ОЁ АЗ БОҒҲОИ МАКТАБ ДАРОМАД БА ДАСТ МЕОЯД?

Лоиҳаи «Макони сабз», ки бо ташаббуси сарвари давлатамон ҷорӣ гардид, нафақат корҳои кабудизоркуниро ба зинаи нав бардошт, инчунин имконияти расонда додани меваи гуногунро васеъ гардонд. Дар мактаби рақами 33-юми ноҳияи Фарғона мо бо чунин манзара рӯ ба рӯ шудем.

— Се сол пеш аз ин, дар доираи лоиҳаи »Макони сабз» дар ҳудуди 70 сотих замини мактабамон боғи себи интенсивӣ ташкил намудем, — гуфт директори мактаб Маҳбуба Мансурова, – бо мутахассисони соҳаи боғпарварӣ машварат намуда, 1250 бех ниҳоли себи ба замин ва иқлими мо тобоварро шинондем. Ба туфайли чашми кордонии боғбонамон Абдусолӣ ҳамаи ниҳолҳои мо зиёдтар аз чашмдошт – беш аз 5 тонна ҳосил дод. Серҳосил будани лиму дар гармхонаи мактаб низ ба мо хурсандӣ бахшид.

Роҳбари мактаб таъкид намуд, даромаде, ки аз себ ва лиму гирифта мешавад, барои рағбатноксозии муаллимони пешқадам ва хонандагони фаъол ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани фарзандони оилаҳои камбизоат  сарф карда мешавад. Албатта, чунин ҷараён ҷиҳати беҳбудии сифати таълим мусоидат менамояд.

ӮзА.

Дар сурат: дар боғи интенсиви мактаби рақами 33-юми ноҳияи Фарғона.

Суратгир: М. Қодиров (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: