ОЯНДАИ МАМЛАКАТ БА ИНТИХОБИ ШУМО ВОБАСТА АСТ

Халқи Ӯзбекистон баъди чанд рӯз дар ҳодисаи муҳимтарини сиёсие, ки рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакатро муайян менамояд — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок менамояд.

Халқи Ӯзбекистон баъди чанд рӯз дар ҳодисаи муҳимтарини сиёсие, ки рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакатро муайян менамояд — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок менамояд. Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар ин интихобот бори нахуст номзади худро пешниҳод менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки интихоботи дарпешистода, дар ҳаёти мамлакат воқеаи муҳими сиёсӣ буда, аз садоқати Ӯзбекистон ба ислоҳоти васеъмиқёси иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсие, ки пеш гирифтааст, далолат медиҳад. 
Бо мурури вақт аз интихобот то интихобот дар мамлакат доир ба таҳким бахшидани пойгоҳи қонунгузорӣ корҳои бузург анҷом дода шуданд. Кодекси интихоботии ҷумҳурӣ ба андозаҳои байналхалқии интихобот комилан мутобиқ кунонида шуд. Чанде қабл Президент бо ташаббуси гурӯҳи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ бо назардошти андозаҳои байналхалқӣ бино ба тавсияҳои Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (БИДҲИ САҲА), баъди коркард, қонунро «Дар бораи ворид намудани дигаргунӣ ва иловаҳо ба баъзе асноди қонунӣ ба муносибати такмил додани қонунгузории интихобот» ба тасвиб расонд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ба Комиссияи марказии интихобот супурд, ки минбаъд тибқи қонунгузории миллӣ ва тамоюлҳои байналхалқии демократии аз ҷониби умум эътирофгардида дар сатҳи баланд гузарондани интихобот алоҳида эътибор диҳанд. Президент, аз рӯйи интихоботи гузашта, зарурати ба қонунгузории миллӣ ва амалиёт ҷорӣ кардани тавсияҳои қобили қабули нозирони байналхалқиро таъкид намуд. Роҳбари давлат эътироф намуд, ки аъзои комиссияи интихобот бояд донишҳояшонро доир ба қонунгузорӣ ва андозаҳои байналхалқии интихобот муттасил афзун намоянд.
Ҳамаамон шоҳиди он мегардем, ки маъракаи интихобот дар муҳити таҳким бахшидани тамоюлҳои демократӣ дар ҳаёт, ба дараҷаи эҳсосшаванда либераликунонии фазои рӯшодию ошкороӣ ва иҷтимоию сиёсӣ, ҳамчунин, афзудани нақшу мақоми расонаҳои ахбори оммавӣ баргузор мешавад. Барои рӯшан кардани рафти интихобот, аллакай, беш аз 500 журналист номнавис шудааст. Ба интихобот нозирон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ низ даъват шудаанд. Хусусан, дар баробари Ассамблеяи парлумони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, миссияҳои Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ба Ассамблеяи парлумонҳои ИДМ ва дигар созмонҳо даъватномаҳо интиқол дода шудаанд. Бад-ин тариқ, бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот, интизорӣ меравад, ки ба Ӯзбекистон аз ИДМ ва САҲА БИДҲИ қариб 800 нафар нозирон меоянд.
Дар таърихи интихобот бори нахуст Ҳизби экологии Ӯзбекистон низ ширкат меҷӯяд, ки ин дар мамлакат аз афзун гардидани фаъолнокии сиёсӣ ва эътирофи он, ки ҳифзи муҳити атроф дар оянда яке аз самтҳои асосии рушд хоҳад буд, далолат медиҳад.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон бобати такмил додани асноди қонун доир ба ҳифзи муҳити атроф дар маърака ва чорабиниҳои гуногун фаъол иштирок менамояд, бино ба шикоятҳои аз аҳолӣ дастрасшуда оиди коҳиш ёфтани меъёрҳои экологию санитарӣ рейдҳо мегузаронад, аз рӯйи баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ дар ҷамъият муттасил кор мебарад ва назорати ҷамоатии экологиро ба роҳ мемонад.
Шиори Барномаи пешазинтихоботии ҳизб — «Мо барои оянда масъулем!» аз ҳафт самт иборат аст. Мақсади асосӣ, тавассути дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба таври густурда ҷорӣ намудани тамоюлҳои рушди «сабз», таъмини барқарории экологӣ ва истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои авлоди имрӯзу оянда мебошад.
Барномаи пешазинтихоботии роҳбари ҳизби экологӣ ном ва фаъолияти ҳизбро дар худ комилан таҷассум менамояд. Яъне, ин сиёсатест, ки ба иқтисодиёти «сабз», ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба оби ошомиданӣ, пурзӯр намудани эътибор ба азнавкоркарди партовҳо, мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим, коҳиш додани оқибатҳои фоҷиабори экологии баҳри Арал ва партовҳои зарарнок ба атмосфера, баланд бардоштани сатҳи маданияти экологии аҳолӣ, роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳамкорони байналхалқӣ бобати ҳаллу фасли мушкилоти экологӣ нигаронида шудааст.
Инак, мухтасар доир ба ҷиҳатҳои асосии барномаи  пешазинтихоботии номзад аз ҳизбӣ экологӣ.
Ин, дар навбати аввал, маънои то ба 30 фоиз расондани саҳми иқтисодиёти «сабз» ба иқтисодиёти мамлакат ва тибқи ин таъмини болоравии суръати афзоиши иқтисодии солона ба беш аз 7 фоиз, афзун гардондани самаранокии нерӯи иқтисодиёт, дар асоси навсозии куллӣ 2 баробар афзудани соҳаи энергияро дорад.
Ҳизб бобати ба амал татбиқ намудани сиёсати давлат оиди таъмини ҳифзи бехатарии экологии мамлакат, ҳуқуқи дар шароити мусоид ба сар бурдани шаҳрвандон, манфиатҳои қонунии онҳо, масъалаҳои таҳким бахшидани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ ва қабули асноди байналхалқӣ рӯйи эътибор мегардонад. Дар ин ҷараён ба тартиб андохтани корҳо оиди коркарди партовҳои маишиву саноатӣ нақши муҳим дорад. Барои ин фаъолони ҳизб  зарур мешуморанд, ки қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи партовҳо» бо таҳрири нав қабул карда шавад. Ҳар сол миллионҳо тонна партовҳое, ки ҳаҷмашон торафт зиёд мешавад, обҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ, ҳаво ва хокро олуда месозанд. Ин ба афзудани бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла, бемории саратон, коҳиш ёфтани сифати оби ошомиданӣ ва аз кор баромадани садҳо гектар майдони кишт замина фароҳам меоварад. Барои ҳаллу фасли пурсамари ин мушкилот бояд ҳаҷми азнавкоркарди партовҳои маишӣ ба 40 фоиз, партовҳои саноатӣ ба 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳизб таҳти шиори «Қарзи муқаддаси мо — ҳифзи модар-табиат», бино ба фароҳам овардани шароити мусоиди зист ба аҳолӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои «ақлдор» дар хоҷагии деҳот, ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ ҳамаи чораҳоро меандешад.
Пайдост, ки таъмини ҳамаи қишрҳои аҳолии мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ аз мушкилоти муҳими рӯзмарра аст. Ҳизби экологӣ, бино ба беҳсозии низоми марказонидашудаи оби ошомиданӣ ва канализатсия, таъмини 90 фоизи аҳолии мамлакат бо оби ошомиданӣ  барномаи мушахасси худро дорад.
Мисли ҳамеша, мақсади стратегии ҳизб таъмини ҳифзи ҳавои атмосфера, ки барои ҳаёти инсон омили муҳимтарин маҳсуб меёбад ва мутобиқсозии нишондиҳандаҳои сифатии он ба стандартҳои байналхалқӣ боқӣ мемонад.
Захираҳои замин  асоси фаровонҳолии аҳолии мамлакат буда, иқтидори иқтисодии ҷумҳуриро муайян менамояд. Ташкили истифодаи оқилонаву пурсамар аз онҳо барои имрӯзу оянда омили муҳимтарин маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҳизб бо такя ба тамоюли «Замин ба мо ғизо медиҳад» бино ба таъмини ҳифзи захираҳои замин лоиҳаҳои аниқро ба амал татбиқ менамояд, аз ҷумла, рӯйи эътиборро ба он мегардонад, ки замин ба мулки хусусӣ табдил ёбад. Ин муносибатро ба замин куллан дигар мекунад, онро ба активи муҳими бозор табдил медиҳад.
Дар ҷамъияти мо истифодаи оқилона ва сарфакорона аз захираҳои об, афзудан ба маданияти истеъмоли об ва ташаккул додани муносибати дуруст ба об аз вазифаҳои муҳиму устувортарин маҳсуб меёбад. Барои ноил гардидан ба ин, бино ба васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об ҳангоми обёрии заминҳои кишт, то ба 30 фоиз расондани саҳми он дар майдонҳои обёриашон умумӣ, ҳамчунин, такмил додани низоми рағбатноксозии давлатӣ, иҷрои вазифаҳои муайян пешбинӣ шудаанд.
Сарфи назар аз вазъи гарони глобалие, ки ба тағйироти иқлим дар сартосари дунё иртибот дорад,  бо обҳои қубури обгузар ва партовҳои саноатӣ миқдори олуда гардидани муҳити атроф зиёд мегардад. Ин ҳолат раванди тағйирёбии иқлимиро пурзӯр месозад. Агар чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, оянда шояд мушкилоти глобалӣ ба фоҷиа табдил ёбад. Биноан, ҳизб тавассути ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои инноватсионие, ки ба нармсозии оқибатҳои ҳалокатбори баҳри Арал нигаронида шудаанд, саъю кӯшиш менамояд, ки вазъи экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаи баҳри Арал, шароити зисту зиндагонии аҳолӣ беҳ гардад.
Ҳизби экологӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ ва рушди ҳамкории байналхалқӣ бо минтақаҳои бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад ғояи бехатарӣ, субот ва некҳамсоягиро пеш гирифтааст. Барои мо ба сифати самти устувору асосии сиёсати хориҷӣ таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, кӯмак ба ҳаллу фасли мушкилоти асосии бехатарии минтақавӣ, аз ҷумла, вазъи Афғонистон вазифаи муҳим маҳсуб меёбад.
Ҳоло маъракаи пешазинтихоботӣ авҷ гирифтааст. Вохӯрӣ бо номзадҳо ва вакилони эътимодбахши онҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Каттақӯрғон, Булунғур, Ҷомбой ва Ургут вохӯриҳои вакили эътимодбахши дар вилоятбудаи номзад ба Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҳизби экологӣ Обломуродов Нарзулло Наимович бо интихобкунандагон баргузор шуд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ пешбинӣ шудаанд.
Иштирок дар интихобот ба ифодаи озоди хоҳишу иродаи халқи Ӯзбекистон иртибот дорад. Ояндаи ҷумҳуриамон ба интихоби халқ — ҳамватанонамон вобаста аст. Биноан, мо даъват менамоем, ки ҳамаи ҳамватанонамон дар интихоботи Президенти мамлакат фаъол иштирок намоянд.

Муҳиддин ПӮЛОДОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Институти иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: