ОЁ ҲАВОИ ТОЗА ЗАРАР ДОРАД?

Ба ин савол олимон ҷавоб додаанд

Муайян шудааст, ки ифлоскунандаҳои ҳаво қисме аз партави хуршедро нигоҳ медоранд.
Олимон муайян кардаанд, ки оё ҳавои бисёр тоза ба одам зараре мерасонад.
Дар ин бора рӯзномаи Daily Mail хабар медиҳад.
Гурӯҳи коршиносон аз Норвегия, Бритониё, ИМА ва Олмон изҳор доштаанд, ки ифлоскунандаҳои ҳаво қисме аз партави зарарноки хуршедро нигоҳ медоранд. Бартараф кардани ин партавҳо таъсири гармхонаӣ ба вуҷуд меорад, яъне атмосфера энергияи гармиро фурӯ мебараду ҳарорати он то 0,5-1,1 дараҷа баланд мешавад.
Ин метавонад якбора ҳолатҳои фавқулодда, хушкшавӣ ва обхезиро зиёд гардонад, мегӯянд олимон. Пештар хабар дода шуд, ки Швейтсария ҳавои худро барои дигар кишварҳои хориҷ ба фурӯш баровард.
Корчаллонҳои зирак пешниҳод доранд, ҳавои шаҳрҳои саноатиро ба ин тариқ тоза кунанд.
«Мо панир ва шоколади Швейтсарияро аллакай ба дигар мамолики ҷаҳон мефурӯшем. Пас, чаро ҳавои тозаро интиқол надиҳем? Ин боду ҳавои беҳтарин дар ҷаҳон аст», — мегӯянд  ин соҳибкорон. 

КӢ ХУШБАХТТАР: 
МАРДОНИ ЗАНДОР Ё БЕЗАН?

Олимони канадаӣ дар пайи баргузории таҳқиқоте муайян карданд, ки кӣ хушбахттар аст, мардони зандор ё безан? Дар ин таҳқиқот беш аз 400 ҳазор мардони бритонӣ ширкат кардаанд.
Мардоне, ки хонадор ҳастанд ё ҳамроҳи ҷуфти худ ба сар мебаранд, дар қиёс бо мардони танҳо хушбахттаранд, навиштаанд олимони канадаӣ.
Гузориши илмӣ дар нашрияи Journal of Happiness Studies мунташир шудааст.
Коршиносон вазъи равонию маънавии беш аз 380 ҳазор мардони бритониро, ки дар бораи зиндагии худ нақл кардаанд, мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Тибқи хулосаи омӯзишҳо мардони зандор аз ҳаёти худ розӣ ҳастанду худро хушбахт эҳсос мекунанд. Мардони танҳо бошанд аз зиндагӣ камтар розӣ ҳастанд. Пештар равоншиносон иллати танҳоии хушрӯйҳоро тавзеҳ дода буданд. Равоншиносон мегӯянд, зебоии духтарон дар бисёре аз маворид бахткушо нест. Ӯ мегӯяд, ки бонувон ва мардони хушчеҳра бо ду роҳ мераванд, ки саранҷом онҳоро ба танҳоӣ мебарад.
Ин гуна касон ё шефтаи худ ҳастанд ва шариконашонро зуд-зуд иваз мекунанд, ё чун ҳама камбудии назарногири шариконашонро бузург вонамуд мекунанд. Ё ин ки баръакс, ба худ баҳои паст медиҳанд.
Ин равоншиносон мегӯянд, ки бисёре аз ҷавонону миёнсолон аз ошноӣ бо зеборӯйҳо ҳарос доранд. 

Таҳияи 
Қ. МЕҲРОВАР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: