27 декабри соли 2019 Президенти кишвари мо дар мактаби махсуси ба номи Муҳаммад ал-Хоразмии шаҳри Тошканд бо ҷавонон суҳбат кард.
Дар он вобаста ба сиёсати ҷавонон як қатор ташаббусҳо пешниҳод гардида, дар назди мақомоти бонуфуз бинобар ҳаллу фасли мушкилоте, ки писарону духтаронро ба ташвиш меоваранд, вазифаҳо гузошта шуданд.
Дар суҳбат роҳбари давлат таъкид сохт, ки «Мо ояндаи Ӯзбекистонро якҷо бо ҷавонон бунёд менамоем. Соли 2020 дар сиёсати давлатии ҷавонон гардиши бузург хоҳад шуд».
Бо назардошти ин саъю кӯшишҳо барои толибилмони мактабҳои таълими ҳамагонӣ, коллеҷҳои касбӣ, донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Қашқадарё ба корхонаҳои истеҳсолӣ, фирмаҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимиву тиббии вилоят сафарҳо ташкил карда шуданд, ҳамчунин вохӯрии «Ҳоким ва ҷавонон» ба амал омад.
Ин чорабиниҳо бо он дорои аҳамият мебошанд, ки ба таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишвари мо амалӣ мешаванд, тарбияи насли комилу солим, ки дорои маънавияти баланд, афкори мустақилу озод мебошанд, илмҳои замонавиро аз худ кардаанд, нигаронида шудаанд.
450 нафар духтару писарони даъватшуда, ба 11 гурӯҳ тақсим гардида, аз шуъбаҳои бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ, Корхонаи коркарди гази Муборак, гармхонаҳо, сехҳои коркарди меваҷот, корхонаи муштараки «GTI», Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан, истгоҳи гармиву электрии Талимарҷон, корхонаи муштараки «LTI textile»-и ноҳияи Қаршӣ, корхонаи «Султонтекс», маркази кардиологӣ, Донишгоҳи давлатии Қаршӣ, Донишкадаи муҳандисиву иқтисодии Қаршӣ, муассисаҳои таълими томактабӣ боздид ба амал оварданд, бо шароите, ки дар он ҷойҳо фароҳам оварда шуда, ба ҷараёни корҳо мувофиқат мекунанд, шинос гардиданд.
– Ман дар курси сеюм бинобар самти молия таҳсил дорам, – мегӯяд донишҷӯйи Донишкадаи муҳандисиву иқтисодии Қаршӣ Моҳинур Равшанова. – Боздиди имрӯзаи мо аз бонки тиҷоратӣ боиси ғанӣ гаштани дониши ман аз соҳаи интихобкардаам шуд. Ман бо коркунони ҳар кадом шуъбаи бонк суҳбат намуда, ба саволҳое, ки бароям ҷолибанд ҷавоб гирифтам. Чунин вохӯриҳо барои донишҷӯёни хатмкунанда хеле муҳиманд.
Дар ҷараёни сафар ба донишҷӯёне, ки фаъоланд ва соҳаи худро хуб медонанд сертификатҳои роҳбарони ташкилотҳо супурда шуданд, ба шарофати ин сертификатҳо донишҷӯёни имрӯза баъди адои таҳсил метавонанд дар корхонаҳои мазкур кор кунанд.
Чунончи, дар мулоқоте, ки дар бахши минтақавии «Ҳамкорбонк»-и Қашқадарё ташкил гардид, донишҷӯйи Донишкадаи муҳандисиву иқтисодии Қаршӣ Шавкат Аминов сертификати махсуси роҳбари бонки мазкурро ба даст овард.
– Ман дар озмуне, ки бонк ташкил карда буд, иштирок кардам ва сертификат гирифтам, – мегӯяд Ш. Аминов. – Соли гузашта дар барномаи «Эрасмус плюс»-и Иттиҳоди Аврупо иштирок карда, дар Булғория бинобар соҳаи худ шаш моҳ таълим гирифтам. Донишҳое, ки дар хориҷа омӯхтам, боиси ғалабаи ман дар озмуни кунунӣ гардиданд. Сертификати гирифтаам имкон медиҳад пас аз хатми таҳсил корро дар бонки номбурда оғоз намоям. Ман аз ин хеле хурсандам.
Пас аз сафар вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Қашқадарё З. Мирзоев бо ҷавонон дар шакли конфронси робитаи видеоӣ ба амал омад.
Ин мулоқотро донишҷӯёни қашқадарёӣ, ки дар муассисаҳои таълими олии шаҳри Тошканд ва вилояти Самарқанд мехонанд, низ тамошо карданд.
Дар чорабинӣ роҳбарони тамоми ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатии вилоят, ҷавонон, ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
– Мақсади асосии вохӯрии имрӯза ҷалби ҷавонон ба ислоҳоти соҳаи иқтисодист, ки дар мамлакати мо татбиқ мешаванд, – гуфт З. Мирзоев. – Мо ният дорем ҷавонони фаъолеро, ки дархостҳои халқро аз хоҳиши худ болотар мегузоранд, бовиҷдон ва фидокоранд, ҷаҳонбинии васеъ доранд, эҷодкор мебошанд, дар вазъиятҳои мушкил қарори дуруст бароварда метавонанд, ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин намоем. Ҳамчунин мо соҳибкорони ҷавонро дастгирӣ мекунем, дар ҳаллу фасли мушкилоти онҳо кӯмак мерасонем.
У. БАРОТОВ,
хабарнигори ӮзА.