ОЁ РОҲИ СӮХ – РИШТОН КУШОДА МЕШАВАД?

Дар бораи он ки оё роҳи Сӯх – Риштон кушода мешавад ё не, дар миёни мардуми ноҳияи Сӯх сару садоҳо хеле зиёданд.

Хусусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин масъала ҳамеша таҳти баррасӣ қарор гирифтааст. Равуои мусофирон ва нақлиёт аз тариқи ин роҳ, ки хоҷагии Бургандии вилояти Боткенти Қирғизистонро бурида мегузарад, аз соли 2013 ба ин сӯ баста аст. Дар айни ҳол сокинони ноҳияи Сӯх, деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдони ноҳияи Фарғона ба воситаи як посгоҳи сарҳадиву гумрукӣ ба маркази вилоят рафтуомад мекунанд. 
Чаро дар муроҷиатҳои худ сокинони ноҳияи Сӯх ҳамеша кушодани роҳи Сӯх – Риштонро талаб мекунанд? Ба ин суолҳо сӯхиён беш аз панҷ сол боз посух пайдо намекунанд. Дар як нома ба унвони идораи «Овози тоҷик» Раҳимбердӣ Тошматов ва Олимҷон Олимов аз ин ноҳия навиштаанд: «Президенти мамлакат барои рушди ноҳияи Сӯх ҳамеша таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад. Девони Вазирони ҷумҳурӣ бо як қарор аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ривоҷ додани ноҳияи Сӯхро дар меҳвари асосӣ қарор додааст, ки мардуми моро хеле мамнун намуд. Бар ин асос дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд, ҳаёт фаровон мешавад ва сатҳи зиндагии мардум боло меравад». 
Дар нома ҳамчунин омадааст, ки масъалаи равуои мусофирон, ҳаракати нақлиёти сабук ва боркашон аз тариқи роҳи Сӯх – Қадамҷо дар айни ҳол ба бумбасти ҷиддӣ рӯ ба рӯст. Ба навиштаи муаллифон яке аз саволҳои беҷавоб ба таъхир афтодани кушодашавии роҳи Сӯх – Риштон ва беҷавоб мондани номаҳои мардум дар ин бора мебошад.
 Идораи рӯзнома ин номаро ба унвони Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ирсол намуд, то ки ҷавоби расмӣ ба даст ояд. Дар ҷавоби Департаменти ахбору таҳлилии Девони Вазирон роҷеъ ба масъалаҳои ривоҷи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо чунин омадааст: «Аз рӯи муроҷиати бошандагони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар бораи ҳалли мушкилоти марзҳои давлатӣ, ҳамчунин кушодани роҳи автомобилгарди Сӯх – Риштон, ки аз қисматҳои муаммоомези Ӯзбекистону Қирғизистон ба шумор меравад, тибқи тартиби пешбинишуда зимни гуфтушунидҳои ҳайатҳои байнидавлатӣ баррасӣ мегардад. Барои ҳамин ин масъаларо вакилони комиссияи ҳудудии вилояти Фарғона ба мардум бояд фаҳмонанд ва мардум донанд, ки ин масъала дар сатҳи байнидавлатӣ ҳаллу фасл мегардад».
 Бале, ин масъалаи хеле нозук, вале дар айни ҳол ҳаллаш ногузир аст, чунки одамони зиёд аз он азият мекашанд. Мо хостем, ки  бевосита ба таҳқиқи ин мавзӯъ пардозем. Зимни сафарҳои зиёд ба ноҳияи Сӯх низ дидаам, ки мусофирони зиёди сӯхӣ ва шоҳимардониву ёрдонӣ рӯзмарра сарҳадҳоро гузашта, худро ба маркази вилоят мерасонанд. Дар аснои он баъзан лозим омадааст, ки соатҳо мунтазири навбат истанд. 
Қобили ёдоварист, ки соли 2000-ум байни Ӯзбекистону Қирғизистон низоми раводид (виза) ҷорӣ гардид ва ин иқдом равуои бе ин ҳам мушкили мардуми минтақаи мазкурро беш аз пеш мушкилтар сохт. Он солҳо ашхосе, ки берун аз қаламрави ноҳияи Сӯх сабти ном шуда буд, ба сафорати Қирғизистон мерафт ва танҳо бо ба даст овардани раводид метавонист ба назди падару модар ва ақрабои худ рафта ояд. Хушбахтона, соли 2009 низоми раводид барои ду моҳ аз байн бардошта шуд. Бо вуҷуди ин як қатор мушкилот ҳанӯз боқӣ мондааст, ки боиси азияту  норозигии мусофирон мешаванд. 
Таҳқиқи мавзӯъ мусаллам сохт, ки  сӯхиён баъзан роҳи яксоатаи байни ноҳияву маркази вилоятро аз тариқи хоки Қирғизистон дар 5-6 соат  ва ҳатто бештар аз он тай мекунанд. Дар байни равуокунандагон пиронсолон ва занони ҳомила низ кам нестанд. Рӯзҳои бориши барфу борон ва офтоби сӯзон ҳама маҷбуранд навбат поянд. Агар ҳамон рӯз теъдоди мусофирон зиёд бошад, лозим меояд, ки то убури марз дупо истодаву хаставу абгор соатҳо вақти худро беҳуда гузаронанд.
Мушкилоти дигаре, ки ба азияти сӯхиён азият зам намудааст, гирифтани маълумотнома мебошад. Агар зану шавҳар кӯдакони хурдсол дошта бошанд, бояд аз шуъбаи Муҳоҷират ва расмикунонии шаҳрвандии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сӯх маълумотномаи суратдор гиранд. Дар акси ҳол марзбонон ба кӯдаконашон иҷозаи убури марзро намедиҳанд. Дар ин ҷо шаҳодатномаи таваллуд қобили эътироф намебошад. Барои ҳамин аксари сокинони ноҳияи Сӯх барои кӯдакони худ шиносномаи шаҳрвандӣ гирифтаанд. 
– На ҳама имкону шароити молии гирифтани шиносномаҳо барои фарзандони хурдсолашон дорад. Ман коргари оддӣ ҳастам ва маоши ночиз мегирам. Кирои мошин низ баланд аст, — мегӯяд сокини ин ноҳия Шаҳрихон Собитова. 
Дарвоқеъ, дар навбат истодани мошинҳои боркаш, ки маводи мавриди ниёзи ин мардумро интиқол медиҳанд, як мавзӯи алоҳида мебошад. Зеро бори ҳар як мошине, ки ба Сӯху Шоҳимардон ё Фарғона меравад, дар посгоҳи Водил фароварда шуда, мавриди назорати дақиқи гумрукчиёнамон қарор мегирад. Пас, барои убури марз барои як мошини боркаш вақти зиёд лозим мешавад. 
– Ҳафтае як маротиба  бо мошини «Isuzu» аз шаҳрҳои Фарғона, Қӯқанд ва Тошканд ба Сӯх бор мекашонам. Ҳамеша ходимони гумрук бори мошинамро мефароранд ва таҳқиқ мекунанд, ки ба Сӯх чӣ мебарам, — мегӯяд яке аз ронандаҳои сӯхӣ. 
Дар роҳи Қадамҷо – Сӯх мошинҳо бояд масофаи севуним-чор километр роҳи ҳалқаи пурпечутоб ва ноҳамвору хатарнокро тай кунанд. Қаблан ин роҳ барои мошинҳои боркашони ду тараф муқаррар шуда буд. Аммо мақомоти ноҳияи Қадамҷо аз ронандагони мошинҳои сабук низ тақозо намудаанд, ки маҳз аз ин роҳ ҳаракат кунанд. Борҳо зери мошинҳои сабук ба сангу чуқуриҳои роҳ бархӯрдаву соҳибонашро ба харҷи молӣ мувоҷеҳ кардааст. Хусусан, дар аснои барфу борон кас намедонад, ки куҷояш ҳамвор асту куҷои роҳ ковокиҳои чуқур дорад.
– Аъзои Комиссияи байниҳукуматии ду ҷумҳурӣ чанд маротиба паси мизи музокира менишинанд. Мешунавем, ки ҳамаи масъалаҳои дахлдори сарҳади миёни ду кишвар ва мушкилоту муаммоҳо баррасӣ мегарданд. Аммо чаро азияти мардуми Сӯх идома мекунад? – мегӯяд корманди ҳокимияти ноҳияи Сӯх Камолиддин Азизов.
– Масофаи умумии байни Сӯх – Риштон дар ҳудуди 40 км аст, аммо моро лозим меояд, ки зимистону тобистон 100 километр масофаро тай кунем. Баъзан ағбаи Ҳайдарконро дар маҳалли Сӯх – Қадамҷо барфи баланд мепӯшонад ва ҳаракати нақлиёт тамоман ғайриимкон мегардад. Мо наметавонем беморҳоямонро тез ба беморхонаи вилоят расонем, – мегӯяд бо эҳсоси норизоӣ собиқадори меҳнат Ёқубҷон Зарипов.
Ногуфта намонад, ки то бастани посгоҳҳои «Қайтмас», «Газпром», «Ҳафкент», «Қувасой» рафтуомади мардуми вилоятҳои Фарғона ва Боткент аз панҷ посгоҳ сурат мегирифт. Аммо ин посгоҳҳо бо сабабҳои номаълум то ҳол бастаанд ва мусофирон танҳо аз як посгоҳи Қадамҷо – Водил даро-баро мекунанд.
 Ин ҷо боз як масъалаи дигар рӯи кор омадааст. Шахсоне, ки дар Сӯх зодаву парварда шудаанд, вале шаҳрванди ИДМ ва ё дигар кишварҳои хориҷӣ мебошанд, иҷозаи вуруд ба зодгоҳ, аёдати падару модар ва пайвандони худро надоранд. Инҳо бояд ба Бишкек рафта, аз Кумитаи сарҳадбонии Қирғизистон барои гузаштан аз посгоҳи «Чечме» рухсатномаи хос гиранд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: