ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ШУД

Алҳол соҳибкорӣ ва тиҷорати хурду миёна ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас доранд. Фаъолияти Иттиҳоди занону духтарони соҳибкори Ӯзбекистон «Тадбиркор аёл» ба рушди тадбиркорӣ дар байни бонувон нигаронида шудааст.

Дар мамлакат ба масъалаи барои бо фаъолияти судманд машғул шудани занону духтарон шароит фароҳам овардан, сафи онҳоро зиёд кардан эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Дар вилояти Сирдарё низ сафи бонувоне, ки бо соҳибкорӣ машғуланд, рӯз аз рӯз меафзояд. Алалхусус дар деҳот, ки аксарияти занону духтаронаш аз бекорӣ азият мекашанд, бо шартҳои имтиёзнок фароҳам овардани шароити шуғл бо тадбиркорӣ айни муддаост.
Дирӯз дар толори Маркази маънавияти вилоят озмун-намоиши маҳсулоти истеҳсоли занону духтарони соҳибкори вилоят таҳти унвони «Анор – 2018» баргузор гардид. Дар озмун аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ғолибони озмуни зинаҳои ноҳиявӣ бо номгӯйи маҳсулоти худ ширкат варзиданд.
Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон Туйғуной Ҳайитбоева аз ноҳияи Гулистон, Зумрад Раҷабова аз ноҳияи Сирдарё, Насиба Тайлоқова  аз ноҳияи Оқолтин ва Дилрабо Миссирова аз шаҳри Гулистон, ки дар соҳаҳои гуногуни тадбиркорӣ машғуланд, ғолибони озмуни вилоятӣ эътироф шуданд ва ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Тӯхтамиш БОҚИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: