ОЯНДАИ КИШВАРРО ҶАВОНОН БУНЁД МЕКУНАНД

Дар урфият дуруст мегӯянд, ҳама чиз аз худи одам вобаста аст, вале қисмати инсон аз ҷиҳате ба модар вобастагӣ дорад.

Воқеан, вазифаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон, барои ба наслҳои оянда расонда додани суннатҳои ҷовидони миллӣ ба дӯши бонувон – модарони мо ва мураббиён гузошта шудааст. Бинобар ин ҳам мо модаронро нирӯи офарандаи фардо мешуморем. 
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти Президент Шавкат Мирзиёев ҳамчун роҳбари давлат ба баланд бардоштани маънавияти халқ эътибори махсус дода мешавад. Мо дар хотир дорем, ки яке аз аввалин вохӯриҳои ӯ мулоқот бо зиёиёни эҷодкор, тарғибгарони фарҳанг ва маърифат буд.
Тарбияи ҳамаҷониба ва муттасили ҷавонон, бешубҳа, аз ҷумлаи масъалаҳои асосиест, ки онро наметавон бидуни модарони маънавияташон баланд ҳаллу фасл кард, зеро модар нахустин тарбиятгари кӯдак аст. Маҳз бинобар ҳамин ҳам фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳаёти занон, ғамхорӣ нисбати онҳо, таъмин намудани манфиат ва ҳуқуқҳои қонунии бонувон аз ҷумлаи вазифаҳои бартариноки давлат маҳсуб меёбад. Шоистаи таъкид аст, ки аксар қонунҳо, фармон ва қарорҳое, ки тӯли ду соли охир қабул гардиданд, ба беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии занон нигаронида шудаанд.
2 феврали соли 2018-ум Фармони роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани кор дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам намудани идораи оила» қабул шуд ва мувофиқи он дар назди ҷамоатҳои шаҳрвандон вазифаи мутахассиси кор бо бонувон ва мустаҳкам кардани суннатҳои маънавиву ахлоқӣ дар оилаҳо ҷорӣ гардид.
Ба роҳ мондани кори Маркази илмиву амалии тадқиқотии «Оила» ва шуъбаҳои ҳудудии он дар роҳи мустаҳкам намудани идораи оила қадами амалӣ гардид. Мақомоти сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ  ба ҳокимиятҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ вобаста карда шуданд. Назорати фаъолияти онҳо ба зиммаи муовини ҳоким – раиси Кумитаи занон гузошта шуд.
Баробари ин 14 марти соли 2018 мувофиқи қарори Девони Вазирон Бунёди ҷамъиятии дастгирии занон ва оила таъсис ёфт. Дастгирии ҳамаҷонибаи бонувон ва оилаҳо, пешниҳод кардани кӯмак ба хонадонҳо ва заноне, ки ба вазъияти душвори иҷтимоӣ гирифтор шудаанд, маъюб мебошанд, таъмин сохтани бошуғл фарогирии онҳо вазифаҳои асосии он муайян гардиданд.
Бобати баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсӣ масъалаи таъминот бо шуғл нақши муҳим мебозад. Шуғл ба ҳаллу фасли як қатор мушкилоти ҳаётӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, талоқ дар оилаҳо мусоидат мекунад. Зане, ки бо кор машғул аст, ба буҷаи оила саҳм мегузорад. Алҳол маблағҳои Бунёди ҷамъиятӣ  барои таъмин намудани занон бо шуғл равона карда мешаванд. 
7 марти соли 2019 қарори Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд беҳтар намудани ҳуқуқҳои кафолатноки меҳнатӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкории занон» қабул шуд. Қарор барои дар мамлакат бечунучаро таъмин шудани риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон, ҳуқуқи кафолатноки меҳнат, ҷонибдорӣ кардани соҳибкории бонувон имконият фароҳам меоварад.
Мувофиқи моддаи 100-уми Кодекси мавҷудаи меҳнат аз ҷониби коргузор бекор кардани шартномаи меҳнатӣ пас аз ба синни нафақа расидани корманд пешбинӣ мегардид. Бинобар қарори роҳбари давлат то ба синни 60 расидани занон бо ташаббуси коргузор бекор кардани шартномаи меҳнатӣ манъ карда мешавад. Дар пояи ҳуҷҷати мазкур дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комиссияи оид ба ҳифзи баробарии гендерии занон таъсис ёфт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мамлакат қонунофарӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои бонувон фаъолона идома дорад. Коркарди лоиҳаҳои қонун «Дар бораи кафолатҳои баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳо барои мардон ва занон», «Дар бораи ҳифзи бонувон аз фишор ва зӯроварӣ» пешбинӣ гардидаанд. 
Дар машварати видеоселекторӣ, ки 19 марти соли 2019 баргузор шуд, Президент Шавкат Мирзиёев бори дигар зарурияти эътибор ба тарбияи кӯдаконро хотиррасон кард. Роҳбари давлат ба созмонҳои эҷодӣ супориш дод, ки ба ташаббускорӣ дар панҷ самт, ки дар байни онҳо беҳтар намудани муносибат ба ҷавонон, баланд бардоштани рағбати онҳо ба санъат, ҷалби ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ба роҳ мондани истифодаи самарабахши технологияҳои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ, ҳамчунин бо шуғл фарогирии занон мавҷуданд, эътибор диҳанд. Ӯ вазифаҳои муҳимтаринро дар ин бобат мушаххас кард.
Инсоне, ки ин вазифаҳоро дуруст дарк мекунад, мефаҳмад, ки барои тарбия намудани ҷавонони ташаббускор ва аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ комил, ки барои рушди минбаъдаи мамлакат ба ҷамъият заруранд, ҷалби бачагон ба шуъбаҳои варзишӣ, бедор кардани муҳаббати онҳо ба китобхонӣ тақозо мегарданд, дар ин бобат худи мо бояд намунаи ибрат бошем. Агар фардо фарзандони мо дар соҳаҳои варзиш, илм, санъат қуллаҳои баландро фатҳ намоянд, ин бахту саодати мо, ифтихори мост...
Мо, занон барои тарбияи ҷавононе, ки онҳоро минбаъд тамоми ҷаҳон эътироф менамояд, масъул мебошем. Вазифаи мо тарбия кардани касонест, ки занонро эҳтиром мекунанд, қодиранд такягоҳи онҳо бошанд.
Ҳоли ҳозир дар мамлакат ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Фарзандоне, ки мо тарбия менамоем, бояд ба чунин корҳои офарандагӣ омода бошанд. Ин мақсади мост.

Комила КАРОМОВА, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: