ОЁ АРӮС ХИЗМАТГОРИ ХОНАВОДА АСТ?

Ҳамаи падару модар орзу мекунанд, ки баъди ба камол расиданаш писари худро хонадор кунанду духтарашонро бо дуову фотиҳаи нек ба хонаи шавҳараш гуселонанд.

Мақсадашон ин аст, ки насл идома ёбаду духтар хизмати шавҳар ва падарарӯсу модарарӯсашро ба ҷо биёрад. 
 Оилаҳои зиёд дар пояи ишқу муҳаббати пок ва садоқат нисбат ба ҳамдигар барпо шудаанд ва  соҳиби зиндагии орому босуботи худ ҳастанд. Чунин оилаҳо   бо инояти Парвардигор  соҳиби фарзандони неку солеҳ гаштаанд ва дар маҳалли худ ҳаёти пурмазмуну фаровон мегузаронанд. 
Аммо зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист, гуфтаанд. Пайроҳаҳои ҳаёт росту равон нестанд ва печу хамиҳои худро доранд. Баъзан навхонадорон дар зиндагӣ, дар хаму печи пайроҳаҳои он сару сомон гум мекунанд, дар ҳаёташон рахна пайдо мегардад ва дар натиҷа фарзандони онҳо сарсон  мешаванд.
Дар ин гузориш таваҷҷӯҳи шуморо бештар ба он масъала ҷалб карданиам, ки дар байни мардум муносибат ба келин чӣ гуна аст, оё ин муносибат ҳар ду тарафро қонеъ месозад ва арӯсони хонаводаҳо оё аз ҳаёти худ розиву қаноатманд ҳастанд?
Ноиби раиси Идораи мусалмонони ҷумҳурӣ, шайх Абдулазиз Мансур бар ин ақида устувор аст, ки арӯси хонадон духтари падару модарест, ки вайро то ба ин син ба воя расондаанд, заҳмат кашидаанд ва бо ҳазор умеду орзуҳо ба хонаи домод гусел кардаанд. 
– Аммо баъзан ҳолатҳое рух медиҳанд, ки падарарӯс ва модарарӯс ба келини хонавода мисли хизматгор муносибат мекунанд. Маҷбур месозанд, ки вай аз меъёр зиёд кор кунад, хасташавиро надонад, ҳама ҷоро ба тартиб биёрад, зарфҳоро бишӯяд ва амсоли он, – мегӯяд ӯ. 
Албатта, мо медонем, ки бо омадани  арӯс ҳар як хона  намои наву тоза касб мекунад, озодаву саришта мегардад, бо файзу баракот мешавад. Боз тибқи таомули мардуми мо арӯси нав пеш аз дигарон аз хоб мехезад ва ҳавлиро об задаву мерӯбад, атрофро пок мекунад. Баъд барои шавҳараш ва падаршӯву модаршӯ дастурхони субҳро омода месозад. 
– Ҳеч кас ҳақ надорад, ки ба келини хонавода иҷрои ин ё он корро амр диҳад. Танҳо шавҳар ҳақи ба завҷааш амр кардан дорад ва он ҳам дар доираи меъёрҳое бояд сурат бигирад, ки хилофи анъана ва расму оинҳои мусалмонӣ набошанд, – тазаккур медиҳад шайх.
– Аз вақти арӯс шуда ба ҳавлии шавҳар омаданам қариб се сол сипарӣ мешавад. Ман бо хоҳиши падару модарам ба писари ин хонавода издивоҷ кардаам. Маълумоти миёнаи махсус дорам, вале шавҳарам аз аввал ба ман хотиррасон намуд, ки орзуи дар ягон ҷо кор карданро аз сар дур кунам, – гуфт Шаҳзода ном сокини шаҳри Фарғона ва хоҳиш кард, ки аз ифшои номи маҳалли зисташ худдорӣ кунам. – Дар моҳҳои аввал муносибати модарарӯсам бо ман то андозае хуб буд. Аммо сонитар вай дар набудани шавҳарам  иҷрои корҳоеро амр мекард, ки бароям гарон  менамуданд, вале илоҷи ихтилоф бо модарарӯсро надоштам. Меҳаросидам, ки ба шавҳарам шикоят мекунаду боиси сарзанишҳои сахти вай мегардам, – илова намуд Шаҳзода.
Бар асоси суханони ӯ, бо сипарӣ шудани  моҳҳо ҳомила шудааст. Бо вуҷуди ин модарарӯс вайро нороҳат мекард ва имкон намедод, ки ҳатто баъди иҷрои корҳои хона каме истироҳат кунад. Хушдоман таҳдидомез мегуфт, ки агар амри вайро иҷро накунад, ба писараш мегӯяду ҷавобашро медиҳад.
– Ғайр аз сабр чорае надорам. Намехоҳам, ки  сари падару модарамро пеши ҳаммаҳаллаҳо хам кунам ва тифлам бепадар калон шавад, – изҳор кард ҳамсуҳбати мо.
 – Ман борҳо исрор намудам, ки чанд муддат дар ҷойи дигар зиндагӣ кунем. Аммо шавҳарам мегӯяд, ки вай писари калонии хонавода аст ва то хонадор шудани додараш бояд дар ҳамин ҳавлӣ хизмати падару модарашро ба ҷо оварад ва баъдан ба хонаи алоҳида кӯчад, – гуфт  Гӯзал, ки худро сокини шаҳри Марғелон муаррифӣ намуд.
Ба таъкиди ӯ як сол нашуда дар ҳавлӣ ҷангу ҷанҷол хест ва шавҳараш вайро муттаҳам намуд, ки амри падару модарашро иҷро намекунад. Вай боз тазаккур дод, ки шавҳараш бо исрори модар маҷбуран  ӯро талоқ дод ва ду фарзандашонро зиндаятим кард.
– Ба ман падарарӯсу модарарӯс ва додари шавҳарам ҳамчун ба хизматгори хона муносибат карданд.  Баъди дусола шудани фарзанди дуввум дар яке аз поликлиникаҳои шаҳр ним ставка кори фарроширо бар ӯҳда гирифтам. Ҳамин  ки вақти кор ба охир расид, саросема ба хона омада, аз аҳволи кӯдакон бохабар мешудам. Баъд барои ҳама хӯрок омода мекардам, корҳои дигарро ба ҷо меовардам. Шустани косаву табақ низ танҳо ба зиммаи ман буд. То дергоҳ  хонаро ба тартиб оварда, хаставу абгор ба рахти хоб медаромадам, – гуфт Гӯзал. 
Ҳарчанд шавҳараш медид, ки корҳои хона вайро хеле хаста мекунанд, кӯмак карданро ба гӯшаи хотир намеовард. Барои таскини дилаш танҳо мегуфт, ки тӯйи арӯсии додараш наздик аст ва баробари фаровардани келин аз ҳавлии падараш кӯч мебанданд. 
– Аммо коре шуд, ки..., – гиря Гӯзалро гулӯгир кард. Вай гирист ва баъди андак хомӯшӣ бо дастрӯймол оби чашмонашро пок карда, ба ҳарфҳояш идома дод: – Хушдоманам шояд ба вай чиҳое гуфт, ки бо қаҳру зарб наздам даромад ва бе ягон сабаб ҷавобамро дод. Аз чунин ранг гирифтани ҳол дасту по гум кардам. Забонам ҳам лол монд. Ҳарфе гуфта натавонистам. Дарҳол ба падарам занг задам ва ӯ бародарамро фиристод, ки маро аз ин ҳавлӣ гирифта барад. Рӯзи дигар кӯчу борамонро бардошта, дасти писарчаҳоямро гирифтаму ба хонаи падар баргаштам.
Ин ҳарфҳои Гӯзал қалби одами дилсангро ҳам об мекунад. Мутаассифона, дар ҳаёт чунин ҳодисаҳо зиёд рух медиҳанд ва бархе ба бахти фарзандону наберагон аз паси панҷа менигаранд. 
– Мо соле чандин оиларо аз ҳам ҷудо мекунем. Соли 2017 сиву ду ва аз инҳо бо қарори суд шонздаҳ  оила аз ҳам ҷудо шуданд, ки соҳиби як-ду ё зиёдтар фарзанд мебошанд. Сарнавишти ҳамин фарзандон мо ва вакилони идораҳои додрасониро аз ҳама бештар нигарон месозад. Зеро фарзанд танҳо дар иҳотаи падару модар метавонад солиму хушбахт ба камол бирасад. Сабабҳои бекор кардани аксар ақди никоҳ маҳз ба муносибати хушдоману келин дахл дорад. Магар ин аз рӯйи адолат аст? – мегӯяд мудири шуъбаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Сӯх Зарнигор Бойбалаева.
– Оре, касе ҳақ надорад сояи бахту иқболро аз болои сари кӯдакон рабояд ва онҳо аз ҳаёти хушбахтонаи кӯдакӣ маҳрум шаванд. Фаъолони маҳалларо зарур аст ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ низ машғул шаванд, ба арӯсоне, ки аз хушунатҳои  хонаводагӣ азият мекашанд, кӯмак  намоянд, – мегӯяд сокини  деҳаи Аввали ноҳияи Фарғона Қурбоналӣ  Мирзоев.
Ба таъкиди ин пири рӯзгордида  бояд таноби хусуру хушдоманҳое низ кашида шавад, ки ба бахти писару келин зомин мешаванд, боиси сарсониву саргардонии кӯдакони бегуноҳи онҳо мегарданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: