ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар шаҳри Қаршӣ зинаи ниҳоии озмуни фаннии «Олимпиадаи ҳокими вилоят» ҷамъбаст гардид.

«Озмуни ҳокими вилоят» байни донишомӯзони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Қашқадарё эълом гардида, се зинаро фаро мегирад. Зинаи мактабӣ ва ноҳиявию шаҳрии он қаблан баргузор гашта буд. Ғолибони давраи дуюм дар зинаи вилоятӣ ширкат варзида, барои ҷойҳои 1, 2, 3-юм вориди сабқат гаштанд. Онҳо аз фанҳои  риёзиёт, физика, биология, кимиё, технологияи ахбор ва информатика, таърих, забон ва адабиёти ӯзбекӣ ва забонҳои хориҷӣ дониши худро санҷиданд. 
Дар байни донишомӯзони синфи 11-и мактабҳои миёнаи шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё хонандагони дабистонҳои ноҳияи Қамашӣ пешсаф буда, чаҳор нафар аз онҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юми озмун гаштанд. Хонандагони мактабҳои ноҳияи Чироқчӣ ва Муборак дар ҷойи дуюми раддабандӣ қарор дошта, аз ҳар ноҳия сенафарӣ ғолиб омаданд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: