Гӯшт маҳсулоти асосии тақрибан кулли таомҳо ба ҳисоб меравад.
Гӯшт маҳсулоти асосии тақрибан кулли таомҳо ба ҳисоб меравад. Ба дасторхони пурнозу неъмати маъракаҳо гӯштҳои яхниву танӯрӣ, қазиву барракабоб, моҳиву мурғи бирён ва ғайра шукӯҳу шаҳомати хосе мебахшанд.
– Аҳамияти гӯшт барои организм ва барқарории саломатии инсон ниҳоят бузург аст, – мегӯяд мудири нуқтаи табобатии «Гулобод»-и ноҳияи Самарқанд Венера Сатторова. – Се моддаи асосӣ мавҷуданд, ки онҳо сафеда, равған ва карбогидратҳо мебошанд. Дар байни онҳо сафедаҳо мавқеи муҳим доранд. Ин моддаҳо дар ташаккулёбии мушакҳо, навшавии бофтаҳо, коркарди гармонҳо ва ғайра заруранд. Агар одам ба воситаи хӯрок сафедаҳоро ба қадри зарурӣ гирифта натавонад, самараи кори ақливу ҷисмонии вай паст мегардад, хоболуд мешавад, суръати пиршавиаш меафзояд. Манбаи асосии сафедаҳо гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, инчунин шир ва тухм мебошанд. Чунин хосиятҳо дар дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дида намешаванд, ё худ кам мушоҳида мешавад. Хулоса, зиндагонии одамро бе гӯшт тасаввур кардан душвор аст. Мардуми мо асосан гӯшти говро меписанданд ва онро бештар истеъмол мекунанд. Ин бесабаб нест. Мувофиқи таъкиди Ҳомидҷон Зоҳидов дар китоби «Канзи шифо»: «Таъми гӯшти гов лазиз мебошад, барои одамони бо меҳнати ҷисмонӣ ва варзиш машғул, инчунин барои одамони иллати дабба (чурра) дошта мувофиқ ва форам аст, бадани онҳоро қавӣ ва фарбеҳ мегардонад, сафрои рақиқро (суюқ) қатъ мекунад.
Беҳтарини он гӯшти гӯсолаи фарбеҳи хушмизоҷ аст ва агар гӯшти гӯсолаи зард бошад, боз ҳам хубтар аст. Беҳтарин вақт барои хӯрдани гӯшти ин ҳайвон фасли баҳор аст.
Бадтарини он гӯшти гови пир, лоғар ва дардманд аст»...
МОЛПОӢ ОСОН НЕСТ!
Пештар мардум барои истеъмол гӯштро асосан аз магазин ва дӯконҳои қассобӣ мехариданд. Дар магазинҳои давлатӣ гӯшт фурӯхта мешуд. Сифати гӯштҳои гову гӯсфанди магазинҳо пасттар бошанд ҳам, нархашон арзонтар буд. Ҳоло ин гуна гӯштҳо дар савдо нестанд. Ҷойи онҳоро растаҳои гӯштфурӯшии бозорҳо, марказҳои савдо ва дӯконҳои қассобӣ гирифтаанд.
Моли одам – хоҳ он гӯсфанд ва хоҳ гов бошад, мисли бонк аст. Кам-кам ба он алаф ва ему хошок харида дода, мехӯронаду нигоҳубин мекунад. Вақте ки онҳо калону фарбеҳ шуданд, фурӯхта, гӯё аз бонк гирифта бошад, пулашро яклухт мегирад. Ва ин пули яклухту зиёд дар ҳалли мушкилоти зиндагии ӯ ёрӣ мерасонад.
Дар ёд дорам: боре суҳбат аз хусуси молу молпоӣ рафту як шиноси куҳансолам даст афшонда гуфт:
– Эҳ, одам мурда-мурда мол мепояду фоидаашро қассоб мебинад. Аз молу молпоӣ ба мо фоида фақат – поруяш.
Ҳоло дар сари ҳар қадам чашматон ба дӯконҳои қассобӣ меафтад. Бисёриҳо қассобиро ҳамчун манбаи даромад пешаи худ қарор додаанд. Вале аксари харидорон аз кору хидматрасонии онҳо шикоят мекунанд. Шикоятҳои онҳо асосан аз хусуси забон як карда, ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи гӯшт, аз меъёр зиёд додани устухон, ба гӯшт ҳамроҳ кардани гӯшти калла, равғани чарбуро ба қимати гӯшт фурӯхтан, ҳангоми ҳисобу китоб ва ё сангу тарозу фиреб додан иборат аст. Аз харидани гӯшти қима меҳаросанд, барои он ки қассобон бо гӯшт ҳар хел «чизҳо»-ро кӯфта медиҳанд.
Чорвопарварон, ки бо умеди манфиат гӯсоларо моҳҳо поида, фарбеҳ карда, барои куштан медиҳанд, низ аз қассобон норозианд. Вале илоҷи дигар надоранд. Ба бозор бароранд ҳам, боз бо қассобон рӯ ба рӯ мешаванд.
– Медонед, молпоӣ кори осон нест, – дарди дил кард марде. – Гов ё гӯсфанд ҷонвари зинда. Шабу рӯз нигоҳубин накунед, убол аст. Ман ҳам, гӯсолаҳо нар бошанд, поида, калону фарбеҳ карда, ба қассобҳо медиҳам. Барои ин камаш се сол лозим аст. Аввал агар бо алаф, хасу хошок, коҳу беда поед, як-ду моҳи охир ба ем гирифтан даркор. Нархи ему кунҷола ҳозир дар осмони ҳафтум. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз ҳисоби хӯроку пӯшоки худ зада, ба мол харида медиҳед. Баъде, ки мол тайёр шуд, қассобро ҷеғ мезанед. Вай онро кушта, фақат гӯшташро ҳисоб карда мегирад. Ҳозир гӯшт қимат шудааст. Пештар агар ҳар килояшро 48-ҳазорсӯмӣ гиранд, ҳозир беш аз 50 ҳазорӣ. Килои онро бо 56-60-ҳазорсӯм мефурӯшанд. Қассобҳо ба каллаю поча, дилу ҷигар, шушу гурда, ишкамба ва ғайра пул намедиҳанд. Бар замми пӯст боз ду-се кило гӯштро ҳамчун ҳаққи хидмат мегиранд. Ба соҳиби мол фақат думғозааш мемонад. Агар каллаю почаашро гирифтан хоҳед, дар он сурат нархи гӯштро арзонтар мекунанд. Алқисса, агар ҳисоб карда бароем, қассобҳо аз як мол то 2 миллион сӯм ва аз он бештар фоида мебинанд. Баъзе беинсофҳояшон додани ҳамин пулро ҳам моҳҳо кашол медиҳанд…
ДАСТИ ҚАССОБ ШИРИН БОШАД...
Мо барои ба ин масъала равшанӣ андохтан бо собиқ қассоби маҳаллаи Ҷарқишлоқ Қудрат Зайниеви 74-сола ҳамсуҳбат шудем.
– Ман бачаи 15-16-сола будам, – гуфт Қудрат Зайниев, – падарам қассобӣ мекарданд. Маро ҳамроҳ гирифта, «ин касба ёд гир» мегуфтанд. Саҳарӣ ҳамроҳ мол мекуштем. Одамон навбастҳои 300-500-килоиро барои куштан медоданд. Он солҳо «ведомост» гуфтани гап буд. Одамҳо дукилоӣ не, аз 5 то 20-килоӣ гӯшт мегирифтанд. Сонӣ, ба ведомост даст мемонданд. Ҳамин, ки колхоз моҳонаашонро дод, пули гӯштро месупурданд.
– Падаратон ҳар рӯз мол мекуштанд?
– Не, ҳафтае ду маротиба. Гӯштро мисли ҳозира чанд рӯз не, балки дар байни як-ду соат мефурӯхтанд.
– Қассобҳо чӣ қадар ҳаққи хидмат мегирифтанд?
– Майда карда, фурӯхта диҳад, 3 кило гӯшт мегирифтанд. Худораҳматӣ падарам «кушиву майда кардаву фурӯхта надиҳӣ, якуним кило, бисёраш ду кило, ба гӯсфанд «нимча» (ним кило) гир» мегуфтанд. Ман 25 сол тракторчигӣ ва баъд 13 сол дар Иттиҳодияи байниноҳиявии чорвопарварӣ бригадирӣ кардаам. Баробари ин, қассобӣ мекардам. Барои ин касб ба ман падарам не, балки Эшонбобо аз Хоҷа Аҳрор ҳамчун пири ин кор фотеҳа додаанд. Ман молҳоро мекуштаму писарам дар дӯкон мефурӯхт.
– Ҳозир бисёриҳо аз «иштиҳо»-и қозгири қассобҳо шикоят мекунанд?
– Не, мо ин хел намекардем. Барои фурӯхтан 20 тин, солҳои охир 50 тин ҳаққи иловагӣ мемондем. Ҳозир қассобҳо чӣ кор мекунанд, ман намедонам.
– Қассобҳо молҳоро бояд чӣ хел кушанд?
– Фарқ надорад. Муҳимаш мол фарбеҳ бошад. Молҳои бемор ва бордорро набояд кушт. Ба гӯшти моли фарбеҳ бояд 150 грамм, бисёраш 200-граммӣ устухон монанд. Баъзеҳо ба як кило устухон 2-3 кило гӯштро мемонанд, ки ин беинсофӣ аст. Умуман шириниву тундии гӯшт дар дасти қассоб аст. Агар қассоб фотеҳа гирифта ва дасташ ширин бошад, моли куштааш бомазза мешавад.
– Қассобҳо оё вақти гӯштфурӯшӣ ҳамаро хурсанд карда метавонанд?
– Баъзеҳо метавонанд, баъзе не.
– Ҳозир аз гаронии нархи гӯшт ҳама шикоят мекунанд, дуруст?
– Ҳозир нарх ҳамин. Инро арзон карда намешавад. Пештар гӯшти давлатӣ зиёд буд. Молхонаҳо пур, рамаи бузу гӯсфанд дар дашту кӯҳҳо мечариданд. Дар иттиҳодияи байниноҳиявии бӯрдоқипарварӣ ҳафтоду чанд ҳазор сар мол буд. Канӣ онҳо? Ҳозир ҳамааш аз они халқ.
ТАЛАБОТ ЗИЁД БОШАД, НАРХ БОЛО МЕРАВАД
Масоҳати кишти хӯроки чорвои ноҳияи Самарқанд кам аст. Бинобар ҳамин, аҳолӣ ва баъзе хоҷагиҳои фермерӣ дар ин бобат танқисӣ мекашанд. Камии хӯроки чорво аз ҳисоби вилоятҳои дигар, пеш аз ҳама Ҷиззаху Сирдарё пур карда мешавад. Аз он вилоятҳо мошин-мошин коҳу беда оварда, мефурӯшанд.
Дар баъзе ҷойҳо фурӯши ин маҳсулот низ ба роҳ монда шудааст. Яке аз онҳо дар ҳудуди маҳаллаи Шӯрбоича, дар тарафи дасти чапи даромадгоҳи роҳи маҳаллаи Давлатобод воқеъ гардидааст. Мо дар ин ҷо бо сарвари корхонаи оилавии «Ӯроқов Маҳмудҷонбобо» Ҷасур Ӯроқов вохӯрдем.
– Чандин сол пеш бо мошинҳо аз вилоятҳои дигар коҳу беда оварда, кӯча ба кӯча мегаштанд. Шабҳоро дар сари роҳҳо рӯз мекарданд. 4-5 маротиба ҳодисаи сӯхтори мошинҳо ҳам рух дода буд. Ин аҳволро собиқ ҳокими вилоят Зойир Мирзоев мушоҳида карду ба тартиб овардани онро фармуд. Дар паси молхона, ки замин буд, мо як ҷойи фурӯши хӯроки чорво ташкил кардем. Дар ин ҷо бо мошинҳо бор оварда, ба харидорон мефурӯшанд. Ба қадри ҳол барои истироҳат, буду бош ва хӯроки фурӯшандаву харидорон шароит муҳайё намудем. Ба шарофати ин чорабинии мо 20-25 адад соҳибони мошини УАЗ ҳам рӯзгузаронӣ мекунанд.
Нархи наворо халқ муайян менамояд. Талабот зиёд бошад, молу маҳсулот қимат, кам бошад арзон мешавад. Ба ин мо дахолат карда наметавонем.
Чорво танҳо бо алаф ва хасу хошок фарбеҳ намешавад. Барои калону фарбеҳ шудани он хӯрокиҳои серғизо зарур аст.
Ҳоло нуқтаҳои емфурӯшӣ дар ҳар як маҳалла ва ё сари роҳҳои калон ба чашм мерасанд. Мудир ва ё соҳибони онҳо ҳамчун тадбиркори якка ба қайд гирифта шудаанд. Мо ба ин гуна нуқтаҳо низ даромадем. Дар ҳама ҷо нарх қариб, ки як хел аст: 1 килограмм кунҷола 3000-3100 сӯм, як кг. шулха – 2400 сӯм, халтаи сабӯс (24-25 кг.) – 48-50 ҳазор сӯм, як кг. ҷав – 2500-2800 сӯм, дони ҷуворимакка – 4000-4500 сӯм, банд-пресси коҳ – 9 ҳазор сӯм, беда-пресс – 20000 сӯм...
МУШКИЛОТИ ПЕШРАВИИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ
Муаммои хӯрока садди пешравии кори хоҷагиҳои чорводорӣ мегардад. Ҳамаи онҳо дар ин бобат мушкилӣ мекашанд. Хоҷагии фермерии «Меҳроҷ» яке аз онҳост.
Барои 35 сар моли калон ва қариб 50 сар бузу гӯсфанд ҳамагӣ 2 гектар замини кишти зироати чорво дорад.
Роҳбари хоҷагии «Меҳроҷ» Ҳамза Салоев мегӯяд:
– Агар як навбастро поидан хоҳед, онро камаш чил рӯз хӯронидан даркор. Агар вазни зиндаи он 240-250 кило бошад, дар давоми 40 рӯз бояд гӯшти тозааш 250-300 кило шавад, яъне, агар 250 кило гӯшт дошта бошад, дар 40 рӯз бояд 500-килоӣ шавад. Чӣ хел? Баъзе навосҳои парвоӣ хароби қадашон дароз мешавад. Дар як рӯз се маротиба хӯрок медиҳед. Ҳеҷ набошад, рӯзе 2,5-3-килоӣ кунҷола медиҳед. Рӯзе агар 9 кило хӯрад, дар 10 рӯз 90 кило мешавад. Дар як моҳ, ба ғайр аз хасу хошок, 360 килоро ташкил мекунад. Кунҷоларо бо бедаву коҳ омехта карда диҳем, ба куштан тайёр мешавад. Агар мувофиқи вақту реҷа нағз нигоҳубин накунед, вай камтар гӯшт медиҳад. Мол касал бошад ҳам, фарбеҳ намешавад. Баъзе молҳоро ду моҳ мепоед, вале гуфтагӣ барин вазн намедиҳад. Молҳои маҳаллӣ кам вазн мегиранд. Ҳозир молҳоро аз Ҳуландия ё Олмон оварда поида истодаанд. Онҳо зуд вазн мегиранд. Лекин ман онҳоро аз таҷриба гузаронида надидаам. Барои дар оғил нигоҳ доштан шароит ва хӯрока намерасад. Хасу хошоки ғундоштаи мо ба се моҳ мерасад. Маҷбурем ба чарогоҳ барорем. Барои як гов агар камаш 20 хол замин бошад, тамоми сол аз оғил набароварда поидан мумкин. Пештар барои як гов 3 гектар замин ҷудо карда мешуд. Ҳоло ин гапҳо нест. Дар оянда моли майда гирифта, поидан мехоҳам. Ташвишаш камтар аст.
Мо бо сарвари хоҷагии фермерии «Азимов Азим» Азимҷон Азимов ба воситаи телефон гуфтугӯ кардем. Вай дар давоми суҳбат, аз ҷумла чунин изҳор кард:
– Барои зиёд кардани гӯшт ва арзон намудани нархи он емро арзон кардан даркор. Аз ҳамин сабаб, яъне гаронии нархи ем молпоӣ душвор шуда дар халқ мол намондааст.
Дар бозор ҳам мол қимат. Барои поида фарбеҳ кардан, агар ба 12 миллион сӯм навос харед, он 200 кило гӯшт мекунад ва аллакай ҳар килои гӯшт 60-ҳазорсӯмӣ мешавад.
Мо ҳозир ба парвариши 70 сар моли калон машғулем. Вале масоҳати замини хӯроки чорво маҳдуд аст. Дар айни ҳол 8,5 гектар замини кишт дорем. Молҳои мо ҳама зоти маҳаллӣ. Барои аз хориҷа овардан имкон надорем. Ҳуҷҷатбозӣ, бюрократия авҷ гирифтааст. Минбаъд бо ҳар сар чорво субсид медиҳанд. Вале як ё ду миллион сӯм чӣ мешавад?
Барои арзон кардани нархи гӯшт ман бизнес-план сохта, ба ҳокимият муроҷиат кардам, ки аз дохили бозор ҷой диҳанд. Вале меъморҳо омада, ба плани генералӣ рост намеояд гуфта, таклифи маро рад карданд. Ман дар он ҷо 35-40 хели маҳсулоти гӯштӣ (ба ғайр аз гӯшти хук)-ро ба харидорон пешниҳод карданӣ будам. Ман мисли қассобҳо не, балки ба болои нархи асосӣ аз 3 фоиз то 5 фоиз нархи иловагӣ мемондам. Афсӯс, ки ҳамаи ин реҷаҳои ман дар рӯйи коғаз монданд.
Аз рӯйи маълумоти роҳбари шуъбаи омори ноҳияи Самарқанд Азимҷон Шарифов саҳми ноҳия бобати бо гӯшти моҳӣ таъмин кардани вилоят калон аст. Моҳиву мурғпарварӣ дар ноҳия ривоҷ меёбад.
Мувофиқи маълумоти ин идора саршумори молҳои калони шохдор дар нимсолаи аввал 45213 сарро ташкил карда, суръати афзоиши он 101,6 фоиз буд. Қисми асосии ин молҳо, яъне беш аз 40 ҳазор сар ба хоҷагиҳои ёрирасони деҳқонӣ тааллуқ доранд. Бузу гӯсфанд 104784 сар буда, 104,8 фоиз афзоиш ёфтааст. 101501 сари онҳо дар ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони деҳқонӣ аст.
Бо вуҷуди афзоиши саршумори чорво коркарди маҳсулоти он паст. Дар ин давра дар ноҳия 8072 тонна (бо вазни зинда) гӯшт истеҳсол шудааст, ки ин 65,3 фоизро ташкил мекунад.
ПОЙГОҲИ ХӮРОКАИ ЧОРВО
Захираи хӯроки чорво чист? Ин ҳаҷм ва сохтори хӯрокиҳо барои инкишофи соҳаи чорводорӣ ва таъминоти пурраи он аст. Он бояд хушсифат ва арзон бошад.
Ташкили пойгоҳи мустаҳками хӯроки чорво шарти асосии ривоҷи соҳаи чорводорӣ ба шумор меравад. Он ба зиёдшавии саршумори чорво, баландшавии ҳосилнокии он, беҳтаршавии сифати маҳсулот ва пастшавии нарх мусоидат мекунад. Исбот шудааст, ки меъёри маҳсулнокии чорво 50-80 фоиз ба озуқа вобастагӣ дорад. Он дар баробари ин, бояд аз моддаҳои ғизонок сафеда, протеин, витаминҳо, микроэлементҳо ғанӣ бошад.
Хасбеда – онро дер ё барвақт дараванд ҳам, ғизонокии худро ба қадри 30-50 фоиз гум мекунад. Нағз хушк накунанд ҳам, таъсири бад дорад. Бинобар ҳамин, дар ҳисоби вазн бисёр бошад ҳам, дар ғизонокӣ паст аст.
Дар хӯрокаи чорво картошка зиёд, вале баъди ҷӯшонидан дар таркиби он сафеда ва минералҳо кам мегардад. Картошкаи бисёр вазни молро аз ҳисоби равған зиёд мекунад.
Лаблабуи хӯроки чорворо ҳам кам мекоранд. Вале аз ҳар гектари он 1000-1300 сентнерӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Ҳосилнокӣ аз лаблабуи хӯроки чорво дида, дар лаблабуи қанд бештар аст. Он аз ҷиҳати ғизонокӣ нисбати лаблабуи хӯроки чорво ду баробар беҳтар мебошад.
Кишти карам, каду, табачкаи хӯроки чорво ҳам кам аст ва ё умуман фаромӯш шудааст. Ҳосилнокии карами чорво 800-1000 сентнерӣ, термис (люпин) – 800-1000 сентнерӣ, чойҷувории қанд ва амарант – 2000-2500 сентнерӣ мебошад.
Аз маҳсулоти ғалладона ҳам хӯроки ширадор тайёр кардан мумкин аст.
ТАКОНИ ТОЗА
Қарори Президент аз 29 январи соли 2020 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба дастгирии давлатии соҳаи чорводорӣ» бо мақсади босуръат инкишоф додани соҳаи чорводорӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавӣ ва инноватсионӣ, зиёд кардани ҳаҷм ва вусъат додани хелҳои истеҳсоли маҳсулот, инчунин мунтазам таъмин кардани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва нархи дастрас қабул карда шуд. Дар он масъалаҳои ривоҷдиҳии ин соҳа, аз ҷумла, дар амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ, беҳтар намудани зоти чорво, роҳандозии корҳои наслгирӣ, инкишоф додани соҳаи парвариши тухмии хӯроки чорво, истифодаи босамари замини кишти хӯроки чорво, дар асоси реҷа ташкил кардани тамоми соҳаҳои чорводорӣ, дуруст пеш бурдани корҳои селексионӣ таъкид гардидааст. Дар қарор инчунин аз ҳисоби хазинаи давлатии дастгирии тадбиркорӣ ҷудо кардани ҷубронпулӣ зикр гардидааст.
Дар он масъалаҳои вобаста ба саршумори чорвои хушзот ва наслгирӣ мавқеи муҳим доранд. Қарори Президент махсус ба таъмини ему хошоки чорво дахл дорад. Бояд он зироати хӯроки чорворо кишт кунем, ки каллорияш зиёд бошад. Ҳоло харид (воридот)-и молҳои зотиву сермаҳсулро зиёд кардаем. Акнун бояд захираи хӯрокии молҳоро мустаҳкам намоем.
Барои арзон кардани нархи гӯшт давлат ғамхорӣ мекунад. Ба дашту биёбон ва кӯҳҳо хати об кашидан, масоҳати кишти зироати хӯроки чорворо васеъ кардан, растаниҳои хӯроквории интенсивиро коридан ба мақсад мувофиқ аст. Умуман, дар ин соҳа масъалаҳо суст бошад ҳам, ҳаллу фасл мешаванд.
Бахтиёри ҶУМЪА, нависанда.
САМАРҚАНД.