Ҳеҷ як ном, худ аз худ, тасодуфан пайдо намешавад.
Дар ҳар як номи ҷуғрофӣ воқеоти таърихӣ, мавқеъи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, урфу одат, хусусиятҳои забонии мардуми таҳҷоӣ инъикос меёбад. Ин ҳама чун арзишҳои миллӣ оинаи таърих ва мулки забонанд. Касе ба таҳрифи номҳои таърихӣ ҳуқуқ надорад. Ин ҳама арзишҳо мулки давлат ва дар айни ҳол дар ҳифзи давлатанд.
Ҳар як фарди ҷомеа зодаи маҳал ва ё манзилест, ки дар он муҳит чун шахсият ташаккул меёбад. Аз обу ҳавои он баҳраманд мегардад. Ва то зиндааст, қатъи назар аз манзалату мартаба, бо гузаштаву имрӯзи зодгоҳи хеш ифтихор дорад. Дар ҳар гуна лаҳзаҳои хушу нохуш, гуворою ногувори деҳ шарик аст.
Имрӯз дар доманакӯҳҳои қисми шимолии қаторкӯҳҳои Нурато деҳаҳои Порашт, Асраф, Ҳоят, Ӯхм, Андагин, Моҷарм, Синтаб, Соб, Симбулоқ, Сойкалон ва Сойхурд арзи вуҷуд доранд. Ин номҳо номҳои таърихии ин деҳот мебошанд. Ва мардум ҳамеша бо ҳамин номҳо аз зодгоҳи худ ёдовар мешаванд. Дар ҳамаи ин деҳот тоҷикон умр ба сар мебаранд, омӯзиш ба забони модарӣ сурат мегирад. Аз поён, яъне қисми шимолии ин деҳот роҳи мумфарши Фориш – Нурато гузаштааст, ки деҳоти номбурдаро ба марказҳои ноҳиявӣ ва саросари кишвар мепайвандад. Дар даромадгоҳҳои ҳар деҳа нишонаи номгӯйи деҳа гузошта шудааст: «Эски Фориш», «Ӯхум», «Можарум», «Сентоп», «Симбулоқ», «Каттасой», «Кичиксой». Ин ҷо аз номҳои таърихӣ нишоне нест. Дар нишонаҳои сари роҳ номҳо бо шакли вайрон ва ё тарҷумаи онҳо сабт гардидаанд.
Ин ҷо камина танҳо доири номи се деҳаи охир андешаронӣ менамоям. Зеро худ зодаи деҳаи Сойхурд ҳастам. Ин се деҳаро дар маҷмӯъ Эҷ меномидаанд. Хуб ёд дорам, дар нишастҳои мӯйсафедон ва борҳо аз падарам шунидаам, ки мегуфтанд:
– Ба Туркон рафта омадам.
Зери мафҳуми “Туркон” деҳаҳои туркнишинро мадди назар доштаанд. Савдогарони турк, ки ба деҳоти тоҷикнишини Зиҳноку ... Моҳчаровут, Қалъаву Пири турк меомаданд, «Эҷга бордим» ва ё «Эҷга келдим» мегуфтаанд. Номҳои Сойкалону Сойхурд солҳои 40-50-уми асри гузашта пайдо шудаанд. Дар гузашта ин деҳот аз маҳаллаву гузарҳо ва деҳаҳои ба ҳам наздик иборат буданд, ки ҳар яке номи таърихии худро дорад. Солҳои 30-50-уми асри гузашта ба таври оммавӣ аҳолии деҳоти мазкур ихтиёрӣ, ихтиёрӣ-маҷбурӣ ба заминҳои бекорхобидаи Сирдарё, Каттақӯрғон, Ургут ва дигар маконҳо кӯч бастаанд. Имрӯз бошад, аксарияти ҷавонон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.
Деҳаи Сойкалони имрӯза аз гузарҳои зер таркиб ёфтааст: Қазоқхуфтӣ, Пиритурк, Тепилелок, Куҳи Сафед, Доничак, Дари Феҷак, Шахи Хӯҷаалӣ, (Хӯҷалик – номи нави он – Ӯ. Р.), Гӯри Сӯфӣ, Гаргинон, Сугурнахона, Дари Пушох, Бажғандаровул, гузари Худоёр, Болои Боғҳо, Дараи Эрич, Авға ва Қалъа.
Деҳаи Сойхурд бошад, дар заминаи деҳаҳои қадимаи бузургу хурди Зиҳнок, Сариоб, Дари Уштурӣ, Миёни Донич (Касканд), Чишми Сурх, Соягӣ, Баландӣ, Моҳчаровут пайдо шудааст. Ҳар як бошандаи деҳаҳо бо гузаштаи пуршараф ва ёдгориҳои таърихии зодгоҳ ифтихор дорад. Маҳалла, гузару деҳоти номбаршударо дар якҷоягӣ «Эҷ» мегуфтаанд. Имрӯз истилоҳи Эҷро асосан ба Сойкалон нисбат медиҳанд.
Дар нишонаҳои сарироҳӣ номи деҳаҳо дар тарҷума ва ё шакли вайрон сабт ёфтаанд: «Кичиксой», «Каттасой», «Сентоп» ва ғайра. Дар шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон зодгоҳи онҳо бо номҳои гуногун сабт ёфтааст: «Каттасой», «Каттаиж», «Каттаэж» ва ҳоказо. Имрӯз Симбулоқ, Сойкалон ва Сойхурд дар як маҳалла гирд омадаанд. Мегӯянд, ки ба талошу дархостҳои раиси маҳалла нигоҳ накарда, маҳалларо бо номи “Каттасой” номгузорӣ кардаанд. Гӯё ин ҳама кам буд, чанде пеш дар болои Тепи Лелок ашхосе аз маркази ноҳия омада, нишонеро бо номи “Лайлактепа” гузоштаанд. Дар деҳоти Эҷ бо ин ном ягон манзил арзи вуҷуд надорад. Тепи Лелок ёдгории таърихӣ аст, ки Роҳи бузурги абрешим аз ин ҷо гузаштааст, он манзили истироҳати тоҷирон будааст. Ин гуна теппаҳо дар ҷое, ки об (чашма) ҳаст, бо қувваи даст бунёд ёфтаанд. Зиёданд чунин теппаҳои хокӣ дар кишвар.
Ба кӯчаҳои деҳот номгузорӣ намуда, рақами ҳавлиҳоро бо номи кӯча рӯйи тунука сабт намудаанд: “Кичиксой гузари”, “Каттасой гузари” ва ҳоказо. Пас аз як сол нишонаҳои нав оварданд, ки истилоҳи “гузар” ба “қишлоқ”иваз шудааст, яъне “Кичиксой қишлоғи”, “Каттасой қишлоғи” ва ҳоказо.
Аввали моҳи феврали соли равон дар толори мактаби рақами 43-юм ҷамъомади сайёри аҳолӣ бо намояндагони сектори дуюм баргузор гардид. Ин мушкил рӯйи кор омад. Касе ҷавоби дақиқ надод.
Таҳрифи таърих ҳодисаи нав нест. Дар харитаи Ӯзбекистони даврони шӯравӣ деҳаи бузурги Миёни Доничро “Кескен” сабт намуда буданд. Ҳол он ки ин деҳа дар гузашта “Касканд” ё “Касканда” ном доштааст. Касеро пӯшида нест, вожаҳои “кат”, “кад”,”канд”, “кент”, “метан” ба маънои хона, маҳал, деҳа истеъмол мешаванд, дар охири калима омада, исми макон месозанд. Ин тарзи номгузорӣ анъанаи қадимаи аҷдодист ва аз таърихи қадимаи маҳал шаҳодат медиҳад. Чунончӣ дар Сойхурд: Мулкатӣ, Касканд ё Касканда, Пашметан. Суоле пайдо мешавад: мақсад аз ин сохтакориҳо чист? Оё номҳои хос низ тарҷума мешаванд?
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои
вилояти НАВОӢ.