ОЁ БЕРУН АЗ ОИЛА ХУШБАХТӢ ҲАСТ?

Вақтҳои охир ҳамчун далели садоқат ба анъанаҳои абадзиндаи хайрхоҳӣ ва саховатмандии халқи мо дар саросари кишвар ба фарзандӣ қабул кардани тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонӣ кори маъмулӣ ва оммавӣ мегардад.

Вақтҳои охир ҳамчун далели садоқат ба анъанаҳои абадзиндаи хайрхоҳӣ ва саховатмандии халқи мо дар саросари кишвар ба фарзандӣ қабул кардани тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонӣ кори маъмулӣ ва оммавӣ мегардад.
Сафи хонавода ва саховатпешаҳое, ки ба чунин кори хайр даст зада, ба қалбҳои шикаста зӯру мадор мебахшанд, меафзояд.
Дар айни ҳол барои ба фарзандӣ қабул кардани беш аз 500 тарбиятгирандаи 13 хонаи кӯдакони кишвар, дар навбат истодани 5 ҳазору 792 нафар ҳамватани мо шоистаи таҳсин аст.
Маълум аст, ҳалли баъзе муаммоҳо, ки шаҳрвандон оид ба масъалаи фарзандхондӣ дучор меоянд, бо як қатор қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад.
Аз ҷумла, чунин ҷиҳатҳои муҳим дар Қонун «Дар бораи васоят ва парасторӣ» инъикос ёфтааст.
Дар моддаи 4-уми қонуни мазкур ҳамчун самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи васояту парасторӣ монеаҳои сари вақт ошкор намудан, ба қайд гирифтан ва ҷойгир кардани шахсони ба васояту парасторӣ эҳтиёҷдошта, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо, таъмини иҷрои қонун, дастгирии оилаҳо ғамхорӣ зоҳир мекунанд, нишон дода шудааст.
Мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолият дар доираи салоҳияти худ шахсонеро, ки ба васоят ё парасторӣ муҳтоҷанд, сари вақт ошкор менамояд. Инчунин, барои тартиб додан ва ҷо ба ҷо гузоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ масъул аст. Дар навбати худ ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии чунин шахсонро ҳимоя мекунад, иҷрои ӯҳдадории васӣ ва парасторон, шароити тарбия ва таълими онҳо, инчунин ҳифзи молу мулкро назорат мекунад.
Фарзандхонии ноболиғон тибқи қонунгузории амалкунанда ва Низом «Дар бораи ба фарзандӣ гирифтани ноболиғон ва ба тарбияи оила гирифтани бачаҳо (патронат)», ки бо қарори дахлдори Девони Вазирон тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.
Ҳар кас, хусусан, писарону духтарони мо, ки бо умед ба дунё омадаанд, агар меҳру муҳаббат бинанд, хушбахту саодатманд мешаванд.

Умедахон ЗОКИРОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: