаванд. Барои ин як қисми бузурги вазифаҳои давлатӣ ба дӯши минтақаҳои марказӣ гузошта хоҳад шуд.
Шубҳае нест, ки татбиқ сохтани стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав ба зиммаи нирӯҳои сиёсӣ, бахусус Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва аъзои фраксияи он дар Олий Маҷлис низ масъулияти бузург мегузорад. Барои ба ҳаёт татбиқ намудани ислоҳоти пурмазмуне, ки ба ғояҳои ҳизби мо ҳамоҳанганд, барои дар мамлакат бунёд ниҳодани пойдевори Эҳёи Сеюм, шубҳае нест, ки ҳар як намояндаи фраксияи мо низ фаъолона иштирок мекунад.

Зуҳро ИБРАГИМОВА,
муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 
роҳбари фраксияи ҲСД «Адолат».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: