12 сентябри соли 2023 Фармони Президент «Дар бораи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» таҳти рақами ФП-158 имзо гардид.
Дар мақсади садуми ин фармон, ки «Мустаҳкам намудани муҳити ягонагии байни миллатҳо дар ҷамъият ва ривоҷдиҳии робитаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ» унвон дорад, иҷрои якчанд чорабинии муҳим то соли 2030 муқаррар гардидааст. Яке аз ин ташаббусҳо ба таври иловагӣ дар шаш забон – қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ гузаронидани озмуни «Китобхони ҷавон» мебошад.
Маҳз дар ҳамин рӯз Қарори Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои татбиқи босифат ва саривақтии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар соли 2023» низ қабул шуд.
Дар мақсади садуми иловаи 5 а қарор ҳам нишондиҳандаҳои мақсаднок оид ба пайваста давом додани сиёсат дар асоси тамоюли «давлати бехатар ва сулҳпарвар»-и Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки барои солҳои 2023-2024 пешбинӣ шудааст, масъалаи озмун ба миён гузошта шудааст.
21 феврали соли 2024 Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» имзо шуд. Дар фармони мазкур байни донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ташкили озмуни «Лигаи донишҷӯёни ҷавони китобхон» ва ба таври иловагӣ бо забонҳои қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ гузаронидани он муқаррар гардидааст.
Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсия ҳамчун иҷрокунандаи асосӣ ва Агентии кор бо ҷавонон чун ёвар таъин гардида, муддати ташкил ва баргузории озмун моҳи апрели соли 2024 муайян шудааст. Саволе ба миён меояд: оё озмуни «Лигаи донишҷӯёни ҷавони китобхон» гузаронида шуд? Агар баргузор гардид, он дар байни донишҷӯёне, ки бо забонҳои қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ таҳсил мегиранд, чӣ хел сурат гирифт? Барои дарёфти ҷавоби саволҳо ба масъули асосии озмун – Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсия муроҷиат кардем.
– Солҳои охир таъмини ҳамҷиҳатии миллӣ, фарохдилӣ, мустаҳкамсозии робитаҳои дӯстона бо давлатҳо ба яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат табдил ёфт, – гуфт сарвари шуъбаи Маркази афзунсозии фаъолии иҷтимоии донишҷӯ ва таҳсилгирандагони назди вазорат, дотсент Мафтуна Ғаффорова. – Аз ин рӯ, ҳоло ба масъалаи ташаккули эҳсоси оилаи бузурги сермиллат дар шуури ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои милливу башарӣ, густариши ҳамкориҳои фарҳангию маърифатӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ эътибор дода мешавад. Маҳз бо мақсади мустаҳкам намудани муҳити ягонагии байни миллатҳо дар ҷамъият фармоиши вазири таълими олӣ, фан ва инноватсия аз 18 марти соли 2024 «Дар бораи ташкили озмуни «Лигаи донишҷӯёни ҷавони китобхон» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ» имзо гардид ва дар асоси он низоми озмун тасдиқ карда шуд. Тибқи низом дар анҷоми соли таҳсили 2023-2024 байни донишҷӯён озмун доир гардид.
Бояд гуфт, ки дар Барномаи давлатӣ ба таври иловагӣ бо 6 забон – қароқалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ гузаронидани озмун муқаррар гардидааст. Азбаски соли аввал буд, мо озмунро танҳо дар чанд забон ташкил карда тавонистем. Ният дорем, ки дар соли таҳсили 2024-2025 доираи корҳои «Лигаи донишҷӯёни ҷавони китобхон»-ро васеъ намуда, озмунро дар байни донишҷӯёни гурӯҳҳое, ки дар боргоҳҳои таълими олӣ бо забонҳои фавқуззикр мехонанд, ташкил намоем. Барои ин аллакай корҳои амалиро бобати таҳияи рӯйхати адабиётҳои озмун, дастрас намудани онҳо ба муассисаҳои таълими олӣ сар кардем. Умед дорем, ки бо ин ба мақсади пешгузоштаи худ – баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавию маърифатии байни донишҷӯён, афзунсозии дониш, салоҳияти интеллектуалии онҳо, таҳкими фикрронии мустақилона, ташаккули таълиму тарбия, рушди минбаъдаи равобити дӯстӣ дар байни донишҷӯён ноил мегардем.
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ОЗМУН
Озмуни «Лигаи донишҷӯёни ҷавони китобхон» дар байни ҷамоаҳо, ки аз шаш нафар донишҷӯёни курси якуми факултаҳо таркиб меёбанд, дар асоси ду шарт – «Асари дӯстдоштаи ман» ва «Китобхони заковатманд» (30 савол оид ба ҳаёт ва эҷодиёти ҷадидон) гузаронида мешавад.
Ба ҳар як узви дастае, ки дар озмун ҷойҳои якум, дувум ва сеюмро мегиранд, аз ҳисоби хазинаи ҳавасмандгардонии донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, мутаносибан ба андозаи се, ду ва як баробари миқдори базавии стипендия мукофотпулӣ, инчунин, диплом ва ифтихорнома тақдим мегардад.
Фаридун ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».